Тағйироти нави кадрӣ: Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин шуд

Хабари хуб 10.04.2019 15:10

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати кишвар Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин шуд.

Нозирӣ Хусрав аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Қодирӣ Ардашер ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Бақозода Сайрам муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашер муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ҳокимшоҳ  Директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Назирмадзода Бахтиёр муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97