Толибон аз тӯёнаи духтарон дар Ҷузҷон боҷ мегиранд

Хабари хуб 06.04.2019 14:25

Вулусвол (раиси вулусволӣ) ва шуморе аз бошандагони вулусволии (ноҳияи) Хумоби Ҷузҷон мегӯянд, гурӯҳи толибон бо вазъи як муқаррароти тоза аз тӯёнаи духтарон ин вулсволӣ ба зӯр ҳақ ме‎гиранд.

Ба гуфтаи онҳо, тӯёнаи ҳар духтар дар ин вулсволӣ аз 500 ҳазор то 800 ҳазор афғонӣ аст, ки аз ин маблағ танҳо 100 ҳазори он ба хонаводаи духтар пардохт ме‎шавад ва боқи‎мондаи онро толибон ме‎гиранд.

Гул‎чеҳра, зани 48 сола‎, кибатозагӣазвулусволи Хумоб бо шуморе аз духтарони ҷавони наздикони худ ба шаҳри Шибирғон фирор карда мегӯяд, толибон ҳудуди 90 дарсади тӯёнаи духтарон Хум‎обиро ба зӯр аз хонаводаҳоя‎шон ме‎гиранд.

Ба гуфтаи Гул‎чеҳра, касоне ‎ки аз тӯёнаи духтарона‎шонбаингурӯҳпулнадиҳанд дар маҳзари ом шаллоқ зада мешаванд. Ин зан ме‎гӯяд, дар ҳоли ҳозир шуморе аз хонаводҳ‎ҳое, кидухтарони ҷавон доранд аз Хум‎об ба шаҳри Шибирғон ва Мазори шариф фирор кардаанд.

Шуморе дигар аз бошандагони Хум‎об, ки аз тарси толибон намехоҳанд ном‎ҳояшон фош шавад ме‎гӯянд, толибон дар ин вулусволӣ ҳар рӯз бо баровардани муқаррароти тоза, ба баҳона‎ҳоиг уногун аз мардум пул ме‎гиранд.

Аҳмад, вулусволи Хум‎об боҷ‎ гирифтани толибон аз тӯёнаи духтарони ин вулусволиро таъйид ме‎кунад ва ме‎гӯяд, ки бештар писарони ҷавон ба баҳонаи кор кардан дар ҷойҳои дигар ин вулусволиро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид яке аз сухангӯёни гурӯҳи толибон, бо фиристодани паёме ин гуфта‎ҳоимасъулони маҳаллӣ ва бошандагони вулусволи Хум‎обро рад ме‎кунад.

 Аммо Фаридун Аниқ, сухангӯи волии Ҷузҷон, бо таъйиди гуфтҳаҳои бошандагони Хум‎об аз роҳ‎андозии амалиёте ба ҳадафи саркӯбии гурӯҳи толибон дар ояндаи наздик дар ин вулусволӣ хабар медиҳад.

 Зимнан, вулусволи Хумоб аз чанд моҳ ба ин ‎су дар ихтиёри гурӯҳи толибон қарор дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97