Садама чаҳор нафарро қурбон кард

Хабари хуб 17.09.2009 15:28

Бар асари садама, ки шаби 15 сентябр дар роҳи мошингарди Душанбе-Данғара иттифоқ уфтодааст, чаҳор низомии Русия, аз ҷумла як афсари баландрутба - сарҳанг (подполковник) Павел Кулаковский, ҷон додааанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, чаҳор низомиии дигари рус ва ронандаи микроавтобуси роҳсозони чинӣ дар асари бархӯрди КАМАЗ ва микроавтобус ва сарозер шудани онҳо аз баландӣ ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористони марказии шаҳри Норак интиқол дода шудаанд.

Пизишкон вазъи саломати онҳоро вахим арзёбӣ кардаанд.

Сухангӯйи вазорати дохилаи Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев гуфтааст, садама ба далели риоят нашудани қоидаи роҳ аз сӯйи ронандаи микроавтобуси марбут ба ширкати сохтмонии "Чайна роуд" рух додааст.

Ин микроавтобус дар натиҷа бо мошини борбари марбут ба низомиёни рус бархӯрд кардааст. Бархе манобеъ мегӯянд, ки мошини борбар ҳомили низомиёни рус ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон таъаллуқ дошта ва афроди кушташуда ва захмӣ кормандони Дидбонгоҳи фазоии "Окно", воқеъ дар минтақаи Норак, будаанд.

Гуфта мешавад мошини борбари КАМАЗ равонаи пойгоҳи низомии мавсум ба "Момирак" барои ширкат дар тамриноти ситоди Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи минтақаи Осиёи Марказӣ будааст, ки бояд рӯзҳои 17 то 25 сентябри соли ҷорӣ баргузор шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97