Порлумони Аврупо истифодаи зарфҳои пластикиро манъ кард

Хабари хуб 28.03.2019 17:45

Порлумони Аврупо лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он сар аз соли 2021 дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти пластикии якбормасраф манъ мешавад. Дар ин бора сомонаи порлумони Аврупо хабар дод.

Ба иттилои Комисияи Аврупо, 85 дарсади партови уқёнусҳо аз пластик иборат аст. Нисфе аз ин маҳсулоти пластик якбормасраф аст.

Бино бар қонуни қабулшуда, то соли 2029 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд ҷамъоварии 90 дарсадии зарфҳои пластикӣ барои коркарди дубора таъмин шавад. Ба ҷуз ин, бар асоси қонун, усули "зарарасон пардохт мекунад" тақвият дода мешавад. Ҳамакнун барои гум кардани шасту турҳои моҳигирӣ на моҳигирон, балки истеҳсолгарони шасту турҳо ҷарима хоҳанд шуд.

Фаронса нахустин кишварест, ки ҳанӯз дар соли 2016 зарфҳои пластикиро манъ кардааст. Баҳори соли гузашта Комисияи Аврупо манъи истифодаи зарфҳои пластикиро пешниҳод кард.

Ба иттилои мутаххасисон, дар соли 2012 ҳаҷми партови пластикӣ дар уқёнусҳо тақрибан 165 миллион тонаро ташкил медод. Дар соли 2014 ба 268 ҳазору 940 тона расид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97