Ҷоизаи ҷаҳонии фаъоли ҳуқуқи башар насиби як бонуи хабарнигор аз Афғонистон шуд

Хабари хуб 28.03.2019 15:59

Шакило Иброҳимхел, хабарнигори варзида ва пурталоши Афғонистон Ҷоизаи ҷаҳонии фаъоли ҳуқуқи башарро дарёфт кард.

Ба гузориши телевизиони “Тулӯъ нюз”, бону Иброҳимхел, ки акнун бо бахши дарии радиои Дейчи велии Олмон кор мекунад, аз баҳри талошҳояш ҷоизаи фаъоли ҳуқуқи башарро аз як ҷашнвораи филм дар Ҳоланд дар ҳамоҳангӣ бо созмони Афви байналмилалӣ дарёфт кардааст.

 Мустанади «Рӯёрӯӣ бо аждаҳо» , ки тавассути Садиқа Муҷаддадӣ сохта шудааст, фаъолияти душвори Нилуфар Иброҳимӣ, намояндаи Маҷлиси намояндагон ва Шакило Иброҳимхелро ба унвони як хабарнигори зан дар ҷомеъаи мардсолор ва дар ҳоли ҷанги Афғонистон ба тасвир мекашад.

 Ин филм яке аз ҳашт мустанаде аст, ки дар бахши «Фаъолон»- и ҷашнвораи «Филмҳое, ки аҳамият доранд» номзад буд ва саранҷом ҷоиза гирифт.

Пеш аз ин Шакило Иброҳимхел хабарнигори “Тулӯъ нюз” будааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97