Шоҳҷоизаи наврӯзиро Темур Раҳимов гирифт

Хабари хуб 22.03.2019 06:48

Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки рӯзи 20-уми март дар шаҳри Норак баргузор шуд, дар вазни мутлақ ғолиб омад ва шоҳҷоиза (автомобил) – ро азони худ кард.

Дар ин мусобиқа гуштигирон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо рақобат карданд.

Барои Шоҳҷоиза паҳлавонон дар вазни мутлақ мубориза бурданд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Темур Раҳимов ба Фурқат Назриев пирӯз омад ва соҳиби шоҳҷоиза шуд.

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 8-10-уми марти имсол дар Марокаш баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило барои барои ҷойи севум ба Владут Симионеску аз Руминия пирӯз шуд.

Ғолибони мусобиқаи паҳлавонии Наврӯзӣ дар Норак дар вазнҳои дигар низ бо ҷоизаҳои кумитаи тадорукот сарфароз шуданд. 24-уми март дар шаҳри Душанбе боз як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ доир мегардад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97