Таниш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон поён наёфт

Хабари хуб 14.03.2019 18:50

Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамроҳи Сооронбой Жеенбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон телефонӣ суҳбат доштанд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни суҳбат раҳбарони ҳар ду кишвар,бо таваҷҷуҳ ба таниши шоми 13 марти соли ҷорӣ дар марзи миёни ду кишвармасъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Гуфта мешавад, раҳбарони ҳарду кишвар ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти низоъ, ки чанд кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он мувофиқа кардаанд.

Сооронбой Жеенбеков, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба хонаводава наздикони Ҳусей Ҳакимов, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз суи як сокини назди марзии Қирғизистон кушта шудааст, иброз дошт.

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон дар ин низоъ боз як нафар ҷавони тоҷик аз захми тир кушта шудааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97