Лимити интиқоли неруи барқ то ҷашни Наврӯз идома мекунад

Хабари хуб 14.03.2019 13:46

Дар ҳоли ҳозир муваққатан маҳдуд кардани интиқоли неруи барқ дар бархе манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла маҳаллоти атрофи шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад.

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” иллати онро ба иҷрои корҳои техникӣ рабт медиҳанд.

Тавре Нозирҷон Ёдгорӣ сардори маркази матбуъоти ширкати «Барқи тоҷик» дар суҳбат бо  хабарнигори «Ховар» иброз намудааст, маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо,  инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода мебошад.

Ёдгорӣ афзуд: “корҳои таъмирию профилактикӣ ҳамасола гузаронида мешаванд. Зеро таҷҳизоти энергетикӣ дар мавсими душвори зимистон бе таваққуф фаъолият карданд. Бояд таҷҳизоти энергетикӣ барои фаъолияти минбаъдаи бехатар  аз таъмири профилактикӣ гузаронида шаванд. Мутахассисони соҳаи барқ кӯшиш доранд, ки таҷҳизоти энергетикиро дар муҳлати муайяншуда таъмир намоянд. Маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад”.

Ба  гуфтаи ин масъули неруи барқ, шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба воситаи сомона, радио ва шабакаҳои телевизионӣ  ҳамарӯза сокинонро аз қатъи неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни пойтахт огоҳ мекунанд.

Тибқи иттилои шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, имрӯз, 14 март аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои  Бухоро, Рӯдакӣ, Пушкин, Ҳомид Маҳмуд, маҳаллаҳои Харангон, Навобод, Ҷангалак, Дуғоба, Деҳнаваки боло ва поён, Бакавули ноҳияи Сомонӣ ва  кӯчаҳои  Пайрав Сулаймонӣ, Юсуф Вафо, Қаҳҳории ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97