Забон бояд форси тоҷикӣ унвон шавад

Хабари хуб 10.09.2009 15:22

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагони кишвар пешниҳод кардааст, ки ба ҳангоми баррасии тарҳи ҷадиди қонуни забон бар умумияти тоҷикию форсӣ дар матни дебоча ё яке аз маводди қонун таъкид шавад.

Дар ин нома омадааст: "Дар тамоми сарчашмаҳо забони коргузорӣ ва илмии миллати тоҷикро то табаддулоти комунистии солҳои 20-уми асри гузашта ё ба истилоҳ инқилоби Октябр форсӣ мегуфтанд". Ин ҳизб меафзояд: "Агар мо хешро меросбари фарҳанги бою пурғановати гузаштагонамон медонем ва ба он эҳтиром мегузорем, бидуни қайди қонунии ин масъала ҳаққи маънавии истифодаи онро аз даст медиҳем."

Дар пешниҳоди ин ҳизб, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии муттакӣ бар ақоиди мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, таъкид шуда, ки дар ғайри ин сурат "даъвои он ки Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ, Маснавии маънавии Мавлонои Рум ва дигар навиштаҳои саромадони фарҳангу адаби форсӣ низ моли мост, бепоя хоҳад монд."

Баҳсҳо бар сари номи забони расмӣ дар Тоҷикистон аз авохири даҳаи 1980 то ба ҳол гарм будааст.

Дар моҳи июли соли 1989, ба ҳангоми тасвиби Қонуни феълии забон дар Шӯрои Олии Тоҷикистон номи забони давлатӣ дар Тоҷикистон дар пайи дархостҳои мукаррари фарҳангиёну рӯшанфикрон "тоҷикӣ" ва дар қавсайн "форсӣ", яъне ба гунаи "тоҷикӣ (форсӣ)" сабт шуда буд.

Аммо дар соли 1994 порлумони Тоҷикистон зимни ислоҳи Қонуни забон вожаи форсиро аз матни қонун барандохт. Баъзеҳо муътақиданд ин иқдом, ки мавриди накӯҳиши бисёре аз фарҳангиёну рӯшанфикрон қарор гирифт, таҳти фишори авомили хориҷӣ, бавижа Русия, сурат гирифтааст.

Тарафдорони зикри номи "форсӣ" дар қонуни забон бар ин боваранд, ки ин ном иртиботи тоҷикон бо мероси фарҳангии гузаштаро, онгуна ки мақомот ҳамвора бар ифтихор дар мавриди онҳо таъкид мекунанд, ба таври мушаххас ва рӯшан мунъакис хоҳад кард.

Ба назар мерасад, ки акнун, дар остонаи тасвиби тарҳи қонуне ҷадид дар бораи забон, мубоҳисот бар сари номи забони расмии Тоҷикистон доғтар шудааст.

Қарор аст тарҳи ҷадиди қонуни забон, ки давлати Тоҷикистон таҳия карда ва барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон ироа кардааст, дар ояндаи наздик мавриди баррасии порлумон қарор бигирад.

Ин тарҳ ҳудуди як моҳ пеш ба баҳсҳо ва нигарониҳои мухталифе дар расонаҳои Русия дар мавриди эҳтимоли камранг шудани мавқеъи забони русӣ дар Тоҷикистон доман зада буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97