Таъмини барқ дар зимистон маҳдуд намешавад

Хабари хуб 10.09.2009 15:22

Мақомҳои вазорати энергетика ва саноат итминон доранд, ки имсол вазъи таъмини барқ барои сокинон беҳтар мешавад.

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон пешниҳоде ба давлат ироа кардааст, ки тибқи он дар фасли сармои оянда интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон шабонарӯзӣ сурат хоҳад гирифт ва маҳдудияте дар ин замина эъмол нахоҳад шуд.

Масъулони ин вазоратхона бар ин назаранд, ки дар соли ҷорӣ системи энержии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба фаровонии захоири об дар нерӯгоҳҳо аз шароити беҳтари таъмини нерӯи барқ барои сокинон бархурдор аст.

Абдулло Қурбонов, раиси бахши сиёсати энержии Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар тарҳи пешниҳодии ин ниҳод ба ҳукумати кишвар, ду шеваи интиқоли нерӯи барқ ба манозили мардум дар фасли сармои оянда пешбинӣ шудааст.

Шеваи аввал ин амрро дар мадди назар дорад, ки куллияи масрафкунандаҳо ба сурати шабонарӯзӣ аз шароити истифода аз нерӯи барқ бархурдор хоҳанд буд. Дар ин шароит камбуди нерӯи барқ дар тӯли ин муддат ҳудуди як миллиарду 500 млн. киловат соат пешбинӣ мешавад.

Абдулло Қурбонов мегӯяд, ки қарор аст аз ин миқдор як миллиарду дусад млн киловат соат нерӯи барқ аз Туркманистон харидорӣ шавад ва мавзӯи ҷуброни сесад млн киловат соати дигар ҳанӯз рӯшан нашудааст.

Шеваи дигари таъмини барқ ин аст, ки танҳо шаҳрҳо ва марказҳои навоҳии кишвар ба сурати шабонарӯзӣ аз нерӯи барқ бархурдор хоҳанд шуд. Аммо сокинони рустоҳо дар ин шароит дар шабонарӯз танҳо 10 соат метавонанд аз барқ истифода кунанд.

Сармуҳандиси “Барқи тоҷик”Рашид Гулов гуфтааст, «Танҳо дар аввали моҳи оянда метавон дақиқан гуфт, ки таъмини нерӯи барқ барои сокинон ба чи наҳвае сурат хоҳад гирифт.»

Абдулло Қурбонов мегӯяд, ки бо дарназардошти харидории барқ аз Туркманистон камбуди барқ дар Тоҷикистон ҷиддан эҳсос нахоҳад шуд. Вай афзудааст, ки ҳоло масъулони давлати Тоҷикистон ин ду пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97