Ҷудокори тоҷик дар Гран-прии Марокаш медали биринҷӣ ба даст овард

Хабари хуб 12.03.2019 09:19

Темур Раҳимов паҳлавони тоҷик дар Гран-прии Марокаш дар риштаи ҷудо дар вазни беш аз 100 кило сазовори медали биринҷӣ шуд.

Бар асоси иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа аз 8 то 10 марти соли ҷорӣ дар Марокаш баргузор шуда, дар он 440 варзишгар бо шумули 3 паҳлавони тоҷикистонӣ ширкат пазируфтанд.

Ин манбаъ меафзояд, ки Темур Раҳимов қувваозмоиро аз даври дуввум шуруъ карда, бар варзишгари Нидерландия Ҷур Спикерс ғалаба кард. Аммо дар даври сеюм аз паҳлавони Олмон Свен Ҳенлӣ, ки ғолиби вазни +100 кило гардид, шикаст хӯрд.

Темур Раҳимов баъдан дар қувваозмоии дигар бар намояндаи Тунис Файсал Ҷаббуллоҳ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Руминия Владут Симионеску пирӯз гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки ду варзишгари дигари тоҷик Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни то 73 кило ва Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97