CERN бо донишманди “зидди зан” ҳамкориро қатъ кард

Хабари хуб 09.03.2019 11:29

Созмон аврупойи пажӯҳишҳои ҳастаӣ (CERN) эълом карда, ки дигар бо яке аз донишмандони ин марказ ҳамкорӣ намекунад, чаро, ки ӯ гуфта мӯътақид аст занон камтар аз мардон дар илми физика тавоноӣ доранд.  

 CERN, ки бузургтарин озмоишгоҳи физикаи зарраии ҷаҳон аст, тасмим гирифта, ки дигар ҳамкорӣ бо профессор Алессандро Астромияро ба унвони устоди меҳмон дар ин марказ тамдид накунад.  

 Аввалин бор Би –би - си изҳороти профессор Астромияро, ки дар ҷараёни як семинари баробарии ҷинсиятӣ дар ин маркази пажӯҳишӣ баргузор шуда буд, мунташир кард.  

CERN пас аз таҳқиқоте дар бора ин сӯҳбатҳо, тасмим ба қатъи ҳамкорӣ бо профессор Алессандро Астромияро гирифт.  

 Ин профессор ба Би –би -си гуфта, ки ҳанӯз ҳам ба ҳарфҳое, ки дар бораи тавонойи занон дар илми физика гуфта, эътиқод дорад.  

 Ӯ ба Би-би-си гуфт: "бархе аз мардум ҳанӯз аз шунидани гуногунии зеҳнӣ дар миёни мардон нафрат доранд. Ин идея аз Дарвин сарчашма мегирад. Мисли назароти дигаре, ки барои бархе тавҳиномез аст, аммо мабнои таҷрибӣ доранд.  

Ӯ ҳамчунин гуфт: "равиши илмӣ коре ба ин надорад, ки ба чолиш кашидани боварҳои муқаддаси мо қарор аст боъиси озурдагии хотирмон шавад ё на”.

Ӯ дар сентябри гузашта дар ҷараёни семинаре дар CERN гуфт: "физика тавассути мардон ихтироъ ва поягузорӣ шуд”.

 Ин профессор ҳамчунин дар ин семинар тасовиреро нишон дод, ки муборизоти занон барои баробарӣ дар илмро ба истеҳзо мегирифт. Ӯ ҳамчунин натоиҷи як таҳқиқро ироа кард, ки ба гуфтаи ӯ нишон медод корҳои анҷом шуда тавассути физикдонони зан ба хубии (чени) ҳамкорони мардшон нест.  

 Баррасии ӯ фавран ба унвони коре ғайриилмӣ ва нодуруст аз сӯи коршиносон рад шуд.  

Аммо профессор Астромия гуфт агар журналҳои илмӣ иҷозаи интишори таҳқиқашро бидиҳанд, дурустии таҳқиқ ӯ саранҷом собит хоҳад шуд.  

Марказ пажӯҳишии CERN дар баёнияе гуфта, ки тасмимгирӣ дар бораи ин масъала бар мабнои муқаррароти ин марказ анҷом шудааст.  

 CERN ҳамчунин дар ин баёния бар аҳамияти эҳтиром ва пазириши тафовутҳо дар муҳити кор таъкид кардааст.

Профессор Алессандро Астромияро устод донишгоҳ Пиза дар Италия аст ва ба унвони устоди меҳмон дар марказ пажӯҳиши CERN кор мекард

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97