Чаҳор узви Ал-қоидаро Додгоҳи олӣ зиндонӣ кард

Хабари хуб 03.09.2009 15:42

Додгоҳи олии кишвар рӯзи 28 август чаҳор нафар шаҳрванди кишварамонро ба ҷурми узвият дар созмони Ал- қоида муҳокима карда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Аз Додгоҳи олӣ хабар додаанд, ки Мирзовалӣ Холов ва Билоли Мусозода, аввалӣ сокини ноҳияи Вахш ва дувумӣ сокини ноҳияи Ҷиликӯл дар солҳои 1990 ба марзи Афғонистон гузашта, ба созмони Ал-қоида аъзо шудаанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки Мирзовалӣ Холов дар ҷангҳое дар хоки Афғонистон фаъолона ширкат доштааст. Ин манобеъ меафзоянд, ки Билоли Мусозода дар мадрасаи динии Имом Бухории Покистон омӯзиш дида ва дар соли 1998 ба созмони Ал-қоида пайвастааст.

Додгоҳи олии кишвар ин ҳар дуро тибқи моддаи 187-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои таъсиси гурӯҳи ҷинояткор, ба муддати 15 сол ва Носир Ғуломҳайдаров ва Абдусаттор Абдуллоев ду нафари дигарро бо гуноҳи узвият дар ин гуна гурӯҳҳо ба муддати 8 сол ҳукм бар зиндон кардааст.

Дар ҳамин ҳол манобеъи расмӣ иттилоъ медиҳанд, ки ин нафарон дар моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ниҳодҳои амниятии кишвар боздошт шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97