Имсол дар моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистонро дар арафаи идҳои Модарон ва Наврӯз истироҳатҳои доманадор интизор аст.
Дар моҳи март сокинони кишвар истироҳати зиёд хоҳанд кард.
Ба унвони мисол, Рӯзи модарон имсол ба рӯзи ҷумъа рост меафтад, ки мардум се рӯз пай дар пай метавонанд истироҳат кунанд. Инчунин аз 21 то 24 март дар Тоҷикистон иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Иди Наврӯз, ки ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад яке аз қадимтарин ҷашн дар дунё ба шумор меравад ва ба унвони соли нави мардуми эронинажод баршумурда мешавад.
Агар рӯзҳои ид ва истироҳатҳои расмиро дар якҷоягӣ ҳисоб кунем, моҳи март сокинон дар Тоҷикистон 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард:
2, 3, 8, 9, 10, 16, 17, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 30 ва 31 март.
Рӯзҳои истироҳатии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон метавонед тамошо кунед.