Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи апрел дар Тошканд дидор мекунанд

Хабари хуб 20.02.2019 08:49

Бино ба гуфтаи Абдулазиз Комилов вазир умури хориҷаи Узбекистон, дар моҳи апрели соли ҷорӣ дидор ва гуфтугӯи руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд барномарезӣ шудааст.

Аввалин мулоқоти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Остона баргузор гардида буд.

Ташкилкунандагони ин конфронс Вазорати умури хориҷаи Узбакистон ва маркази минтақавии СММ оид ба тадбирҳои дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Комилов қайд кардааст, ки “ҷараёни баҳамоии кишварҳои Осиёи Миёна ба муқобили манфиатҳои касе равона нашудааст”.  Ба ақидаи ӯ, сармоягузорҳо дар ҳамкориҳои минтақавӣ метавонанд Осиёи Миёнаро ба минтақаи рушдкунанда ва шарики боэътимод табдил диҳанд. 

Ба гуфтаи ташкилкунандагон,  дар конфронс 130 коршиноси хориҷӣ аз 36 кишвар ва 9 ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла намояндаи махсуси Аврупо оид ба Осиёи Миёна Питер Буриан, ноиби мудири кулли Созмони умумиҷаҳонии савдо, Алан Вулф ва дигарон иштирок доранд.

Дар рафти конфронс коршиносон вобаста ба амнияти минтақаи Осиёи Миёна, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, савдо, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, гуманитарӣ, об ва экология изҳори ақида мекунанд.

Манбаъ: Спутник

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97