Афзоиши бемории саратони кӯдак дар Тоҷикистон

Хабари хуб 19.02.2019 09:59

Бар асоси гузориши бахши бемориҳои саратони Маркази илмӣ-саратонии Тоҷикистон, дар кишвар беш аз 1000 кӯдаки гирифтори бемории саратон ба сабт гирифта шудааст.

Моҳира Умарова раиси бахши бемориҳои саратони Маркази илмӣ-саратонии Тоҷикистон гуфт, ки ҳамасола 200-250 тан бемор ба бемористони кӯдакони саратони Душанбе муроҷиат мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, афзоиши мубталошавии кӯдакон на танҳо дар Тоҷикистон, балки, дар сартосари ҷаҳон мушоҳида мегардад.

Саратон яке аз бемориҳои аслии марги кӯдакону наврасон дар ҷаҳон ба шумор меравад. Бар асоси додаҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола ҳудуди 300 ҳазор тан кӯдаки то синни 19-сола аз ин беморӣ ҷон медиҳанд.

Ғизоҳои бидуни витаминҳои зарурӣ, тобиши радиактивӣ, вирусҳои гуногун аз омилҳои рушди саратон аст, вале, ирсият ва издивоҷҳои миёни хешовандон сабаби аслии ин беморӣ мебошад.

Ба гуфтаи Умарова, “ҳар савум-чаҳорум кӯдаке, ки бо ин беморӣ ба марказ меояд, аз падару модари ба ҳам хеш ба дунё омадааст. Дар бархе аз кӯдакон беморӣ ҳанӯз дар батни модараш рушд мекунад. Дар мароҳили аввали беморӣ имкони сиҳҳатшавии кӯдак бештар аст, дар марҳилаҳои саввум ва чаҳорум наҷоти кӯдак кӯшиши бисёр мехоҳад. Ҳудуди 90 дарсади кӯдакони бемор дар маркази саратони Душанбе даво меёбанд”.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97