Зарари нӯшиданиҳои энержизо ба дандонҳо

Хабари хуб 16.02.2019 10:14

Як донишомӯз дар Британия ба далели истеъмоли беш аз андозаи нӯшиданиҳои энержизо (энергетические напитки) чаҳор дандони худро аз даст дод ва ба боқимондаи онҳо осеби ҷиддӣ расонд.

Ба гузориши Спутник ба нақл аз  Daily Mail, ин ҷавони 21 сола ҳудуди 45 бутал нӯшидании энержизоро дар як ҳафта менӯшид, ки тақрибан 3 литр дар рӯз мешавад. Ин корашро ниёз ба давоми эҳсоси хуб ва муваффақият дар дарсҳои колеҷ тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи ин рӯзнома, пас аз ҳафт моҳи истифода аз нӯшиданиҳои энержизо, ин донишомӯз ба таври ногаҳонӣ замони хӯрдани себ чаҳор дандони пеши худро аз даст дод.

Замоне ин ҷавони бритониёӣ ба пизишк муроҷиъат кард, дида шуд, ки тамоми дандонҳои вай осеби ҷиддӣ дидааст ва барои боз гардонидани дандонҳояш ин ҷавон, ниёз ба пур кардани 24 дандон ва дандонҳои сохтагӣ дорад.

Ин рӯзнома мегӯяд, ки сабаби аз байн рафтани дандонҳо шакари беш аз ҳадд дар ин нӯшокӣ мебошад. Бинобар ин дар як бутали нимлитраи ин нӯшиданӣ 54 грамм шакар ба кор рафтааст, дар ҳоле ки мизони масрафи шакари як шахс рӯзона 30 грамм аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97