Тими “Истиқлол” барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ширкат мекунад

Хабари хуб 12.02.2019 13:42

Тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе ё ба иборати дигар тими қаҳрамони футболи Тоҷикистон барои аввалин бор дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсиони футболи Осиё  (AFC ) иштирок мекунад.

Имрӯз, яъне 12 феврал футболбозони тоҷикистонӣ дар муқобили дастаи “АГМК”-и Алмалики Узбекистон вориди майдони рақобат  мешаванд.

Ин бозӣ дар дар варзишгоҳи “АГМК”-и шаҳри Алмалиқи Узбекистон баргузор мешавад.

Тибқи низомномаи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, бозиҳои интихобӣ аз як вохӯрӣ иборат буда, дар сурати мусовӣ ҷамъбаст шудани он дар вақти асосӣ доварон ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ таъйин мекунанд. Агар ғолиб дар ин сурат низ муайян нагардад, пас силсилаи зарбаҳои пеналтӣ яке аз дастаҳоро ба даври минбаъда роҳхат хоҳад дод.

Ғолиби бозии байни дастаҳои “АГМК” ва «Истиқлол» 19 феврал бо дастаи «Ан-наср»-и Арабистони Саъудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳӣ ҳамроҳ шудан қувва месанҷад.

Имрӯз дар нишасти пеш аз бозии  масъулони клубҳои футболи “АГМК” ва «Истиқлол» ранги пироҳанҳои бозии дастаҳо муайян карда шуд ва душанбегиҳо бо ранги сурх ба майдон меоянд.

Бино ба гузориши хабаргузории Ховар, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бастагӣ ба вохӯрии байни дастаҳои “АГМК”  ва «Истиқлол» барои мухлисони тоҷик сафари ройгон ташкил кард. Шаби гузашта се автобус ба шаҳри Алмалики Узбекистон, ки аз шаҳри Тошканд дуртар мебошад, роҳ пеш гирифтанд.

Қобили тазаккур аст, ки клубҳои  футболи Узбекистон ва Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти  сатҳи  Осиё ҳанӯз соли 2001  18 сол қабл бо ҳам дидор анҷом дода буданд.  Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқаи Ҷоми КФО дар ду вохӯрӣ бар «Пахтакор»-и Тошканд (2:2, 3:1) пирӯз гардида буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97