Сардабири "Зиндагӣ" даргузашт

Хабари хуб 07.08.2009 14:34

Қурбоналӣ Хуҷамов, аз рӯзноманигорони шинохта ва сардабири ҳафтаномаи мустақили “Зиндагӣ” дар як сонеҳаи роҳ дар ноҳияи Панҷакент фавтидааст.

Дар ин ҳодисаи нохуш, ки дар роҳи миёни деҳаҳои Навобод ва Колхозчиён рӯзи 6 август рух додааст, писараш Ромиш ва бародараш Мирзоалӣ низ ба ҳалокат расидаанд.

Қурбоналӣ Хуҷамов солиёни зиёд дар Кумитаи радио ва телевизион ба симмати сармуҳаррири Идораи барномаҳои хабарии радио ва мудири бахши ахбори телевизион ва муовини раиси телевизиони давлатӣ кор кардааст.

Дар соли 2000 ӯ аз кори телевизион канор рафт ва дар 8 сентябри соли 2004 ҳафтаномаи мустақилле ба номи "Зиндагӣ"-ро таъсис дод.

Идораи нашрияи “Миллат” ин фоҷиаи азимро барои дӯстон ва наздикони марҳум таслият арз медорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97