Сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2018 дар муқоиса бо соли пеш аз он, беш аз ду баробар афзоиш доштааст.
Ба гузориши Ховар, дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз 1 миллиону 155 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз меҳмоннавозии тоҷикон ва манзараҳои нотакрори табиъати кишварамон баҳравар гардидаанд.
Нӯъмон Абуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон раванди афзоиши ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишварро ба сиёсати «дарҳои боз»-и ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани раводиди электронӣ, муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои туристии кишвар, инчунин тавсеъаи муносиботи гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Узбекистон рабт дод.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ афзуд, ки танҳо тайи соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор сайёҳ аз Узбекистон ташриф овардаанд, ки ин раванд баёнгари рушди муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.