Арзиши нируи барқ боз боло рафт

Хабари хуб 06.08.2009 16:19

Давлат аз моҳи август қимати истифода аз нируи барқ дар кишварро 25 дарсад боло бурдааст. Ҳамакнун, соҳибони манзилҳои маскунӣ барои истифода аз нируи барқ ҳудуди 7,5 дирам барои ҳар як киловат соат мепардозанд. Ин дар ҳолест, ки то ҳол сокинони кишвар барои истифода аз як киловат соат нируи барқ 6 дирам пардохт мекарданд.

Ба ин тартиб, арзиши истифода аз барқ барои корхонаҳои саноатӣ, муассисоти давлатӣ, истгоҳҳои обкашӣ ва ғайра мутаносибан 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Амонулло Ашӯр, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, тасмим дар бораи боло бурдани қимати нируи барқ бо тавсияи созмонҳои молии байналмилалӣ гирифта шудааст.

Зимнан, ду сол қабл давлати Тоҷикистон бо созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ аҳд карда буд, ки қимати барқро то соли 2010 ба 2,5 сенти амрикоӣ барои ҳар киловат соат барои соҳибони манзилҳои маскунӣ боло хоҳад бурд. Зеро гуфта мешуд, ки танҳо дар ин сурат созмонҳои молии байналмилалӣ омода ҳастанд ба ҷалби сармояи хориҷӣ дар тарҳҳои энержии давлати Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ки танҳо дар сурати афзоиши баҳои барқ ин ниҳод аз шароити бозпас додани қарзҳое, ки то ҳол барои иҷрои тарҳҳои энержии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, имконпазир хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи афзоиши баҳои барқ дар Тоҷикистон, вазъи иқтисодии бисёре аз хонаводаҳои камбағал дар кишвар боз ҳам душвортар хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97