Элизабет Миллард эътимодномаи худро ба Президент Эмомалӣ Раҳмон 12-уми марти соли 2016 тақдим намуд. Қабл аз ин ӯ дар Вашингтон дар ҳайати Котиби давлатӣ Ҷон Керри фаъолият намудааст. Пештар хонум ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар ш. Остона, Қазоқистон ва сардори Консулгарии генералии ИМА дар ш. Касабланка, Марокаш фаъолият кардааст. Дар Шӯрои амнияти миллӣ дар Қасри Сафед хонум масъули бахши Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, инчунин дар Непал, Ҳиндустон, Дания ва Ҷумҳурии Чех адои вазифа намудааст. Қабл аз шурӯъи фаъолияти дипломатии хеш хонум Миллард дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ вазифаҳои гуногунро ишғол намудааст.
Хонум Миллард фарзанди корманди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, дар мамлакатҳои хориҷӣ ба воя расидааст. Ӯ дар макотиби Дания, Шветсия ва Тунис таҳсил кардааст. Хонум дар Мактаби иқтисодии Лондон таҳсил кард ва Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинсро хатм намудааст. Хонум Миллард ва ҳамсари марҳумаш соҳиби панҷ фарзанд ва шаш набера ҳастанд. Дар вақти фориғ аз кор ӯ бо пухтани хӯрок, машқҳои варзишӣ, мутолиаи китоб ва гӯш кардани мусиқӣ машғул аст.
Имсол аз истиқрори равобити дипломатии Амрико бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ 25 сол мегузарад. Амрико аз нахустин кишварҳои дунё буд, ки истиқлоли ин кишвари собиқи шӯравиро эътироф кард ва дар ҳамаи 5 пойтахти ин минтақа сафорат кушод. Дар 25 соли гузашта Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудудан 1 миллиард доллар ёрӣ расондааст.
Аммо ҳоло бо омадани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико аз ҳамкориҳо бо ин кишвар чиро метавон мунтазир буд? Барои посух ёфтан бо ин суолот дар пойи суҳбати Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон нишастем:
– Ман аз ин ки Амрико бонусафирони худро, ба хусус ба кишварҳои мардсолор мефиристад, хеле хушҳол ҳастам. Зеро бо ин баҳона чашми ҷомеаи суннатгаро ба дидани бонувон дар курсии сафирӣ одат хоҳад кард. Вале оё барои худи Шумо хонуми сафир, дар баробари масъулияти модар будану модарбузург будан, бардоштани бори масъулияти муҳимми давлатӣ мушкил нест?
– Хеле сипосгузор ва хушҳол ҳастам, ки Шумо ба даргоҳи мо ташриф овардед. Нахуст мехостам Шуморо бо рӯзи 8-март, Рӯзи модарон табрик намоям.
Ба ҳайси сафир фаъолият кардан дар Тоҷикистон барои ман ин имконро фароҳам месозад, то ҳаёт ва фаъолияти занонро аз наздик дида ва ба онҳо кумак расонам. Вақте ман ба гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар мекунам ва бо духтарони ҷавон суҳбат мекунам, эҳсос мекунам бо духтарони худ ҳамсуҳбат шудаам. Мо бо онҳо бештар дар бораи маориф ва дониш суҳбат мекунем, чунки маориф ва дониш ба занҳо кумак мекунад, то дар зиндагӣ ба комёбие ноил бишаванд. Бонувон метавонанд чандин вазифаро ҳамзамон иҷро бикунанд, онҳо метавонанд модар, духтар, хоҳар, ҳамсар ва соҳибкасб бошанд. Ман бисёр хушҳолам, ки давлати мо ва сафорати мо ин имконро дорад, то занон ва духтаронро дастгирӣ намояд.
– Аз нигоҳи Шумо зан дар Тоҷикистон дар чӣ ҷойгоҳе қарор дорад?
– Як ҳафта пеш ман ба Қурғонтеппа сафар доштам. Бо занҳое вохӯрдам, ки шавҳарҳояшон дар берун аз Тоҷикистон қарор доранд. Бо як хонуме вохӯрдам, ки шавҳараш дар муҳоҷират ҳаст, вале ӯ худ як гармхонае бо дастгирии оҷонсии ЮСАИД сохтааст. Ҳоло ӯ қудрат дорад, ки даҳ зани дигарро бо кор таъмин кунад. Ӯ ҳоло имконият дорад, ки растаниҳои худро бифурӯшад ва дар оянда метавонад боз занҳои дигарро низ бо кор таъмин намояд. Боз як занеро мешиносам, ки мисли ин зан фаъолият дорад. Нахуст шавҳараш розӣ набудааст, ки ӯ ин корро анҷом бидиҳад, вақте дидааст, ки ҳамсараш суд ба даст оварда аз ин кор ҳоло ҳамроҳи ӯ кор карда истодааст. Одатан 50%-и аҳолиро занҳо ташкил медиҳанд ва агар дар кишвар занҳо бештар дастгирӣ дошта бошанд, рушд беҳтар мешавад. Ин яке аз самтҳое мебошад, ки ман дар фаъолияти кории худ ҳамеша дар он кор мекардам. Проблема на танҳо дар ин кишвар аст. Ман оид ба ин масъала дар Мароко, Ҳиндустон ва Непал низ кор карда будам ва дар оянда низ дар ин самт корро идома хоҳам дод.
– Мехостам дар мавриди занҳои сиёсӣ, дар онҷое, ки тасмим гирифта мешавад ва сарнавишти ҳазорон занро рақам мезананд, дар мавриди вакилбонувон, вазирзанон ва бонувони дипломат назари Шуморо бидонам. Чӣ чеҳрае аз онҳо дар хотири Шумо нақш бастааст?
– Албатта ман бо бисёр занҳои сатҳи мақомоти баланд вохӯрдам, ҳам дар вазоратҳо, ҳам дар ҳукуматҳо ва ҳукуматҳои маҳалӣ. Мутахассисони сатҳи баландро ҳам вохӯрдам. Ман садоқати ин занҳоро барои беҳтар намудани ҳаёт ва зиндагӣ эҳсос кардам. Як масъалае, ки бо онҳо бештар ҳамсуҳбат мешудам, ин масъалаи маориф ва таҳсил буд. Ман фаҳмидам, ки маориф як унсурикалидӣ аст. Як мушкилие, ки мехостам доимо дар бораи он ҳарф бизанам, ин нигаҳ доштани духтарон дар мактабҳо аст, онҳо набояд пас аз хатми синфи 9 мактабро тарк кунанд, балки бояд то синфи 11 таҳсилро идома бидиҳанд то ки ба донишгоҳҳо роҳ пайдо кунанд.
– Ҳоло ин нигаронӣ вуҷуд додар, ки шояд сиёсати Амрико дар мавриди дастгирии занону духтарон тағйир кунад. Мояи нигаронӣ рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрикост, ки дар суханрониҳои пешазинтихоботиаш борҳо мавриди интиқоди матбуот қарор гирифт ва ӯ ҳамчун як шахси занситез муаррифӣ шуд. Шумо дар ин маврид чӣ тавзеҳе доред?
– Ман фикр мекунам, ки ҳоло мо бояд сиёсати гуфтаҳо дар маъракаи пеш аз интихоботиро аз сиёсати ҳозираи ҳукуматамон ҷудо кунем, чунки он чи нисбати Трамп пеш аз интихобот гуфта буданд, онҳоро аз он коре, ки дар оянда ба пеш мебарад ҷудо кардан даркор. Коре, ки ман ин ҷо ба сомон мерасонам, пеш аз ҳама дасгирӣ ва пешбурди фаъолияти занон мебошад.
– Шумо мегӯед, ки маъракаҳои пешазинтихоботиро қотии воқеияти Амрико накунем. Аммо дирӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди тақдими ҷоизаи «Оскар» буд, ки ҷоизаи Беҳтарин филми хориҷӣ ба филми «Фурушанда»-и коргардони иронӣ Асғари Фарҳодӣ ихтисос дода шуд. Ва Фарҳодӣ дар пайи тасмимоти оқои Трамп дар баробари манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, ба хусус 7 кишвари мусалмоннишин, аз ҷумла Эрон дар маросими эътои ҷоизаи Оскар ширкат накард ва дар паёми худ, тавассути як намояндаи хос сиёсати муҳоҷирситезонаи Ҳукумати нави Амрикоро «ғайриинсонӣ» унвон кард. Шумо ба ин чӣ мегӯед?
– Дар мавриди ин масъала дар мамлакати мо ҳам баҳсҳо хеле зиёд ҳастанд. Дар ин баҳсҳо матбуот нақши хеле муҳим дорад. Ва як баҳсе вуҷуд дорад, ки чи тавр мувозинати байни анъанаҳои Амрико нисбат ба муҳоҷирон дасткушод будан ва уҳдадориҳои ҳукумат барои муҳофизати шаҳрвандони худ, аз хатарҳои байналмилалӣ, пайдо намудан.
Ман ба он боварам, ки Шумо албатта дар бораи он қарорҳое, ки дар Амрико барои сафар кардани шаҳрвандони хориҷӣ қабул шудаанд, огаҳ ҳастед. Ин қарорҳое, ки қабул шудаанд, Шумо бояд воқиф бошед, ки аз тарафи додгоҳҳои Амрико барои муддате мавқуф гузошта шудаанд. Ҳоло онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода ва баҳогузорӣ доранд, ки оё инҳо ба Қонуни асосӣ ва дигар қавонини Амрико мувофиқат мекунанд ё на.
– Дар мавриди маҳдудиятҳои муҳоҷирон ба Амрико, оё метавонад ин маҳдудиятҳо дар оянда ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам таҳдид кунад?
– То ҳоло ман ягон бор нашунидам ва ягон нишонае, ки он ба Тоҷикистон таъсир расонадро надидам.
– Амрико як кишвари шахсиятмеҳвар на, балки қонунмеҳвар аст. Аммо аз ин ба баъд чӣ? Ҳоло тариқи расонаҳои хабарӣ дар мавриди «симпатия» надоштани оқои Трам ба матбуот низ хабарҳо нашр мешавад. Ва албатта ин нигарониҳоеро миёни ҷомеаи расонаии кишварҳо, ба хусус дар минтақаи мо ба вуҷуд овардааст. Мояи нигаронӣ ин аст, ки Трамп аслан аз фаъолияти расонаҳо хушаш намеояд ва ба онҳо сари дӯстӣ ҳам надорад?
– Ин бори дигар ба он таъкид мекунад, ки матбуот дар ҷомеъа як нақши бисёр муҳим мебозад, на танҳо дар Амрико, балки дар саросари ҷаҳон, ва ин яке аз сабабҳое, ки мо дар Тоҷикистон ҳастем – дастгирии фаъолияти муҳимми хабарнигорон (ба мисли Шумо). Мо дар Тоҷикистон матбуот ва хабарнигоронро бисёр дастгирӣ мекунем.
– Вале ҳоло сиёсати Трамп чӣ таъсире ба барномаҳои кумакии Шумо барои дастгирии матбуот хоҳад гузошт?
– Пеш аз ҳама мо бояд фаромӯш накунем, ки Ҳукумати нав танҳо як моҳ боз сари қудрат омадааст ва аллакай аз тарафи Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико ба унвони Тоҷикистон нома дарёфт кардем. Онҳо дар номаи худ ду кишвари моро ба 25 солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ табрик кардаанд. Ҳамчунин онҳо садоқат ва боварӣ дар оянда барои дастгирии Тоҷикистон дар бисёр арсаҳоро иброз доштаанд.
– Вале нигаронӣ ва тамаркузи ман рӯйи матбуот буд?
– Аз рӯзе, ки ман инҷо ҳастам, рӯзноманигоронро бисёр дастгирӣ карда истодаем. Як принтери калон барои чопи рӯзномаҳо насб кардаем. Ман дар бораи фишорҳо нисбати хабарнигорон медонам. Дастгирии мо барои хабарнигорон ин аст, ки гуруҳое аз хабарнигоронро ба Амрико ба сафар мефиристем. Дар ин сафарҳо хабарнигорон аз наздик бо ҳамкорони амрикоӣ ва фаъолияти онҳо ошноӣ пайдо мекунанд. Ҳамчунин он хабарнигоронеро, ки мехоҳанд забони англисиро биомӯзанд, дастгирӣ мекунем. Зеро хабарнигор, ки забон донад, дастрасӣ ба хабарҳои байналмилалӣ бештар мешавад. Фишорҳое ҳам, ки нисбат ба хабарнигорон мушоҳида мешавад, мо ин масъаларо дар назди ҳукумат ҳам гузошта будем ва изҳори нигаронии худро баён кардем.
– Хуб, Шумо агар як наққош мебудед, чеҳраи матбуоти тоҷикро чӣ гуна наққошӣ мекардед?
– Шояд як расми зебое мебуд, ба мисли бисёр расмҳои зебое, ки ман дар ин ҷо дидам. Чун бори аввал ман ба инҷо омадам, фикр мекардам, ки ман чи гуна бо мардум тамос барқарор кунам. Натанҳо мардуме, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, балки бо он мардуме, ки дар деҳот ва ноҳияҳо низ зиндагӣ мекунанд.
– Аммо ҳоло аз боби фирори мағзҳои журналистӣ дар матбуот бонги изтироб зада мешавад. Изтиробе, ки тӯли солиёни охир ба гӯш намерасид. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?
– Мумкин Шумо посухи ин саволро аз ман беҳтар медонед . Чунки ман ҳоло шахси нав ҳастам дар инҷо. Вақте ман дар Тоҷикистон бо ҷавонон ҳамсуҳбат мешавам, онҳое, ки мехоҳанд ба Амрико рафта онҷо таҳсил кунанд, ба ҳамаи онҳо мегӯям, ки хеле муҳим аст, Шумо он ҷо таҳсил карда ва бозпас ба ватани худ биёед, зеро онҳо ояндасозони ин давлат ҳастанд.
– Шумо аз сатҳи ҳамкориҳое, ки Амрико тайи 25 сол бо Тоҷикистон дошт, оё қаноатманд ҳастед?
– Ман умедворам, чунки ман як шахси хушбинам. Мо як рамз дорем, шояд Шумо низ бидонед, ин рамз як дарахт аст ва мо тухми онро чанд сол пеш коридем. Гоҳе ниҳолҳо тез рушд меёбанд, гоҳи дигар ба оҳистагӣ. Вале ин ҳаргиз ба он маъно нест, ки мо ба ин кишвар содиқ нестем. Чунки ман аз бисёр чизҳо дар инҷо дар ҳайрат ҳастам. Ман медонам, ки дар инҷо соҳаҳое ҳастанд, ки потенсиали зиёд доранд. Ман қаблан намедонистам, ки чи гуна ин кишвар зебо ҳаст. Барои мисол, соҳаи туризм. Агар дар тӯли даҳ соли оянда дар инҷо бошед, рушди туризмро хоҳед дид. Инчунин дар даҳ соли оянда, мо равобити бештаре миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебинем. Мо ҳоло бо як лоиҳа кор карда истодаем, ки тиҷорат ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро миёни кишварҳои Осиёи Миёна беҳтар кунем.
– Бархе Тоҷикистонро як кишвари камаҳамият медонанд, мегӯянд як кишвари кӯчак аст ва ҳеч аҳамияти вижае надорад, вале ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо далели ҳамсоягӣ бо Чин ва Афғонистон як муҳраи муҳим дар минтақа ҳаст. Тоҷикистон дар нақшаи ҳамкориҳо бо Амрико дар кадом ҷойгоҳ қарор дорад ва ҷойгоҳи Амрико барои Тоҷикистон дар куҷост? Чаро сармоягузории мустақими Амрико дар Тоҷикистон чашмгир нест?
– Мо аллакай дар бораи ин суҳбат кардем, ва ман гуфтам, ки Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ва дар ин минтақа чи қадар муҳим аст ва дар он номае, ки президент Трамп равон карданд, дар онҷо ҳам гуфта шудааст, ки мо ба пешбурди мақсадҳои ягона содиқ ҳастем. Як саволе, ки ҳоло ба миён овардед, ин саволи муҳим аст, яъне сармоягузории Амрико дар Тоҷикистон. Ин суолест, ки ман дар бораи он бисёр фикр мекунам. Ман соҳибкорон ва сармоягузоронеро медонам, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва дар Душанбе Палатаи савдои Амрико фаъолият мекунад. Ман бо сармоягузорони Амрико суҳбат кардам, ва фаҳмидам, ки онҳо мехоҳанд ба ҷойе бираванд, ки дар онҷо онҳоро интизор ҳастанд, ба онҳо хушбин ҳастанд ва бо онҳо бо таври шаффоф ҳамкорӣ мекунанд. Ин яке аз масъалаҳое ҳаст, ки мо дар ин самт бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодаем ва мехоҳем Ҳукумати Тоҷикистон чанд ислоҳотро гузаронад, то фазои сармоягузориро барои сармоягузорони хориҷӣ беҳтар созад. Ман фикр мекунам шароитҳо ва шаффофиятҳо метавонанд беҳтар бошанд. Сармоягузорон онҷое мераванд, ки ҷойи беҳтар бошад. Лекин мо сармоягузории Амрикоро дастгирӣ мекунем ва боварӣ дорем, ки ин сармоягузорӣ дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард.
– Сипос.
– Аз Шумо низ. Бори дигар хуш омадед!
Суҳбати А.Мирзо