Дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин ба муносибати Рӯзи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ин созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатиҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ муаррифӣ шуд.
Дар ин маросим, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 21 июн доир шуд, «Кохи Наврӯз»( http://kokhinavruz.tj) воқеъ дар пойтахти кишвари мо ба ҳайси муъҷизаи муосир муаррифӣ ва дар баробари 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Ҳунари наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва намоиши видеоӣ дар ин маросим рӯнамоӣ шуд.
Маҷмааи «Кохи Наврӯз» бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, бемисол аст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, наздики 40 ҳазор метри муррабаъ маҳсули кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Ҳамчунин толорҳои хурду калон, айвонҳои тобистона, фавораҳои рангоранг ва навои оҳанг ба бино шукӯҳу шаҳомати хос мебахшад. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, нақшчинӣ аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва оинабандӣ оро дода шудаанд.
Тарҳи «8 муъҷизаи СҲШ» бо ҳадафи муаррифии муъҷизаҳои миллии ҳашт кишвари узв, маҳсули эҷоди фарҳангӣ ва сайёҳии мардумони минтақаи СҲШ ба ҷаҳониён рӯи кор омадааст.
Гуфта мешавад, дар назар аст, аз тарҳи «8 муъҷизаи СҲШ» дар кишварҳои узви Созмон ва берун аз он низ рӯнамоӣ шавад.