Аъзои Федератсияи журналистони Афғонистон, теъдоде аз ниҳодҳои расонаӣ ва намояндаҳои расонаҳои ин кишвар тайи нишасти изтирорӣ эъломияи гурӯҳи толибони мусаллаҳ мабнӣ бар инки ҳар расонае бо нашри эълоноти тиҷоратӣ алайҳи ин гурӯҳ ҳадафи ҳамалоти онон қарор хоҳад гирифтро хилофи кор ва амали расонаии ниҳодҳои хабарӣ донистанд.
Фаҳими Даштӣ, масъули Иттиҳодияи журналистони Афғонистон, ба намояндагӣ аз мудирон ва кормандони расонаҳо, ин эъломия толибонро ғайри қобили қабул дониста, афзуд, ки таҳдиди расонаҳо ва озодии баён ба ҳеҷ унвон қобили қабул набуда ва нафси ин эъломия , ҳамла ба озодӣ баён ва расонаҳои кишвар аст, ӯ афзуд:”Чун расонаҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби қавонини кишвар кору фаъолият мекунанд, пас ҳеҷ гурӯҳе ҳаққи таҳдид ва таҳқири расонаҳои кишварро надорад”.
Фарида Некзод, масъули Маркази ҳимоят аз занони журналист дар Афғонистон низ зимни ради ин эъломия мегӯяд, ки коркарди расонаҳо комилан бетарафона буда ва ҳеҷ гурӯҳе наметавонад фаъолияти матбуотро мутаваққиф сохта, ҷилави озодии баён, ки ягона дастоварди ҳукумат дар чанд сол ахир астро бигирад.
Ин дар ҳоле аст, ки толибони мусаллаҳ тайи эъломияе ба рӯзи душанбе 24 июн, ба расонаҳои дохилии Афғонистон ҳушдор додаанд, ки агар ниҳодҳои хабарӣ дар тӯли як ҳафта эълоноти тиҷоратӣ алайҳи ин гурӯҳро мутаваққиф насозанд, ниҳоди марбута, хабарнигорон ва кормандони ҳамон расонаро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор хоҳанд дод.