Эрдуғон: Даъвои исломӣ, орзуи усмонӣ

Сиёсат 20.01.2016 07:01

(Таърихчаи баҳрагирӣ аз туркманҳои Сурия)
sultan

 Суқути ҷангандаи СУ-24 –и русӣ тавассути нируҳои ҳавоии Туркия дар минтақаи марзии Лозиқияи туркманҳо, масъалаи ҳимояти Туркия аз гуруҳҳои қавмии туркман ва баҳрабардорӣ аз ин гуруҳҳоро дар низоъи Сурия бо муаллифаҳои мухталиф бештар сари забонҳо ва ошкор намудааст.

Ба назар мерасад баррасии созукор ва ҷиҳатҳои баҳрабардории Анқара аз ин масъала метавонад ба намунаи муносиб барои шинохти ҳадафҳо ва моҳияти сиёсатҳои давлати Туркия дар қиболи буҳрони Сурия ва Ироқ ва ҳамин тавр ба тамоюле дар сиёсати ин давлат дар бархурд ба буҳронҳои мушобеҳи минтақа табдил шавад.

 Пешинаи таърихии туркманҳои Сурия 

Собиқаи ҳузури туркманҳо дар Сурия ба қарни 11 милодӣ ва ба замони кишваркушоиҳои Салҷуқиён боз мегардад, давроне, ки бархе қабоили чодарнишини туркман Анталия ва Байнанаҳрайн ба Шом ворид шуданд. Дар қарни 12 милодӣ онҳо ба саркардагии Имодиддини Зангӣ силсилаи Оли Зангиро таъсис карданд. Имодиддини Зангӣ туркманҳоро барои рӯёрӯӣ бо салибиҳо дар вилояти Ҳалаб сангар дод. Вай ба подоши хадамоти низомии туркманҳо заминҳоеро ба унвони тивул, яъне озод аз андоз ба онҳо вогузор кард. Дар қарни 13 милодӣ туркманҳо ба бахше аз нируҳои низомӣ дар Димишқ ва Ҳалаб табдил шуданд. Дар ин қарн шуморе аз онҳо дар манотиқи соҳилӣ ва минтақаи Ҷавлон ҷиҳати анҷоми хадамоти низомӣ ва дифоъӣ сокин шуданд. Дар даврони Султон Мамлаук нақши туркманҳо дар нируҳои низомии Сурия афзоиш ёфт. Дар даврони Усмонӣ ҷомеъаи туркманҳо ба сурати худмухтор буданд ва ба таври ирсӣ қудратро дар даст доштанд. Бар асоси асноди мавҷуд аз саршумории соли 1518 милодии Императории Усмонӣ, ҷамъияти шаҳри Ҳалаб, ки бахши умдаи он ҳоло дар хоки Туркия қарор дорад, 54276 нафар буда, ки аз он байн 36217 тани ононро туркманҳо ташкил медоданд. Дар қарни 16-уми милодӣ Усмониҳо ҷамъе аз туркманҳоро дар манотиқи рустоии ҳумаи Ҳумс ва Ҳумо ҷиҳати афзоиши назорат бар бадавиёни араб ва маъмуриятҳои назири молиёт ҷобаҷо карданд.

 Ҷамъияти туркманҳои Сурия

 Бароварди рушан аз шумори туркманҳо дар Сурия вуҷуд надорад. Омори давлатӣ дар ин боб мавҷуд нест. Зеро дар саршумориҳои Сурия хостгоҳи қавмӣ, забонӣ ва мазҳабӣ лиҳоз намешавад. Аммо тахминҳо аз соли 1964 ба ин тараф ҷамъияти туркманҳои Сурияро 30000 нафар дар соли 1965 60000 нафар ва дар соли 1978 94000 нафар ва дар соли 1988 88000 нафар нишон медиҳад. Бар пояи тахминҳо дар соли 1988 ҷамъияти туркманҳои Сурия 2/1 дарсади ҷамъияти ин кишвар будааст. C. H. Bleaney мутахассиси Ховари миёна ба ин бовар аст, ки бархе туркманҳо дар миёни соир сокинон ва ақвоми арабзабон ҳазм шудаанд. Бисёре аз манобеъ ҷамъияти онҳоро дар ҳоли ҳозир миёни ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор то яку ним миллион тахмин мекунанд. Ба тозагӣ Шӯрои миллии туркманҳои Сурия теъдоди ҷамъияти худро севу ним миллион нафар эълон дошта аст.

 Парокандагии ҷуғрофиёии туркманҳои Сурия

 Туркманҳои Сурия дар манотиқи шимолии рудхонаи Фрот, дар наздикии Ҳалаб ва ба сурати пароканда дар манотиқи марказии атрофии Ҳумс ва Ҳумо зиндагӣ мекунанд. Бештари туркманҳо дар навори марзӣ бо Туркия, ба вижа вилоятҳои Ҳалаб ва Лозиқия ба сар мебаранд. Шаҳрҳои Ҳалаб, Манбиҷ, Албоб, Тароблус, Азоз ва Қатма ҷамъиятҳои қобили таваҷҷӯҳи туркман дорад.

 Туркманҳои Сурия ва сиёсати Туркия

 Ҷамъияти туркманҳои Сурияро бо вуҷуди фаъолияти гуруҳҳои туркман таҳти ҳимояти Туркия аз онҳо наметавон нируҳои якдаст муаррифӣ кард. Чунончи бахше аз онҳо бо гуруҳҳои сурӣ алайҳи ДОИШ муттаҳид шудаанд. Иқдоме ки ба ҳич рӯ мақбули Туркия набудааст. Ва фаротар аз ин бархе аз туркманҳои Сурия дар буҳрони ин кишвар мавзеъи бетарафӣ дар пеш гирифтаанд. Аммо воқеъият ин аст, ки бахши умдаи ниманизомиёни туркмани Сурия таҳти фармони Туркия ҳастанд. Ахбори омӯзиш додани шибҳанизомиёни туркман тавассути низомиёни Туркия дар қаламрави Туркия ва ҳам дар дохили Сурия ба сурати расмӣ нашр шудааст. Талошҳои Туркия барои таъсиси артиши воҳиди туркман низ аз мавридҳое аст, ки расонаӣ шудааст. Дар тавофуқоти суратгирифта дар мавриди омӯзиши ҷангҷӯёни миёнарав тавассути ғарбиҳо дар Туркия низ бахши умдае, ки таҳти омӯзиш қарор гирифт, тукманҳо буданд. Дастаҳои низомии онҳо дар Риққа, Ҳумс, атрофи Димишқ, Ҳамо, Тартус фаъолият доранд ва дар бархе манотиқи стратегӣ назири куҳистони туркман дар Лозақия шумори дастаҳои низомии онҳо ба 12 адад мерасад. Номи Султон Абдулҳамид, Нуриддини Зангӣ, Алп Арслон, Султон Салим, Султон Муҳаммад Фотеҳ бар пешонии ин дастаҳои мусаллаҳ нишон аз талоши ошкор барои гиреҳ задани таърихи туркманҳои Сурия бо пешинаи ҳокимияте аст, ки ба гувоҳии таърих туркманҳои Сурия худро бо он яке намедонистаанд ва дар даврони ҳокимияти он низ аз худмухторӣ бархурдор будаанд. Набояд аз хотир бурд, ки давлати Усмонӣ соқиткунандаи давлати Мамлукон дар Миср ва Шом буд, ки ниёкони шуморе аз ҳамин туркманҳо дар хидмати низомии он давлат буданд. Ва даъвоҳои таърихии кунунии зимомдорони Анқара ба ин пешина мутобиқат надорад.

Дар соли 1939 бар асоси ҳамапурсии суратгирифта дар вилояти Искандарун ва тақаллуби Отатурк ин вилоят ба унвони порае аз ҷуғрофиёи таърихии Сурия ба Туркия идғом ё ҳамроҳ шуд ва вилояти Ҳотой ном гирифт, вале Сурия то кунун аз пазириши расмии натиҷаи ин ҳамапурсӣ худдорӣ варзидааст. Акнун гурдонҳои таъсисдодаи Туркия аз ҳисоби туркманҳо дар дохили хоки Сурия бо номи султонҳои Усмонӣ дар баробари нируҳои давлатии Сурия меҷанганд. Падидае, ки иродаи давлати Туркия дар бардоштани гоми фаротар аз он чи Отатурк мудаъии он будро ба намоиш мегузорад. Фаъолияти гурдонҳои туркман дар вилоятҳои марзӣ мисли Лозиқия, ки бо вилояти Ҳотойи Туркия ҳамҷавор аст, муносибтарин роҳи ҳимояти Туркия аз ин гуруҳҳо мебошад. Тавассути назорати ин роҳҳо қочоқи нафт ва икмоли гуруҳҳои мухолифи режими башор Асад сурат мегирад. Ва парвози ҳавопаймоҳои Русия дар ин минтақа косаи сабри Туркияро лабрез кард ва мунҷар ба суқути ҷангандаи русӣ шуд, ки ба танишҳои бесобиқаи Маскав ва Анқара боис шуд.

Баҳрабардориҳои Туркия аз гуруҳҳои туркманҳои Сурия ваҷҳаҳои мухталифе дорад, ки ба сурати хулоса ба бархе аз онҳо ишора мешавад:

 Ваҷҳаи расонаӣ    

Расонаҳои Туркия бо бозтоб додани фаъолиятҳои гуруҳҳои низомии туркманҳои Сурия онҳоро «ҳофизони хоки ёдгори Усмонӣ» мехонанд. Онҳо туркманҳоро бархе аз мероси фарҳангӣ ва таърихии Туркия муаррифӣ мекунанд, ки бо огоҳӣ ба пешинаи ҳуввияти хеш ва ҳимоят аз он ҳадафи ҳамалоти Башор Асад, Ирон, Ҳизбуллоҳ ва ҳамчунин Ҳизби демократии Курдистони Сурия қарор гирифтаанд.

Дар мавриди даргириҳо миёни шибҳанизомиёни туркман ва нируҳои ҳизби демократии Курдистон, ки ҷуъзе аз Ҳизби коргарии Курдистони Туркия аст, хабарҳои зиёде мунташир мешавад ва Туркия ин нируҳои курдро душмани алсии худ дар минтақа мешуморад. Эҷоди минтақаи парвомамнуъ ва таъсиси минтақаи ҳоил ё бетараф дар шимоли Сурия ва дар сурати фароҳам шудани шароит илҳоқи он ба хоки Туркия аз ҳадафҳои аслии Туркия дар ҷараёни буҳрони Сурия будааст. Дар воқеъ, яке аз ҳадафҳои фишори расонаии давлати Туркия мавзуъи пешбурди роҳбурдҳои низомӣ – амниятӣ ва ҷуғрофиёии Туркия дар Сурия ба баҳонаи ҳифозат аз амнияти туркманҳои ин кишвар будааст.

 Ваҷҳаи сиёсӣ

Аз нигоҳи сиёсӣ Туркия дар баҳрабардорӣ аз гуруҳҳои ниманизомии таъсисдодаи туркманҳо ҳадди ақал ду сиёсатро думбол кардааст. Яке таъсиси гуруҳҳо, яъне ниҳодсозӣ ба манзури истифодаи феълии гуруҳҳои туркманҳо барои чоназанӣ дар тасмимгириҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар мавриди Сурия, дигаре ҷудо кардани манотиқи туркманнишини шимоли Сурия аз ин кишвар ва аз сӯи дигар ҷобаҷоии туркманҳо дар мавқеъиятҳои калидӣ ва олӣ дар ташкилоти сиёсии оппозитсиюни Сурия ҷиҳати тазмини нуфузи худ дар сохторҳои давлатии Сурияи оянда мебошад. 

Ташкили Маҷлиси туркманҳои Сурия ба ҳадафи гирдоварии фаъолони туркмани мухолифи давлати Сурия тавассути давлати Туркия дар декабри соли 2012 ба анҷом расид. Дар дуввумин гирдиҳамоии Маҷлиси туркманҳои Сурия дар 30-юми марти соли 2013, ки бо ҳузури раиси ҷумҳури Туркия Раҷб Тайиб Эрдуғон, сарвазири феълӣ Аҳмад Довудуғлу баргузор шуд, Блоки туркманҳои Сурия ва Ҳаракати демократии туркманҳои Сурия дар қолаби Маҷлиси туркманҳои Сурия бо ҳадафи мушорикати муассири туркманҳо дар ҳайати мухолифони давлати он кишвар ба ҳамдигар муттаҳид шуданд…

Аз сӯи дигар, ҳадаф аз бахше ниҳодсозиҳои дигар дар қолаби ташкилоти туркманҳои Сурия маътуф ба таҷзияи сарзамини ин кишвар мебошад. Чанде ба ин ҷониб, бархе аз расонаҳои Туркия аз вилоёти Ҳалаб ва Идлиб ва шимоли Лозиқия ба манзалаи вилояти ҳаштодудувуми Туркия ном мебаранд.

 Фарҷом

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки иддаоҳои навусмонигароёнаи Анқара дар бархе маврид аз гузаштагони Усмонии худ ҳам пешӣ мегиранд. Аз ҷумла ин ки давлати Усмонӣ муддаъии ҳокимият бар куллияи туркзабонони минтақа набуд. Ва даргириҳои он бо султонҳои туркзабони мамлуки Миср ва Шом, ки саранҷом ба суқути давлати мамолик мунҷар шуд, яке аз марҳилаҳои муҳимми таърихи такопӯи Усмонӣ аст. Пас аз суқути мамолик, дар манотиқи таҳти султаи Усмонӣ, масалан дар Ҳалаб дар наздикии маркази хилофат туркманҳои Шом тан ба итоъати Усмонӣ доданд, аммо ҳамчунин дар вазъияти худмухторӣ ба сар мебурданд. Ҳар рӯз бештар аз рӯзи пеш маълум мешавад, Анқара чунон рафтор мекунад, ки аз худ вориси Усмониро ба намоиш мегузорад. 

Зиёни касон аз пайи суди хеш, 

Биёранду дин андар оранд пеш.

                                            Саъдӣ

 

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97