ДОИШ тифли номашруъи Амрико

Сиёсат 13.08.2015 12:22

doish kerek

 

Иқрор ба нақши Амрико дар шаклгирии ДОИШ

Михаил Филин,мудири пешини ожонси иттилооти дифоии Амрико (DIA) гуфтааст, ки пайдоиши гуруҳи террористии ДОИШ дар Сурия ҳосили "тасмими худсарона"-и Вашингтон буд.

     Таҳқиқоти  дохилӣ, ки тавассути  "DIA" сурат гирифт, нишон медиҳад, ки иқдомоти Ғарб, кишварҳои араби ҷануби халиҷи Форс ва Туркия дар Сурия мумкин аст ба пайдоиши гуруҳҳои террористие монанди ДОИШ боис шуда бошад.

Михаил Филин рӯзи 7 август зимни таъйиди натоиҷи ин таҳқиқот  онро боаҳамият арзёбӣ кард. Вай бо ишора ба аҳамияти ёфтаҳо ва таҳқиқоти ожонси иттилооти дифоии Амрико афзуд, ки ДОИШ ҳосили тасмимҳои худсаронаи Амрико аст.

Дар воқеъ ин чандумин бор аст, ки як мақоми баландпояи  Амрико ба нақши ин кишвар дар шаклгирии ДОИШ иқрор мекунад. Бо ин ҳол Вашингтон, ки худ нақши муҳимме дар шаклгирӣ ва густариши ДОИШ дошта, акнун бо таваҷҷуҳ ба тағйири авзоъ ва шароит равияи дигаре  дар пеш гирифта ва дам аз мубориза бо ин гуруҳи террористӣ мезанад. Ҳарчанд Амрико пас аз густариши доманаи амалиёти ДОИШ ба Ироқ ва тасарруфи бахшҳое аз чанд вилояти ин кишвар бо ҳамроҳии муттаҳидони худ  эътилофи байналмиллалии зидди ДОИШ-ро эҷод кард, бо ин ҳол амалкарди Вашингтон нишон медиҳад, ки Амрико садоқате дар бораи мубориза бо ДОИШ надорад.

Дар воқеъ эътилофи зидди ДОИШ-ро кишварҳое ба вуҷуд овардаанд, ки худ омили асосии шаклгирӣ ва густариши доманаи амалиёти ДОИШ будаанд ва имрӯз ба далели ин ки ДОИШ бархе хатҳои сурхи онҳоро зери по гузошта муддаии мубориза бо он ҳастанд.

Асосан нокомии Амрико ва муттаҳидонаш дар дастёбӣ ба аҳдофе монанди сарнагунии давлати Сурия ва тазъифи қудрати шиъаён дар Ироқ аз як тараф ва ошкор шудани нишонаҳо аз хатари ДОИШ барои худи Ғарб ва муттаҳидони араби он дар ояндааз тарафи дигар муҷиб гардид то Амрико сенарияи дигареро таҳти унвони мубориза бо ДОИШ аз тариқи ташкили як эътилофи байналмилалӣ ба марҳилаи иҷро бигзорад.

Метавон аҳдофи Амрико аз ташкили эътилоф ва намоиши мубориза бо ДОИШ-ро дар масоили мухталифе ҷустуҷӯ кард. Аз ҷумлаи аҳдофи тарҳи ин масъалаи бозгашти дубора ба минтақа ва ҳузури низомии афзоянда дар он аст. Дар айни ҳол Обама борҳо таъкид карда, ки Амрико камаш қасди мубориза бо ДОИШ аз тариқи иқдом ба ҳамалоти ҳавоиро дорад ва қасди истиқрори нируҳои заминӣ барои дарҳам кубидани ин гуруҳи террористиро надорад. Ҳарчанд ки ҳатто ин маврид низ ба таври ноқис иҷро шудааст.

Ин масъала нишон медиҳад, ки Амрико асосан қасди муқобилаи ҷиддӣ бо ДОИШ-ро надорад . Ин масъалае аст, ки ҳатто генерал Ҷон Ален, фармондеҳи эътилофи зидди ДОИШ низ дар интиқоди худ аз стратегияи Обама ба он иқрор кардааст.

Аз суи дигар Амрико дар ҳоле иддаъои мубориза бо ДОИШ-ро дорад, ки кишварҳое монанди Арабистони саъудӣ, Қатар , Урдун ва амсоли онҳо дар он узвият доранд, яъне кишварҳое, ки худ саҳми бузурге дар пайдоиш ва тақвияти ДОИШ доштаанд.

Иддаъои Амрико дар бораи иқдом алайҳи ДОИШ дар ҳоле иброз мешавад, ки бархе нишонаҳо хилофи онро нишон медиҳад. Аз ҷумла гузоришҳои гуногуне дар бораи ирсоли ҳавоии маҳмулаҳоии силоҳӣ ба нируҳои ДОИШ ба вижа дар манотиқе, ки таҳти муҳосира қарор гирифта буданд, вуҷуд дорад ва ҳамчунини халабонони амрикоӣ дар чандин мавриди эъломи кардаанд, ки мақомоти аршади артиш ба онҳо иҷозаи ҳамла ба мавозеъи ДОИШ-ро намедиҳанд.

Ба ин тартиб бояд гуфт, иқдомоти зидди ДОИШ-и Амрико беш аз ин ки иқдомоти асосӣ бошад, бештар намоишӣ ва камаш  дар ростои ворид кардани зарбаҳои контролшуда ба ДОИШ аст, то Вашингтон битавонад дар оянда аз ин гуруҳ дар вақтҳои лозим ба унвони аҳроми фишор ва ё баҳонаи ҳузур истифода намояд.

 

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97