Кабирӣ бо аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар Туркия ҷаласа барпо кард

Сиёсат 13.08.2015 12:10

kabiri

 

     Тибқи иттилои расонаҳои хабарии кишвар Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳайъате аз аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро ба Туркия даъват кардааст.

    Гуфта мешавад, ки ҳайъате аз аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасте дар Истанбули Туркия ба раёсати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб гирди ҳам омаданд, то  авзоъи сиёсӣ дар кишвар, омодагӣ ба баргузарии конгресси ҳизбӣ, ислоҳоти эҳтимолии сохторӣ ва кадрӣ ва идомаи фишори идороти ҳукуматӣ бар аъзову ҷонибдорони ин гурӯҳро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ба иттилоъи сайти ҲНИТ, ин ҳайъат тайи рӯзҳои 5 то 11-и августи соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия, ба даъвати Муҳиддин Кабирӣ гирди ҳам омаданд, то дар бораи масоили муҳими ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ва шароити фаъолияти ХНИТ машварат кунанд.

Дар ин нишастҳо таъкид шудааст, ки сиёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баробари фишорҳои фазояндаи мақомоти ҳукуматӣ ҳамвора сабру таҳаммул буда ва пас аз ихроҷи иҷбории аъзо ва ҷонибдоронаш аз суфуфи ҲНИТ маҷбур шудааст, ки ба раиси ҷумҳур, масъулони сохторҳои қазоӣ ва амниятии Тоҷикистон ва кишварҳои тазминкунандаи раванди сулҳи Тоҷикистон нома ирсол кунад.

Дар ин нома, бар зарурати мудохилаи ин мақомот ва кишварҳои миёнарав дар раванди сулҳи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ ба унвони як тарафи барқарории сулҳ дар кишвар таъкид шуда буд, ки бо вокунишҳои тунде дар дохили кишвар мувоҷеҳ шуд. 

Дар нишасти Истанбул эълом шудааст, ки ин ҳизб барои баргузории конгресси ҳизбӣ, ислоҳоти эҳтимолии сохторӣ ва кадрӣ омода мешавад ва яке аз вазоифи худро фаъолият барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ медонад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз баргузории интихоботи порлумонии аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар кишвар ва адами  вуруди номзадҳои ин гурӯҳ ба Маҷлиси намояндагон, дар хориҷ ба сар мебарад.

ҲНИТ мегӯяд, ки раҳбари онҳо маҷбур аст, то дар хориҷ бимонад, зеро мақомоти додситонии Тоҷикистон барои хариду фурӯши як қитъаи замин дар 18 соли қабл, алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ ташкил кардаанд. ҲНИТ  ва ҳам Кабирӣ ин иқдомро сиёсӣ медонад.

 

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97