Равшан Собиров бесоҳиб нест!

Сиёсат 07.06.2013 15:57

vokunish baroiПас аз нашр шудани матлаби "Оё аз ин пас Тоҷикистонро метавон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон номид?" вокунишҳо хеле зиёд буданд. Аввалин касе, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кард, Ойниҳол Бобоназарова ҳуқуқшиноси тоҷик буд, ки дар ҳар гӯшаи дунё вазъи ҳуқуқи инсон, ба хусус тоҷиконро мадди назар дорад ва пайваста ёрии ҳуқуқии худро ба онҳо мерасонад. Дуввумин нафаре, ки ба ин қазия вокуниш кард, шоири ғариб Сиёвуш Ҷунайдӣ буд, ки агарчӣ дур аз ватан аст, ҳамеша ба ёди ватан ва тоҷик аст. Номаи пур аз дарду танбеҳи Мирасрори Фар-ғонӣ севумин вокуниш буд, ки ба суроғаи "Миллат" ирсол шуд. Ин ва окунишҳоро манзури хонанда мекунем. Қазоват аз худи ӯст:.

Bobonazarova OyniholОйниҳол Бобоназарова: Ба қазияи раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон таваҷҷуҳ кунед!

Ойниҳол Бобоназарова, як фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард то ба қазияи Равшан Собиров, раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон таваҷҷуҳ кунад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва раиси бунёди "Перспектива+" дар пайи эъломи гуруснанишинии модари 80 солаи Равшан Собиров, раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ ва вазири собиқи рушди иҷтимоии Қирғизистон гуфт, ки бояд  ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус вазорати корҳои хориҷии кишварамон вориди ин қазия бишаванд. Зеро Равшан Собирови тоҷиктабор агарчӣ шаҳрванди Қирғизистон аст, дар зимн раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон низ ҳаст, ки бевосита аз ҳуқуқи тоҷикони муҳоҷир дар ин кишвар ҳимоят мекард.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки дар дунё пазируфта шудааст, ки кишварҳо барои дар доираи қонун ҳимоят шудани ҳуқуқи ҳамтаборон ва шаҳрвандони гунаҳкори худ дар кули дунё талош мекунанд. Ӯ мисол мезанад, ки қазияи Бут, ки бо қочоқи аслиҳа муттаҳам аст, ҳамеша дар сархати ахбори расонаҳои Русия ва таваҷҷуҳи давлатмардони Кремл қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова Равшан Собиров аз нақзи ҳуқуқаш дар додгоҳ ҳамеша эътироз карда ва ҳукми додгоҳро ноодилона хондааст ва ҳатто додгоҳе дар Қирғизистон ӯро бегуноҳ ба исбот расонида буд.

Ойниҳол Бобоназарова аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба қазияи Равшан Собиров таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва дар ин миён ниҳодҳои мадании Тоҷикистон низ бетараф набошанд.

Siyvush -01Сиёвуш Ҷунайдӣ: Ман иҷоза надорам назар бидиҳам, аммо роҷеъ ба шахси ӯ мегӯям…

Ҳар касе ҳадди ақал як бор бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, наметавонист рафтори шоиста ва ахлоқи ҳамида, шикастанафсӣ ва хоксории ӯро нодида бигирад. Дар ҳар нишасту маҳфил, дар ҳар ҷову мақом бо ҳар кӣ аз ошноёну ноошноён аз ӯ суҳбат кардам, ҳатман он хисоли зебои инсонии ӯро таъкиду таъриф мекунад. Ҳатто бадхоҳонаш! Хубиаш ба бисёр касон (ва нокасон) расида аст, ки ман худ шоҳиди ҳол ҳастам. Хуб, ин, ки намакхӯрдаҳо дар рӯзи мушкил аз намакдода рӯ мегардонанд, амре возеҳу рӯшан аст. Аз он нону намак хӯрдаҳо таваққуъе нест.

Бо вуҷуди заковат ва ҳушмандие, ки дорад, бисёр содда аст. Намедонам. Шояд ин соддагӣ ва хушбоварӣ хоси ҳамаи мо тоҷикон бошад…

Аммо дар робита бо парвандаи ҷиноии Равшан-ако. Ман дар ин кишвар меҳмонам ва акаи Равшан шаҳрванд ва ҳар ду тобеъи қавонини ин кишвар. Ман иҷоза надорам, ки дар чунин мавзуъоти ҳассос қазоват кунам ва назар диҳам. Ин як амри одист ва чунин ҳам бояд бошад.

Назари шахсиамро дар робита бо шахси ӯ мегӯям. Ман мутмаинам, ки ҳатто онҳое, ки имрӯз кори рутини худро анҷом медиҳанд ва парвандаи ӯро пайгирӣ мекунанд ва қазоват мекунанд ва ҳукм содир мекунанд низ ба ҷурми ӯ бовар надоранд!

Аммо решаҳои ин қазия хеле жарфтар ва густурдатар аз он аст, ки мо медонем ва мебинем. Ҳатто жарфтар ва амиқтар аз он дарёфтҳо ва кашфҳое, ки адвокати ӯ карда аст. (Бо истифода аз фурсат бояд мунсифона бигӯям, ки адвокаташ бисёр хуб ва ҳирфаӣ кор мекунад). Ӯ яке дигар аз барраҳои қурбонии Сиёсат - ин Худои Хуношом аст! Ман қасам мехӯрам, ки намедонам ва вомондаам, ки мо тоҷикон бояд чи қадар боз қурбонӣ бидиҳем, то ин Худои Хуношоми Сиёсати Замон сер шавад ва моро каме ором бигзорад, то каме ба фикри худ ҳам бошем. Дар ин қазия ҳам бояд таҳаммул кард.

Сипос аз "Миллат", ки бо ҳамон хештаннигаҳдорӣ ва андешамандие, ки хоси ин нашрия ҳаст, ин мавзуъро матраҳ карда аст.

Mirasror ahrorovМирасрор Аҳроров: Аз шумо дилам монд!

Аҷабо, садо ҳам мебаромадааст дар ин маврид аз Тоҷикистон! Офарин-е. Ин ҷавонмард садҳо ҳазор сом ё даҳҳо ҳазор пули кабудаки амрикоиро барои пешрафти фарҳанги тоҷикони Қирғизистон сарф кард ва ман худам ҳам шоҳид ҳастам, ки барои ширкати як нафар дар олимпиадаи Чин вайро маблағгузорӣ кард. Ба селзадаҳои Андараки ноҳияи Лайлак чӣ қадар кампалу маводу пул фиристод аз ҳисоби худаш. Дар деҳаи Учқӯрғон чорабиниҳои калонеро маблағгузорӣ намуд ва ба сифати собиқ сардабири нашрияи ягонаи тоҷикии "Паёми Ала-Тоо" таъкид карданиам, ки интишори беш аз бисту панҷ шумораи ин рӯзнома маҳз бо маблағи Равшанбек Собиров таъмин гардидааст. Ба ҷашнвораҳои наврӯзии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ягон бор бо дасти холӣ нарафтааст. Ҳатто нишастҳои калони фарҳангии тоҷиконро таъмини молӣ кардааст. Агар ин ҷо корҳои бузурги вайро мисли марҷон бичинам, саҳифаи калони "Миллат" намерасад. Вай ба пули ягон кас муҳтоҷӣ надорад. Дар деҳааш Масҷиди калон сохта, ба намозгузорон тақдим кард ва барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани деҳааш хеле маблағи калон сарф намуд ва ҳоказову ғайраву ҳоказоҳои дигару дигар. Аслан, таънаатон мезанам, наранҷед, шумо тоҷикистониён-ба як пули пуччак намеарзед. Гӯям забон, нагӯям дилам месӯзад. Ин чӣ гап аст, ки як марди майдонро ба додгоҳ мекашанд бе ҷурме ва ягон нашрия то ин вақт садое баланд намекунад. Агар дар Озодӣ дар Бишкек мебудам, ҳоло намедонам чи корҳое намекардам. Рост мегӯям!!! Аз ҳама чиз дилам сард шудааст-е!

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97