Посухи К+-ро чӣ гуна бояд дод

Сиёсат 28.05.2013 09:56

Ё ҳамаи лаълиҳои моҳвораро аз бомҳои Душанбе бояд барчид

Dodojoni Atovu-Аз субҳи рӯзи ҷумъаи 18 май телевизиони К+ тӯй дорад. Нисфе аз аҳолии Тоҷикистон ба шумули вазирон, раисон ва мақомдорони хурду миёна дар пушти дарҳои бастаи ҳуҷраи хонаҳои худ тамошогари ин тӯй ҳастанд. Аммо ҳеч мақоме, ҳеч ниҳоде дар ин маврид лаб во намекунад. Мисле ки ҳамагӣ бо ин расона "забон як" кардаву мехоҳанд, ки ин тӯй идома дошта бошад.

Яке аз дӯстонам нақл кард, ки зани ҳамсоя гуфтааст, ки дари хонаашро қулф кардаву К+-ро тамошо кардааст ва гиребони тавба гирифтааст. Воқеан зани ҳамсоя аз навори тӯй ба даҳшат наомада буд, балки аз ҷасорати ин телевизион даст ба гиребони тавба бурдааст.

Дар ҳоле ки мардум пушти дарҳои баста телевизиони К+-ро тамошо мекунанду дари хонаро маҳкам мебанданд "то гапи хона ба кӯча набарояд", масъулони давлати Тоҷикистон гӯш ба карӣ андохтаву лаб барбастаанд. Гӯё ҳеч гапе нашудааст.

Аммо магар ин гапи хурду реза аст?! Магар К+ телевизиони маҳаллист, ки онро як теъдоди хурди мардуми маҳал мебинанду бас? На. Ин кори хурду реза нест. К+ шабакаи телевизионист, ки тариқи моҳвора пахш мешавад ва онро дар кули дунё мебинанд. Вақте ки як мақолаи интиқодӣ танҳо марбут ба як раиси фарз кардем ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дар расонаи мустақиле дар Тоҷикистон нашр мешавад, қариб аз тамоми хадамоти кишвар намояндае ба ин расона фишор меоранд, ки гӯё сирри давлатиро фош кардааст ва зидди давлат (на ҳукумат) асту яқинан агар ҳамин меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалии озодии баён набошад, ҳатман бидуни додгоҳе тамғаи "террористи байналмилал", "хоини ватан" ба номат насб мекунанд. Аммо се рӯз боз дар фазои ватан К+ тӯй дораду масъулони ҳукумати Тоҷикистон дар гӯши фил хобанд.

Як генерали мустаъфӣ, ки солиёни зиёд барои сохтани ин ҳукумат заҳмат кашидааст, дар суҳбат ба мо гуфт, ки; "ростӣ, пас аз тамошои К+ қалам ба даст гирифтаву хостааст, то ба журналисти мухолифандеш Додоҷони Атовулло посух бидиҳад. Аммо писараш монеъи падар шудаву гуфтааст, ки падар, акнун бас аст, хеле хидмат кардӣ". Вале бо ин вуҷуд ӯ гуфт, ки чаро онҳое имрӯз дар хидмати давлат ҳастанд, бетарафӣ ихтиёр кардаанд, аз инҳо дида Сайёфи Мизроб сад бор патриот аст, - афзуд генерал. Генерал ҳамчунин гуфт, ки ҳама одам иштибоҳ мекунад, аммо наход чеҳраи кишварро ба ин андоза доғ бояд бикунӣ…

Агар аз ин ки ин генерал чиро иштибоҳ мешумораду чиро не, бигзарем, саволе, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки чаро дили даҳҳо раису вазири дигар, ки ҳоло масъули посухгӯӣ ба суолоту масоили кишвар ҳастанд, ба андозаи ин генерали мустаъфӣ ба ин ҳукумат намесӯзад? Ҳеч кас иддаъо накунад, ки чунин нест. Барои баровардани ин хулоса далели мувассақ ҳаст, аз субҳи ҷумъа то рӯзи сешанбе ҳеч масъуле ҳозир нашуд, ин барномаи К+-ро шарҳ бидиҳад, ки мавзеъгирии ҳокимон дар мавриди нашри ин навор чист? Дар давоми ин чанд рӯз "тӯб" дар дасти Додоҷони Атовулло буду бозӣ бар зарари ҳукумат идома дошт. Бечора мардум аз як сӯ таҳти таъсири ин барнома мондаву аз сӯи дигар аз тарсу ҳаросе, ки дар зеҳнаш ҷо шудааст, дари хонаи худро баставу садои телевизионашро кам карда, К+-ро тамошо мекунанд ва ононе, ки равони заъифтар доранд, ҳатто барои зер кардани тугмаи роҳнамо ба К+ дар дохили хонаи худ ҳам ҷуръат намекунанд. Вале ҳатман вазирону раисону масъулони амнияти иттилоотии кишвар гаштаву баргашта навори К+ро дар давоми ин ҳама рӯз тамошо кардаанд.

Агарчӣ мақоли хубе дорем, ки "зи по афтодаро подош санг нест", аммо дар давоми ин ҳама рӯз, ки К+ аллайҳи тамоми девони ҳукумат, аз вазирон то додситони кул ҳукм содир мекард, ходимони идораҳои зирабти Тоҷикистон аз киоск то ба пеши кампиракони рӯзномафурӯш "сиёсат"-и худро мешинонданду суол мекарданд, ки "кадом газет дар бораи Зайд Саид мақола чоп кардааст". Рӯзномафурӯшҳои заҳматкаши бечора ҳам, ки дар хуну пӯсташон ин ҳама сол ин гуна таҳдидҳоро бисёр таҷриба кардаанд, аз замони фурӯши "Чархи гардун" шуруъ карда…. то имрӯз хунсардона посух медиҳанд; "намедонам". Ходими бовиқор мисле ки ҷосуси Гитлерро пайдо карда бошад, ҳамоно шаст мекунад. Аммо рӯзномафурӯши бечораву ниёзманд дар фикри на виқору на шасти ӯст, балки ба ҳамон 20-50 дирами судаш аз фурӯши рӯзнома меандешад. Агарчӣ аз ин ҳама шасту диранг дар муддати ин 20 сол хаставу афгор шудааст, аммо боз ҳам ноилоҷ аст. Яке аз пиразанҳои руси рӯзномафурӯшро дар яке аз роҳи зеризаминии пойтахт вохӯрдам, ки ҳанӯз аз солҳои 1990 ба маҷаллаву рӯзномафурӯшӣ машғул буд. Аммо ӯ акнун рӯзнома намефурӯхт, балки дасти гадоӣ сӯи собиқ муштариёни рӯзномахонаш дароз кардаву барои рӯзгораш садақа металабид. Ҷуръат накардам, ки суолаш бикунам, чаро аз рӯзномафурӯшӣ сарфи назар кардаву гадоӣ мекунад. Зеро посухи ин суолот пеши худам, ки 20 сол боз шоҳиди ҳол ҳастам, мебошад. Фишорҳои пайдарпай, меҳмонҳои нохонда, айбҷӯиҳои бемаврид, дахолату ҳукмҳои бемантиқи бидуни додгоҳ аллайҳи расонаҳои мустақил, ба хусус матбуот ин пиразанро, ки аз пушти рӯзномафурӯшӣ руз мебурд, ба кӯйи гадоӣ овардааст. Ӯ дигар на вобастаи соҳибрӯзнома асту на ҳаросе аз тарси налогу милисаву боз чанд нозири дигар мақомот дорад. Дигар ҳатто метавонад дар рӯзҳои сарди зимистону дар барфу борон дар хонаи гарми худ бинишинаду ҳар гоҳ, ки дилаш хост, сар ба кӯйи гадоӣ бизанад ва агар ризқе пайдо кард хуб ва агар ҳам не, хаёлаш роҳат аст, аз касеву чизе на вобаста хоҳад буд ва на қарздор. Барои аксбардорӣ аз ин пиразани рус ба суроғаш меравам. Аммо ӯро пайдо намекунам. Худоё зинда бошад! - беихтиёр ба забонам меояд… Бале, ӯ ки телевизиони моҳвора надорад, ки ба хотири тамошои К+ аз дарёфти ризқаш сарфи назар карда бошад. Ӯ ё бемор аст ва ё худое накарда рахти сафар аз ин дунё барбастааст. Вале оё воқеан аз зиндагӣ рахти сафар бастани ӯ боиси таассуф хӯрдан аст?! Магар ӯ ҳамчунин зиндагиеро мехост?

Ба ҳар сурат ёди ин пиразани рус ба хайр бод, ки бештар аз як мақомдори ватандор барои рушди матбуоти озод дар Тоҷикистон хидмат кардааст.

Аммо боз ҳам дар бораи К+ ва сукути мақомоти тоҷик.

Сукутро аломати ризо мегӯянд, вале оё дар ин маврид воқеан сукути мақомдорони мо аломати ризост? Ё аз рӯи масали сари кафида таги тоқӣ амал кардаанд.

Дар чанд соли пеш замоне ки Қонуни баҳсбарангези танзими расму ойинҳо тариқи минбарҳо, садову симо то ҳолати ифрот таблиғ мешуд, нашрияи "Миллат" онро як амали нодуруст арзёбӣ кард. Ва ин албатта ба ҳеч як мақомдори пуштибону таблиғгари ин қонуни "муҳим" хуш наомад. Аммо ҳоло, ки К+ иддаъо дорад, ки ин қонун дар Тоҷикистон аз сӯи мақомоти баландпояи давлатӣ бо шоҳидии қариб тамоми кабинаи вазирону раисони ҳукумат нақз шудааст, чаро ҳеч яке аз идороти дахлдори назорат ба қонуни танзим инро на таъйид мекунад, на рад?

Дар ҳоле ки расонаҳои давлатӣ ва ҳам бархе аз матбуоти хусусӣ барои Зайд Саидов, соҳибкори то имрӯз муваффақ, ки роҷеъ ба самараи хуби фаъолиятҳои ӯ гузоришу матлаб нашр мекарданд, дар пайи нашри матолиби айбҷӯёна аллайҳи ӯ камар бубастаанд, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва долонҳои мактабҳои миёнаву донишкадаву донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар муассисоти давлатӣ суҳбат аз барномаи К+ аст. Албатта ҷонибдорон бо садои нимшунаво ва гӯшакӣ ҳарф мезананду ҳомиён бо овози омирона ва ба ҳама шунавонида. Аммо ин танҳо дар пушти деворҳои муассисоти мазкур аст.

Аз ин рӯ дар ин бора чанд суол халқ шудааст, ки посух мехоҳанд: Кӣ ин наворро фурухт ва дар ҳақиқат ин навор чӣ гуна дар ихтиёри К+ қарор гирифт?

Бо кадом шева мешавад ба К+ посухи муносиб гуфт ва ё ин шабакаро дар Тоҷикистон мамнуъ кард?

Зимни нахустин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони расонаҳо дар Хонаи радио, пешниҳод намудам, ки аз баҳри аксари расонаҳои давлатӣ бояд гузашт, аз ҷумла комилан аз баҳри расонаҳои чопии давлатӣ ва аз баҳри аксари ТВ -ҳои давлатӣ ва бар ивази се шабакаи номуассири давлатӣ як шабакаи минтақаии таъсиргузор бояд эҷод кард. Агар Тоҷикистон дар он панҷ соли пеш иқдом ба таъсиси ин шабака мезад, имрӯз К+ дар Тоҷикистон мухотабе намедошт ва тӯй намеандохт.

Акнун бояд донист, ки ин охирин иқдоми К+ аз ин қабил наметавонад бошад ва метавон интизори "тӯй"-ҳои дигареро ҳам дошт. Пас шеваи бархурд бо он чӣ гуна бояд бошад? Сомонаи интернетии К+ бо таҷрибае, ки Бек Зуҳуров ҳосил кардааст, ба содагӣ метавонад дастнорас шавад (ки замони навиштани ин матлаб, субҳи 21 май аллакай он дар интернет дар дохили кишвар дастрас набуд ). Аммо иқдом дар баробари шабакаи моҳвораи К+ чӣ гуна бояд бошад? Худое нахоста ҷамъоварии лаълиҳои моҳвора аз боми хонаҳо? 

Аз ин ҷост, ки бояд ҳам қаринаи амнияти иттилоотӣ ва ҳам шеваи амалӣ кардани он комилан бознигарӣ ва мутобиқ ба воқеъиятҳои рӯз сурат бигирад, масъулини муҳтарам.

Адолат, "Миллат"

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97