Абубакри Файзалӣ: Шитобкории Зайд Саидов боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ӯ шуд

Сиёсат 20.05.2013 16:58

Abubakri FayzaliСаволи ин ҳафтаи "Миллат": - Шумо қазияи бо Зайд Саидов пеш омадаро чи гуна арзёбӣ мекунед? Оё ин идомаи бархурди давлат бо мухолифони пешин аст?

-Албатта, бархурди инчунинии ҳукумат пайғомдеҳ аз заъф ва ҳароси ҳукумат аст. Ин амал, агар аз сӯи касе тарҳрезӣ шуд, хеле осемасар ва ноуҳдабароии ҳукумати вақт дар тасмимгириҳо нисбат ба мухолифин ва ё дигар нируҳои сиёсии ҷомеа аст. Аз пеш маълум набуд, ки ин ҳизб ҳанӯз чӣ гуна мавқеъро дар пиёдасозии амалоти сиёсиаш касб кардан мехост, аммо Зайд Саидов, як чеҳраи матраҳ дар ҷомеа аст ва аммо маро дигар андеша ба ташвиш овардааст, ки чунин як фарди доно аз кадом адолат дар кишвар сухан мегӯяду аз кадом қонуният умедвор аст. Магар тақдири сарҳангоне, ки нируву қудрат доштанд, барои ҷаноби Саидов бозгӯкунандаи он нест, ки як чеҳраи матраҳ дар Тоҷикистон он чунон ба осонӣ шикаста мешавад, ки назирашро олам намедонад.

Ба ҳар сурат наметавонам бигӯям, ки ин бархурди ҳукумат ба мухолифини пешин аст, чун Зайд Саидов, бо рафтан аз маснади вазирӣ бо он ки хеле корчалону соҳибтахассус аст, аз имтиёзу дастгириҳо аз сӯи ҳукумати вақт бархурдор буду, як навъ мавқеи хубу муносибати дурустро низ барояш қоил буданд.

Ин, ба андешаи ман шинохтани чеҳраи мухолифи асосӣ ва ҳарос аз он аст, ва чун Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷомеа рақиби аслии президент шинохта мешуд, дар қиболи латукӯби аъзову фаъолонаш сабуриро пеша кард ва ҳатто сабрро "бренд"-и ҲНИТ эълон дошт, ҳукумат дар чеҳраи Зайд Саидов ягона рақиби сиёсии хеле фаъолро дид, ки дар интихоботи порлумонии баъди интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013, метавонад нируи қудратманде шавад дар порлумон, ки дар муқобили ҳукумат тасмимҳои ҷиддӣ бигирад. Яъне, тарси ҳукумат аз интихоботи президентӣ нест, балки аз интихоботи порлумонӣ аст, ва ҳам метавон гуфт, ки изҳороти Зайд Саидов дар бораи ширкати густурдаашон дар интихоботи порлумониро низ изҳороти шитобкорона меҳисобам, ки боиси ба чунин ҳол гирифтор кардани ӯ гардид.

 

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, муаррих: 

 

- Дар мавриди қазияи Зайд Саидов бояд ҳаминро хидмати шумо арз кунам, ки солҳои қабл ҳам, вақте ки шахсиятҳои маъруф дар Тоҷикистон хостанд ҳизби сиёсӣ ташкил кунанд, аз болояшон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд. Масалан аз болои Ҳикматулло Насриддинов, ки дар интихоботи президентии соли 1991 номзад буд. Баъдан ба чунин аҳвол Султон Қувват, собиқ раиси Кумитаи андоз афтид. Зайд Саидов сарнавишти онҳоро такрор мекунад.

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97