Шукурҷон Зуҳуров: Дар Рашт оромист

Сиёсат 20.10.2010 10:07

Ё баррасии вазъи муҳоҷирони корӣ бо намояндаи ЕврАзЭс

18 октябр дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон нишасти Комисияи доимии Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ оғоз шуд.

 

Тавре сухангӯйи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, нишасти мазкурро раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров боз карда, ширкаткунандагонро бо фаъолияти палатаи поёнии Порлумони кишвар ошно намуд ва нақши Комисияи доимии Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС - ро муҳим арзёбӣ кард.

Мавсуф бо таваҷҷӯҳ ба вазъи минтақаи Рашт изҳор дошт, ки ҳоло вазъият дар ин водӣ комилан ором буда, аз тарафи неруҳои давлатӣ назорат мешавад. Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳои ифротгарое ҳастанд, ки оромиву суботи ҳеҷ кишвареро намехоҳанд ва ҳамеша дар пайи ноором кардани манотиқи алоҳидаи кишварҳо ҳастанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо бо мардуми минтақаи Рашт, аҳолӣ ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат иброз дошта, гуфтаанд, ки онҳо ҳаргиз ба бадхоҳони миллат иҷозат намедиҳанд, ки водии Раштро ба минтақаи ноором табдил диҳанд.

Шукурҷон Зуҳуров истифода аз манобеи обу энержӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро аз мушкилоти умдаи кишварҳои ин минтақа унвон карда, иброз дошт, ки беш аз 60 дар сади оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад ва Тоҷикистон аз ин миқдор танҳо 7 дар сади онро истифода мебараду халос ва боқимондаи ин обро дигар кишварҳо истифода мекунанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки Тоҷикистон бо доштани ин захоири бузурги обу энержӣ зарфияти истеҳсоли то 500 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як солро дорад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки кишвари мо дорои теъдоди хеле ками нерӯгоҳҳои барқи обӣ аст, имкони истеҳсоли ин мизон қувваи барқро надорад. Холо дар Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 30 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид мешавад, ки ин барои таъмини пурраи аҳолӣ бо нерӯи барқ басанда нест.

Шукурҷон Зуҳуров сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистонро яке аз муҳимтарин омилҳои раҳоии кишвар аз камбуди барқ унвон карда, иброз дошт, Ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина қадам¬ҳои ҷиддиву устувор бардоштааст, ки ин омил метавонад ҳам мушкили барқ дар худи Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳатто кишварҳои хориҷи наздикро бартараф намояд.

Таъсиси иттиҳоди гумрукӣ байни Русия, Қазоқистон ва Белорус аз иқдомҳои наҷиби ин кишварҳо ҳамчун аъзои Комисияи доимии Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунад ва ҳоло комиссияи давлатии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши фаъолиятҳои ин кишварҳо дар чорчӯби ин иттиҳод ва шомил шудани он ба иттиҳоди гумрукӣ ташкил шудааст, - гуфт раиси Маҷлиси намояндагон.

Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки бояд Созмони иқтисодии ЕврАзЭС дар ҳалли ин масъала иқдоми ҷиддиро рӯи даст бигирад ва дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ талошҳои муассирро анҷом диҳад.

Сипас, Петр Зверов, котиби масъули Комисияи доимии Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ зимни сӯҳбатҳои худ аз номи ҳайати ширкаткунанда изҳор дошт, ки баргузории ин нишаст дар Тоҷикистон ҷиҳати қабули қарорҳои вобаста ба ҳалли мушкилоти байни кишварҳои аъзои он муҳим ба шумор меравад.

Дар ҷараёни ин нишаст ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипорлумонии кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС, истифода аз таҷрибаи якдигар, омӯзиш ва ошноӣ бо фаъолияти порлумонҳои касбии ин ҷумҳуриҳо, мусоидат дар таҳкими равобити байни кишварҳои аъзо дар ҳамаи соҳаҳо ва дигар мавзӯоти муҳими мавриди алоқаи ҳамдигар баҳсу баррасӣ шудаанд.

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97