Ислом Каримов наҳанги минтақа

Сиёсат 16.10.2010 08:57

ТАНИ ТАНҲО ДАР МУҚОБИЛИ НУР

«Рогунны платинаси 350 метр бӯладӣ, бӯ 8 йилда сувга туладӣ. Биз 8 йил қараб утурамиз-мӣ?  

 

Рогунны платинаси ва Саянно-Шушенскини проект ишлаб чикарқан эгаси бир. Саянно-Шушенскини авари булуб 75 одам улди…»

Порчае аз матни суханронии президенти Узбакистон, ки зимни мулоқот бо мардуми Қароқалпоқистон садо дод. Ин мулоқот рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ ба муносибати иҷрои нақшаи пахта дар Қароқалпоқистон доир гардид. Ислом Каримов тамоми монеаҳои мавҷударо дар заминаи нарасидани об ва хушкшавии баҳри Арал аз тарҳи неругоҳи Роғун ҳисобида, изҳор дошт, ки беш аз панҷ сол аст, алайҳи чунин як сохтмоне мубориза мебарад. Мавсуф ёдовар шуд, ки бо сохтмони неругоҳи Роғун на танҳо об дар минтақа кам мешавад, балки чунин як сохтмон хатароти ҷиддие низ дорад. Ӯ тасодум дар неругоҳи Саянно-Шушенскро ба мардум ёдовар шуд ва афзуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 75 нафар ҷони худро аз даст доданд. Тарҳи неругоҳи Роғун ва Саянно-Шушенскро 40 сол муқаддам як нафар мураттаб карда, зарфияти Роғун 3600 мгвт ва баландиаш 350 метр аст, ки он дар зарфи 8 сол аз об пур мешавад. Чӣ, мо дар ин давра бояд мунтазир шавем, ки сарбанд кай аз об пур шавад? Номбурда ба мардуми қарақалпоқ муроҷиат карда, хитоб намуд, ки мо намегузорем то як қатра об кам гардад. Имрӯз танҳо аз Сирдарё об ба баҳри Арал ҷорӣ мегардад ва қатъи фурӯрезии оби Омӯ боиси хушкшавии баҳри Арал гардидааст ва нарасидани оби ошомиданӣ ба сокиноне, ки дар соҳилҳои рӯдхонаи Ому зиндагӣ мекунанд, маҳз аз ҳамин ҷо оғоз меёбад. Оқои Ислом Каримов изҳори таассуф намуд, ки дар минтақа танҳо худи ӯ бар зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун мубориза мебарад ва раҳбарони дигар кишварҳои Осиёи Миёна бошанд то ҳанӯз мӯҳри хамӯшӣ бар лаб ниҳодаанд ва мавқеи хешро то ҳанӯз муайян насохтаанд.

ТАФРИҚА АНДОЗУ ҲУКУМАТ БИКУН

Тавре хонандаи гиромӣ мебинад, ин бори аввал нест, ки чунин як низоъандозӣ аз тарафи роҳбарияти аршади Узбакистон, ки он ҳам ҳамсояи дар ба девори мост, роҳандозӣ мегардад. Чунин як тафсирро, ки ошкоро дар байни мардум сурат мегирад, ҷуз низоъандозии миллатҳо ва қавмҳо амали дигаре наметавон унвон кард. Нокомиҳои хешро раҳбарияти узбак ба сари ҳамсояҳои хеш бор мекунад ва фақру тангдастиеро, ки имрӯз ба сари мардуми қарақалпоқ ва дигар қавмҳои муқими он бор шудааст, маҳз бо рӯпӯш кардани сабабҳои аслӣ дар нарасидану қатъи об арзёбӣ менамоянд ва мехоҳанд бад-ин васила тафаккури мардумро ба дигар ҷониб бикашанд. Аммо, воқеияти асл тамоман чизи дигар аст, ки дар ин бора ҳарфе гуфта намешавад. Бе ин ҳам маълум аст ва ҳар як шаҳрванди узбакистонӣ медонад, ки минтақаи қарақалпоқ аз қашшоқтарин вилоятҳои Узбакистон аст ва мардум дар ин ҷо танҳо барои шикам пур кардан мубориза мебаранду бас. Ифтихори миллии ин мардум ҳанӯз дар замони султаи шӯравӣ шикаста шуда буд ва шояд дар ҳамон давраҳо миллатгароёни узбак қарақалпоқҳоро мардумони навъи дувуму севум мехонданд ва имрӯз ҳам вазъ дар ин ҷо тағйире наёфтааст.

Президенти Узбакистон аз 5 сол пеш шабу рӯз кӯшиш дорад сохтмони неругоҳи Роғунро ба ҳар роҳу васила манъ намояд ва ба хотири амалӣ намудани нақшаҳои хеш аз ҳеч амале даст намекашад. Таъсис додани комиссиюни экологӣ-депутат-экологҳо, ҷор заданҳои эшон аз тариқи минбарҳои баланди байналмилалӣ, эъзоми комиссиюнҳои мухталиф оид ба таҳқиқи баҳри Арал, бастани роҳҳои қатори марбут ба Тоҷикистон, мингузориҳои сарҳадот, ихроҷшавии яктарафа аз системаи воҳиди энергетикии минтақа, қатъи рафтуомади мардумони тоҷику узбак (ҳатто рафтуомади хешовандонро ҳам ахиран манъ намуданд), аз байн бурдани системаи раводидӣ, баланд бардоштани нархи гози бадбӯй ва ахиран билкул қатъ кардани он, истиқрори ошӯбгарон ва душманони давлати тоҷикон дар сарзамини худ магар нишонаҳои муносиботи сарди ин кишвар бо ҳамсояи хеш нест?

"РОҒУН" ЗИНДАГӢ МЕБАХШАД, НА МАРГ

Барои он ки аз ҳаво сухан нагуфта бошем, бори дигар ба арқом назар меафканем ва ҳақиқатеро, ки кайҳост аз тарафи комиссиюнҳо ва муҳаққиқини бетараф собит шуда, мавриди таваҷҷӯҳ ва мутолиаи Ислом Каримов мегардонем. Қабл аз ҳама ёдовар мешавем, ки дар асоси таҳқиқоте, ки академик Собит Неъматуллоев дар якҷоягӣ бо гурӯҳи олимони ҷаҳонӣ ташхис намудаанд, дар панҷсад соли дигар заминҷунбии шадиде дар минтақаҳои сохтмони Роғуну Норак рух нахоҳад дод ва неругоҳи Норак бори дигар собит сохта, ки сарбанд ҳамчунон собиту устувор боқӣ мондааст ва хатаротеро ба бор нахоҳад овард. Аз ин рӯ гӯё бо рух додани заминҷунбӣ сарбанд канда мешавад ва Узбакистон зери хатар қарор мегирад, ягон асоси илмӣ вуҷуд надорад ва ин иддао афсонае беш нест.

Сохтмони неругоҳи Роғун дар обёрии заминҳои кишварҳои поёноб шароитҳои муфидеро фароҳам хоҳад овард. Дар сурати захираи об сарбанд дар 12-15 сол пури об мегардад ва он ҳам соле 1, 5 ҳазор м3, ки 5% оби дарёи Вахшро ташкил медиҳад. Захираи об дар сарбанди Роғун имкон фароҳам меоварад, ки 2 миллион гектар заминҳои хушкшудаи Узбакистон обёрӣ гардад ва дар ба танзим даровардани захира ва масрафи об нақши калидӣ мебозад.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз солҳои 30-юми асри пор олимон гуфта буданд, ки агар истифодаи об дар минтақаҳои Узбакистону Туркманистону Қазоқистон бо ин тарз истифода шавад, хушкшавии баҳри Арал ногузир аст. Солҳои 60-ум аҳолии Осиёи Миёна 21 миллионро ташкил медод ва захираҳои заминҳои обӣ 2,7 миллион гектарро дар бар мегирифт. Ҳоло миқдори аҳолӣ беш аз 60 миллионро ташкил медиҳад. Имрӯз танҳо аз рӯдхонаҳои Омӯ ва Сирдарё беш аз 9 миллион гектар заминҳои кишварҳои поёноб обшор мешавад, ки 4, 5 миллиони он мутааллиқ ба Узбакистон аст. Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор дорад, ҳамагӣ 720 ҳазор гектари заминҳои худро обёрӣ мекунаду халос, ки ин нисбат ба Узбакистон 6 маротиба камтар аст. Дар ҷамоҳири Узбакистону Туркманистон беш аз 300 кӯлҳои маснӯъӣ мавҷуд аст, ки калонтарини онҳо кӯлҳои Ҳайдарқул ва Арнасай мебошанд, ки ҳар кадом 3500 км2 масоҳат доранд ва ҳаҷми оби захиравии онҳо 40 км3-ро ташкил медиҳад ва се маротиба аз кӯли Сарез зиёдтар аст. Кӯли Сариқамуш 4000км2-ро дар бар гирифта, 46 км метрии мураббаъ об захира дорад. Инҳо ҳама дар қаламрави Ҷумҳурии Узбакистон қарор доранд, ки захираи обҳо дар маҷмӯъ 1, 5 маротиба аз баҳри Арал зиёдтар аст. Барои он ки ҳомиёни навини минтақа аз қабили оқои Ислом Каримов бифаҳманд, ёдовар мешавем, ки оби дарёи Вахш ҳамагӣ 27% обҳои рӯдхонаи Омударёро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 5%-и оби Вахшро истифода мекунаду бас. Боқимонда ҳама дар гулӯи ташна ва носери заминҳои кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад.

АЗ ХУШКШАВИИ АРАЛ УЗБАКИСТОН СУД МЕБАРАД

Нуктаи муҳим ва ташвишовар ин аст, ки чи қадар заминҳои назди баҳри Арал хушк шудан гиранд, ҳамон қадар ин кор ба манфиати Узбакистон анҷом меёбад. Масалан, дар қитъаҳои хушкшудаи соҳилҳои баҳри Арал солҳост амалиётҳои таҳқиқотӣ ҷиҳати истихроҷи нафту гоз аз ҷониби Узбакистон бурда мешавад. Бо такя ба иттилооти "Гузориши миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи манобеъи табиӣ"-и Узбакистон ва гузоришҳои вазоратҳо, ташкилоту муассисаҳои соҳавии ин кишвар гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон ширкатҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои дохилӣ манобеи нафту гозро дар минтақаҳои хушкшуда ҷустуҷӯ доранд ва ба ин ҳам муваффақ гардидаанд. Ба "қавле гӯр сӯзаду дег ҷӯшад", бигзор Арал хушк шаваду мо фоида ба даст биоварем. Аз ин ки баҳри Арал хушк мешавад, барои сиёсатмадорони узбак ҳеҷ аҳамияте надорад. Ҳадаф танҳо як матлаб аст. Ба ҳар навъе, ки ҳаст, набояд гузошт, ки Тоҷикистон аз истиқлолияти худ баҳраманд шавад ва рушду тараққӣ ёбад. Тавре дар замони султаи Шӯравӣ буд, Тоҷикистон ҳамчунон бояд мутеъу дастнигари Узбакистон боқӣ бимонад. Зеро дар он солҳо ҳатто буҷаи кишвари моро раҳбарияти Узбакистон муайян мекард ва дар таъйин ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳо нақши калидиро ифо менамуд. Соҳибмулкиро ихтиёр намудани Узбакистон дар минтақа дар шароити рӯз нақшест хиёлӣ ва рӯи об, ки амалӣ шуданаш ғайриимкон аст ва пиёда сохтани чунин як мақсад бозӣ кардан бо оташ аст ва муште бар сӯзан заданро мемонад.

ИСЛОМ КАРИМОВ ҲЕЗУМКАШИ НИЗОЪИ ТОҶИКИСТОН

Натиҷаи чунин як сиёсатбозиҳо рӯшан месозад ва собит менамояд, ки даргириҳои солҳои 90 кори дасти мухолифини мо набудааст ва маҳз ҳамин "дилсӯзиҳо ва лутфу меҳрубониҳои дӯстон" будааст, ки ҷанги шаҳрвандиро дар кишвари мо созмон додаанд ва тоҷикро бо тоҷик хостанд душман бисозанд. Яке аз дӯстонам аз минтақаи Роғун мегӯяд, ки дар он солҳо тайёраҳои ҷангии бомбафкани Узбакистон шабу рӯз бо баҳонаи ин ки мухолифинро таъқиб ва саркӯб менамоянд, беист дар қаламрави неругоҳи Роғун бомбафканиҳои ҳадафмандеро анҷом медоданд ва иншоотро, ки аллакай сохта шуда буд, тахрибу валангор мекарданд. Аслан агар бигирем, дар ин маҳалҳо нафаре аз мухолифин ҳузур надошт ва мардуми осоишта чунин як ваҳшониятро бо чашми худ медиданд…

Имрӯз, ки каме нооромие дар қисмати шарқии кишвар рух додааст, суханрониҳои ҳадафмандонаи президенти ҳамсоякишвар чӣ маънӣ дорад ва чӣ аҳдоферо дунболгирӣ менамояд? Аз ин ки дар Тоҷикистон вазъ ноором мегардад, ҳамсояи мо бояд нағора бизанад ва рақси шодӣ намояд? Магар нооромии ҳамсоя ҳамсояро бояд хушнуд гардонад? На, чунин як тафаккури манфӣ дар тафаккур ва тааққули солим гунҷида наметавонад ва билохира чоҳкан худ ба чоҳ меуфтад, ки дар ин ҳикмати халқӣ ҳикматҳое нуҳуфта ва дар маҷрои зиндагӣ собит шудааст, ки мақоми чоҳкан то куҷост.

БЕҲТАР АСТ БИМИРЕМ!

Шояд сиёсатмадорони ҳамсоякишвар гумон кунанд, ки бо роҳбастанҳову қатъи рафтуомади ду миллати қарнҳо бо ҳам пайванд, моро маҷбур ба таслимшавӣ дар муқобили худ қарор медиҳанд? Ин фикр билкул ғалат аст ва миллати тоҷик ва тамоми қавму миллатҳои ин сарзамин ҳеҷ гоҳе ба фиребу найранги чунин як сиёсатҳои ғализу бӯгин ва муғриз тан дар нахоҳанд дод. Абдулло Раҳимбоев ва хоиноне амсоли онҳо, ки дар ивази навозише Самарқанду Бухоро ва қисмати аъзами сарзаминҳои Тоҷикистонро таслими Узбакистон карда буд, дигар имрӯз дар байни мо вуҷуд надорад. Агар роҳҳои моро мебанданд, агар аз фишангҳои дигаре истифода менамоянд, мо дар муқобили ин ҳама садҳо тадобире бояд биҷӯем ва ҳаргиз мутеъ ва фармонбардори онҳое, ки дар андешаи бадии моанд, набошем. Бигзор роҳҳои мо аз тариқи кишвари воқеан дӯсти мо Қирғизистон, ки он ҳам аз тарафи Узбакистон фишор мебинад, аз нав боз гардад. Агар дар ин кор каме мушкилӣ мекашем, дар оянда аз он бурд хоҳем кард ва аз фишангҳои дигаре аз қабили тағйир додани маҷрои обҳои худ ва захираи онҳо дар қаламрави марзи худ истифода намоем. Заминҳоеро, ки солҳост ташнаи обанд, аз нав эҳё намоем ва онҳоро аз кишвари ҳамсоя зиёдтар гардонем. Тавре президенти Узбакистон таъкид мекунад, агар мушкилоти обӣ намедошт, миқдори заминҳои обиашро ба 10 миллион гектар мерасонид. Пас мо, ки соҳиби обем ва дар саргаҳи он қарор дорем, чаро аз чунин як имконияте истифода набарем? Шояд дар ин мавзӯъ мутахассисин ва коршиносон бигӯянд ва роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд.

Имрӯз дар вазъияти ҳассосе қарор дорем ва бадбинони мо бо азму талошҳои зиёд мекӯшанд вазъро дар кишвари мо буғранҷтару печидатар созанд ва нооромиеро барпо намоянд. Мо, ки як бор бо дасисаи душманонамон дар чоҳ уфтода будем, набояд дуввумбора иштибоҳоти худро такрор намоем. Дар шароите, ки "дӯстон"-и мо аз нооромии ба вуҷуд омада табли шодӣ мезананд, бояд аз пештар дида муттаҳид ва якпорча бошем. Ба ҳар навъе, ки бошад, бояд нерӯгоҳи Роғун сохта шавад ва вазифаи мо ин аст, ки дар ин сохтмони тақдирсоз бетараф набошем. Зеро барои ҳамсоя агар обёрӣ кардани заминҳояш муҳим бошад, бунёди ин нерӯгоҳ тақдири минбаъдаи миллат ва сарнавишти давлатдории моро муайян месозад. Кӣ медонад, шояд нооромиҳои ахир дар шарқи Тоҷикистон маҳз бо дасти тарроҳоне пиёда шудаанд, ки бунёд шудани Роғунро ба ҳар қиммате намехоҳанд? Ҳатто агар дар ин бозӣ хун ба рақс ҳам ояд.

Аз ин рӯ ҳар шаҳрванде, ки дар Тоҷикистони азиз зиндагӣ дорад, набояд бигузорад, ки бо хуни бачаҳош бозӣ кунанд. Ва ҳамагӣ бояд ёд дошта бошанд, барои мо Ватан танҳо ТОҶИКИСТОН аст ва берун аз он мо ҳеч касем. Ҳамин матлаб бароям рӯшан аст, ки агар тоҷике бимирад, танҳо тоҷике ӯро кафан мекунад ва аз ин ки ба хотири шикам пур кардан худро мутеи душман мегардонем, беҳтар аст бимирем.

Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97