Номи ғайритоҷикӣ бар ивази як барра

Сиёсат 11.10.2010 10:37
4144

Болшевик айб надорад

Дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон номҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Вахш «Роҳи Ленин», «Оқгаза» ва «Янгиобод» бо номҳои ифтихории тоҷикӣ иваз карда шудаанд. Акнун ҷамоати деҳоти «Роҳи Ленин» номи «Абӯабдулло Рӯдакӣ»-ро гирифт. Ҷамоати «Оқгаза» ба «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷамоати деҳоти «Янгиобод» ба номи «Ваҳдат» иваз карда шуд. Пӯшида нест, ки ҳанӯз аз даврони азхудкунии заминҳои водии Вахш бештар аз ҷамоатҳои деҳот собиқ «колхоз»-у «совхоз»-ҳо ва кӯчаю маҳаллаҳои навоҳии вилоят номҳои ғайритоҷикӣ доштанд. Бешуб- ҳа, шояд ягон нафар аз афсарони Армияи Сурхи Русия намонда бошад, ки ба ифтихораш ягон кӯчаю хоҷагиеро нагузошта бошанд. Мутаассифона, дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан дар 19 соли соҳибистиқлолии кишвар теъдоди ангуштшумори фарзандони содиқи Ватан кӯшишу ҷонбозиҳо мекунанд, ки номгузории ин ё он маҳал бо забони тоҷикӣ сурат гирад. Мутаассифона ва шояд дуруст бошад, ки дар асоси қонунҳои мавҷуда тағйири номҳои маҳал бидуни ризоияти маҷлисҳои вакилони маҷаллӣ амалӣ намегардад. Ин аст, ки барои иваз кардани номи як ҷамоати деҳот ва ё кӯчаю хиёбонҳои шаҳру навоҳии вилоят мебояд ризоияти вакилони сатҳҳои гуногуни маҳалиро интизор шуд. Ҳамин тавр, аз татбиқи нахустин қонуни кишвар дар бораи забони давлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвар 20 сол сипарӣ гардиду то ҳол даҳҳо кӯча бо ҳамон номҳои даврони болшевӣ боқӣ мондаанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро мо кулли ҷомеа дар боби забони давлатию посу эҳтиром забони давлатиамон бисёр мегӯему аммо дар асл барои амалӣ гардонидани ормон- ҳои миллии хеш ва баҳри дар амал татбиқ намудани қонунҳои мавҷуда кореро ба сомон расонида наметавонем.

Албатта як камбуди мо дар раванди тоҷикигардонии номҳои беарзиш ин ғайри касбӣ будани маҷлисҳои маҳаллии мо мебошанд, ки он ҷо дар муддати намояндагии мардумро дар маҷлисҳои маҳаллӣ муаррифӣ кардан, ба чунин масоили миллӣ таваҷҷӯҳ надоранд. Ҳол он ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳар соле рӯзи забонро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирему аммо барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷум- ҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ корҳоеро, ки мебоист иҷро намоем, аммо ба таъхир гузоштаем. Имрӯз навоҳие аз вилояти Хатлонро мисол овардан мушкил аст, ки дар он кӯчаю маҳаллае набошад, ки ба ифтихори ин ё он болшевик номгузорӣ нашуда бошад. Бешак дар дифоъ аз забони давлатии худу посдории арзишҳои миллию фарҳангиамон калавишҳои қадимӣ дорем. Маҳви забону арзишҳои миллию фар- ҳангии моро натанҳо дар замони ҳуҷумҳои манғиту муғулу юнониёну дигар қабилаҳои аҷнабӣ, балки дар 70 соли даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам идома ёфтааст. Зеро халқи тоҷик аз азал аз ҳиллаву найрангбозӣ орӣ буд. Аммо дар мулку сарзаминаш, неруҳое қасди несту нобудсозии ӯро доштаанду пайваста илму маънавиёташро зеру забар мекарданду фарҳангашро поймол.

«Террорист»-и зеҳнҳо дар Ҳисори шодмон

Як нафар аз рӯшанфикрони хатлонӣ, ки бисёр ҳувияти баланди миллӣ дорад, вале дар баҳсу мунозираҳо баъзан дӯстон таънааш мекунанд, ки чаро насабат тоҷикӣ нест. Боре ӯ аз саргузашти ниёкони худ қисса кард: «Охирҳои солҳои 1890 ва оғози 1900 гузаштагони мо дар водии Ҳисор умр ба сар мебурданд. Дар солҳои вазнини рӯзгор, ки ҳатто одамон аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасиданд, нон бузургтарин ато маҳсуб меёфт.

Мутаассифона, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо, эродҳои тоҷикон нисбати ному насаби оилаҳои онҳо на дар он солҳо ва на дар 100 соли оянда ба гӯш нарасид. Ҳамакнун вақте мардуми тоҷик соҳиби истиклолият шуду ифтихори миллии мардум бедор шуд, набераю аберагони он мардумон изҳори норозигӣ аз он менамоянд, ки гузаштагони онҳо тоҷиканд, танҳо аз рӯи зарурият номҳои ғайритоҷикӣ гирифтаанд. Ин ҳам шаҳодат аз камсаводии он мардум медод, ки дар оила фарзанде Ҳақдод ном дошту бародари кӯчаки ӯ бошад Ҳақбердӣ ё яке Худододу бародари дигар Худойбердӣ ва ғайраву ҳоказо.

Номҳои диёр ва мушкили

маънавӣ

Дар бобати ном- ҳои кӯчаю маҳаллаҳо бошад, мо мушкилоти вазнинтар дорем. Зеро агар дар баъзе аз навоҳии вилоят бештар номҳои деҳотро иваз карда бошанд, дар дигар навоҳӣ алъон номҳо номҳои замони шӯравӣ боқӣ мондаанд. Ин дар ҳолест, ки барои маърифати мардумро тоҷикӣ кардан боз шояд даҳсолаҳои дигар лозим бошад. Зеро барои мардуме, ки як умр деҳаи худро Ворошилобод, Чапаев ё Ленин-юлу Қизыл-тумшуқ ном бурдаанд, осон нест, ки дар зеҳну забонашон вожаҳои «Истиқлол»-у «Озодӣ» ё «Боғистон» ба зудӣ нақш бандад. Масалан ҳанӯз чандин сол қабл хоҷагиҳои калоне номҳои маҳаллаҳои «Коммунизм», «Туркманистон» ва «Москва» ё «Тералӣ»-ро иваз карда буданд. Аммо мардум то кунун дар сӯҳбатҳо номҳои кӯҳнаи ин маҳаллаҳоро ба забон меоранд. Мақсад аз навиштани ин эрод- ҳо ин аст, ки тағйири номҳои ғайритоҷикӣ ба номҳои созгори арзишҳои миллию фарҳангии мо ҳанӯз натиҷаи дар амал татбиқ намудани қонун дар бораи забони давлатӣ нест. Барои расидан ба ҳадафҳои миллию фарҳангӣ мебояд даҳсолаҳо заҳмат кашида, зеҳнҳои мардумро бо вожаҳои тоҷикӣ маънавиёти онҳоро бо ғизои фар- ҳангӣ пур кард.

Мутаассифона дар ин самт дастгоҳҳои маънавии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корро бо таври аҳсант ба роҳ намондаанд.

Масъалаи дигари дардовар, ки хушбахтона то ҷое ба он расидагӣ сурат гирифтааст, забони таблиғот мебошад. Албатта реклама бахши муҳими расонаҳои савтӣ ва видеоӣ мебошад ва манбаи асосии даромади шабака маҳсуб меёбад, аммо масоили забони давлатӣ ва ҳалли мушкилиҳои фарҳангию маънавии мо бояд дар мадди аввал гузошта шавад. Охир шеъри

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед…

- ба ҳамин хотир гуфта шудааст.

Носталжӣ ва бузургони

миллат

Умуман расидан ба ҳадафҳои миллӣ кори саҳл нест. Дар ин ҷода кушишҳои зиёде мебояд ба харҷ дод. Ба хусус вақте масоили марбут ба маънавиёти ҷомеа мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад. Алъон, ки ба мо имкон даст надодааст, то тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳотро ба тоҷикӣ гардонем, дар тарбияи маънавии мардум баҳри рушди забони давлатӣ мушкил аст, ки ба натиҷаи дилхоҳ бирасем. Алъон, ки камбудиҳои забониро дар номгузории маҳалҳо пурра ҳаллу фасл накардаем, бояд ислоҳотро аз ҳамин корҳо оғоз кунем. Аммо барои ба иқдоме даст задан ҷомеаи мо ба неруи таҳрикдиҳандае ниёз дорад, то ҳар фарди ҷамъият аз раисони маҳалла, вакилону дабирони худ қотеъона талаб кунанд, ки номи кӯчаю хиёбоне, ки барои арзиш- ҳои миллию фарҳангии онҳо ҳусни бегонагӣ доранд, иваз карда шаванд. Ба хусус вазифаи раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳост, ки дар ин кор бо истифода аз нируи зеҳнии мардум номҳои миллиро эҳё кунанд. Фикр мекунам, ин кори чандон мушкиле нест, вале фарҳанги мутеъ будан ва бегонапарастӣ боис шудааст, ки фармон аз боло шавад. Ва ҳам шояд то ҳол дар кишвари мо нафароне ёфт мешаванд, ки аз он «қаҳрамон»-ҳое, ки тамаддуни моро ба нестӣ мебурданд, «носталжӣ» доранд. Не?

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97