Русҳо Искандаровро бар ивази чӣ “фурӯхтанд”?

Сиёсат 24.09.2010 07:48

Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо бо содири ҳукме дар рӯзи 23-юми сентябри соли 2010 Русияро дар боздошт ва интиқоли ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом кард.   Додгоҳ гуфтааст, Русия ду банди Қатъномаи ҳуқуқи башари Урупоро вайрон кардааст, ки яке манъи рафтори ғайриинсонӣ ва тавҳиномез ва дигаре ҳуқуқ ба озодӣ ва амният аст. Додгоҳи Урупо Русияро ба миқдори 30 ҳазор евро ҷарима бастааст.

Дар баёнияи Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо омадааст, ки ниҳодҳои зирабти Русия моҳи декабри соли 2004 Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистонро бо дархости давлати Тоҷикистон дастгир карда, аммо ба ин кишвар истирдор накардаанд ва дар 4 апрели соли 2005 ӯро озод кардаанд.

М. Искандаров пас аз озодӣ дар шаҳри Королеви вилояти Маскав будааст. Вале шоми 15 апрели соли 2005 ӯро ду милисаи бехатарии роҳ ва чанд нафари дигар, ки рус буданашон маълум будааст, дастгир карда ва бо дасти баста бо мошин бурдаанд.

Искандаров бенишон шуда ва пас аз ду рӯз ба таври ғайриқонунӣ аз ҷониби ниҳодҳои зирабти Русия тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст.

Дар соли 2005 Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзи Искандаровро ба иттиҳоми сирқати амволи давлатӣ ва терроризм ба муддати 23 сол равонаи зиндон кард.

Анна Ставитская, вакили дифоъи Искандаров мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ аз сӯи мақомоти Русия ғайриқонунӣ дуздида шудааст ва ба ҷониби Тоҷикистон дода шудааст:

Акнун суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки; “русҳо Искандаровро бар ивази чӣ “фурӯхтанд”?”
©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97