Абдулло бин Раҳим оё бин Лодани Тоҷикистон аст?

Сиёсат 22.09.2010 14:07

Даргирии пас

аз «оши оштӣ»

 

 Дар задухӯрде дар мавзеъи дараи Камароби ноҳияи Рашт, 19 сентябр 25 нафар кушта шудааст.

Афроди кушта шуда мутааллиқ ба сарбозони Вазорати дифоъи кишвар ҳастанд, ки дар пайи ҳуҷуми як гурӯҳи мусаллаҳ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар пайи ин ҳамла ҳамчунин шумори зиёди афрод низ маҷруҳ шуда ва ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳамлагарон тарафдорони Абдулло Раҳимов, бо лақаби Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов, бо лақаби Алии Бедакӣ, ду тан аз фармондеҳони мухолифини пешини давлати Тоҷикистон ҳастанд. Нерӯҳои давлат замоне мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ки саргарми ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ будаанд.

Дар ин минтақа ахиран иддае аз фармондеҳони собиқи мухолифин аз фаъол будани худ дарак додаанд, ки гуфта мешавад, миёни онҳо ва давлат то ҷое фосила вуҷуд дорад. Ҳафтаи гузашта мақомоти баландпояи низомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо бархе аз ин фармондеҳон гуфтугӯ карда ва итминон доданд, ки давлат алайҳи онҳо ҳеч иқдоме нахоҳанд кард.

Аммо мақомоти интизомии кишвар дар бораи ин мулоқот ва масоили дар он баррасӣ шуда, ба сурати расмӣ изҳори назар накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, интиқоли нерӯи низомӣ ба минтақаи Рашт бо ҳадафи боздошти зиндониёни фирорӣ сурат гирифтааст. Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон гуфтаанд, то кунун ҳафт тан аз ин зиндониён, аз ҷумла ду табаъаи Русияро, боздошт кардаанд.

Иддае аз коршиносон риоят нашудани адолати иҷтимоиро, ки яке аз асосҳои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллист, аз омилҳои аслии ноамниҳо дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

 

Мулло Абдулло кист? Шабаҳи Бин Лодан?

 

Чуноне зикр шуд, мақомоти масъули Тоҷикистон кушта шудани сарбозони Неруҳои мусаллаҳи кишварро дар Дараи Камароб кори дасти гурӯҳҳои Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ медонанд.

Абдулло Раҳимов ё Мулло Абдулло аз фармондеҳони пешини нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилӣ буд, ки дар пайи имзои созишномаи сулҳи соли 1997 кишварро бо иддае аз тарафдоронаш тарк кард. Вай шароити ин созишномаро напазируфт. Дар гузашта гузоришҳое аз кушта шудани вай низ мунташир шуда буд. Бархе манобеъ ҳам гуфтаанд, ки вай дар Покистон ё Афғонистон аст.

Тобистони соли гузашта фарзияҳое дар бораи ҳузури вай дар Тавилдара пахш шуд. Ба дунболи ин овозаҳо нерӯҳои давлат амалиёте дар Тавилдара анҷом доданд, ки теъдоде кушта ва захмӣ шуданд.

Дар ҷараёни яке аз даргириҳо Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолатҳои фавқулодда ва фармондеҳи аршади ИНОТ дар замони ҷанги дохилӣ ба қатл расид. Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфта буданд, ки Мирзо Зиёев бо гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбари маводи мухаддир иртибот дошта ва аз сӯйи тарафдорони худ кушта шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз қавли интиқодгарони давлати Тоҷикистон мегӯянд, давлат мухолифини худро бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва тундгароии исломӣ саркӯб мекунад.

 

Хушҳолии мардум аз Сулҳ ва хабари Ҷанг

 

Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки дар 27 июни соли равон 13 солагии ин рӯйдоди муҳим бо шукӯҳу ҷалол дар Бадахшон таҷлил гардид, бар қалбҳои мардуми аз ҷанги панҷсолаи хатарбору маргзо безор шуда, дубора шодиву нишот омад. Акнун суъол ин ҷост, ки даргириҳои хунин дар Камароб ва куштаву маҷрӯҳ шудани сарбозони тоҷик ва номаълум боқӣ мондани анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рашт ба ваҳдати миллӣ то куҷо таъсиргузор хоҳад буд. Оё Созишномаи сулҳи тоҷикон халалдор ва фазои амну осоиштагии кишвар ноором нашуд? Оё ин қазия роҳи ҳалли мусолиматомез дошт, агар дошт, чаро масъулин ба хотири нарехтани хуни фарзандони мардум аз он кор нагирифтанд? Ва агар ба ҷуз ҳалли низомӣ дигар ҳама роҳҳо баста буд, пас чаро кор ба ин аҳвол расид? Ва чаро мақомоти масъули интизомӣ неруи мухолифи дар Камароб гирд омадаро нодида гирифтанд? Ва агар аз таҷаммуъи ин неру огаҳ буданд, пас чаро бар алайҳи эшон аз неруи сарбозони дар илми ҷангӣ ноозмуда ва ҷавонони бетаҷриба истифода шуд? Чаро дар чунин як амалиёти муҳим аз неруҳои кордидае амсоли СОБР, ОМОН, УБОП, милиса, ё афсарони соҳибтаҷрибаи Вазорати дифоъ истифода нашуд? Ва чун ин амалиётро масъулин иқдоме барои боздошти 18 зиндонии фирории боқимонда хонданд, чаро неруҳои зиёде ба Рашт мунтақил шуд, ки он боиси нороҳатии мардум, аз ҷумла ҷангиёни собиқи мухолифи давлат гардид? Чаро танҳо пас аз кушта шудани сарбозони Вазорати дифоъ дар Камароб масъулини мақомот аз ҳузури гурӯҳи Мулло Абдулло дарак доданд? Ин Мулло Абдулло кай ба Камароб омад ва тариқи куҷо дар ин мавзеъ ҳузур ёфт? Чаро ҳамон соле, ки масъулин гуфтанд, Мулло Абдулло бо гурӯҳаш дар Тавилдара қарор дорад, амалиёт бар алайҳи ӯ то охир анҷом наёфт? Аз Тавилдара ин муллои ҷангӣ ва бо давлат қаҳрӣ бо кадом роҳ ва ба куҷо фирор кард? Имсол боз дубора аз куҷо пайдо шуд ва суъоли асосӣ ин аст, ки оё ин дафъа ӯ боздошт мешавад ва ё чун пор ба самти номаълуме фирор хоҳад кард? Ин мулло Абдулло барои давлати мо ҳамчуноне шудааст, ки Усома ибни Лодан барои ҳукумати Амрико ва акнун вақт аст, ки муборизаро барои боздошти Усомаи тоҷик пурзӯр бояд кард. Вазифаи давлат, қабл аз ҳама нируҳои амниятӣ ва низомии Тоҷикистон ва ҳамчунин мардуми кишвар аст, ки сулҳу суботи дар ивази хуни ҳазорон фарзандони ин миллат ба даст омадаро бояд ҳифз кунанд.

 

“МИЛЛАТ”        

 

 

 

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97