ҲОМИИ КИШВАРИ "РАВШАНУ ҶАМШУДҲО" КИСТ?

Сиёсат 29.05.2010 14:17

Хеле нангин аст, ки тоҷик дар зеҳни мардум ва матбуоти кишварҳои пасошӯравӣ аз як миллати сарбаланду озода ба миллати Равшану Ҷамшудҳо бадал шуд. Ин воқеан ҷойи дард дорад ва кам набудаанд нафароне, ки ин мавзӯъро борҳо мавриди барассӣ қарор додаанд, аммо натиҷааш ҳамоне мисли мансабдорони мо хомӯшӣ ва сифр аст. Ин мавзӯъ хеле дастхӯрда ва ба истилоҳи забоншиносон "забонзадаву обшӯста" ҳам шудааст, аммо шаъну шарафи инсон ва ғурури як миллат ҳеҷ гоҳ забонзадаву обшӯста нест.

Ахиран ҳам чанд омиле маро маҷбур кард, ки рӯйи ин мавзӯъ ҷиддитар андеша кунам ва фикр мекунам дар ин маврид дигарҳо ҳам бояд ҷиддитар фикр кунанд, аз ҷумла вакилон ва роҳбарони мақоми аввали кишвар. Чанд омил боис шуд то ин мавзӯъро бори дигар матраҳ кунам:

Аввалан: Нашрияи "Комсомольская правда" ("КП") аз 7-05. 2010 бо унвони "Маленьким Равшанам и Джамшутам запретили вьезд в России" матлабе чоп кардааст. Дуввум чанд сол пештар Порлумони Тоҷикистон нисбат ба барномаи "Наша Раша"-и телевизиони ТНТ-и Русия изҳорот дода буд, аммо директори ин шабака ин изҳоротро як изҳороти бепояву бе мантиқ хонда буд ва гуфта буд, ки агар ман ба ин изҳорот ҷавоб гардонам "аблаҳона мешавад".

Дигар ин, ки соли гузашта аз 30-юми май то 9 июн дар шаҳри Мински Белорус Форуми байналмилалии ҷавонони ИДМ бо номи "Дӯстӣ бидуни марз" доир гардид ва банда ҳам иштирокчии ин Форум будам. Бар асоси қоидаҳои Форум ҳар кишвари иштирокдор як рӯз кишвари худашро муаррифӣ мекард. Ва рӯзе, ки навбати муаррифии Тоҷикистон буд як қазоқ аз ман суол кард, ки имрӯз муаррифӣ доред? Гуфтам, бале. Гуфт, Равшан ва Ҷамшудро муаррифӣ мекунед? Ин замон воқеан мехостам, ки ӯро бикушам. Ва дарун-дарун ба ҳоли ин миллат месӯхтам ва ба нафароне, ки моро ба миллати Равшан ва Ҷамшудҳо табдил додаанд, нафратам зиёдтар шуд ва онҳоро лаънат мехондам. Ҳамчунин яке аз бародарони муҳоҷир сӯҳбат кард, ки дар Русия хобгоҳҳо ва вагонҳоеро, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд русҳо "Джамшудникый" мегӯянд. Ин таҳқир ва иҳонат дар филми "Тухмҳои тақдир" сареҳ ва равшантар шуд. Матбуоти рус акнун аз истифодаи номҳои Равшан ва Ҷамшуд истиҳола намеварзанд чун мебинанд, ки Тоҷикистони расмӣ ба унвони ватани ин миллат хомӯш ҳаст ва онҳо мақоли тоҷикии "сукут аломати ризо"-ро низ медонанд.

Акнун замоне ки мо аз худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳарф мезанем, замоне ки мо мехоҳем нуфузи бештареро дар миқёси минтақа дошта бошем ва замоне ки мо алорағми ният ва мақсади абарқудратҳо тасмимгирӣ мекунем, айб нест, ки моро чунин ном бибаранд? Айб аст! Русия ба унвони бозингари асосии сиёсатҳои минтақа ва воситаҳои ахбори умумаш ба сифати минбари амалӣ кардани ин бозиҳо моро танҳо миллати Равшан ва Ҷамшуд медонанд. Ин сухан барои тоҷике, ки худашро эҳтиром мекунад таҳқир аст. Новобаста аз он ки ӯ муҳоҷир аст, фарҳангӣ аст, вазир аст, сарвазир аст ё Президент. Иҳонати як ммиллат аз ин зиёдтар намешавад, вақте як нашрияи ҷиддии Русия тифлони зору мустаманди тоҷикро, ки чашмашон ба падарони муҳоҷирашон чор аст "Маленьким Равшанам и Джамшутам" мехонад. Порлумони Тоҷикистон ва Раисони палатаҳои он ҷанобони Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров оё ин доғи сиёҳро наметавонанд аз номи ин миллати сарбаланд бардоранд? Ё онҳо хешро таҳқиршуда намеҳисобанд?

Хеле дарднок аст, ки Тоҷикистони расмӣ ин таҳқирҳоро мисли як сухани муқаррарӣ таҳаммул мекунад. Фақат расонаҳо ҳастанд, ки аз номи ин миллат ҳарф мезананд, аммо касе онҳоро эътироф карданӣ нест. Ин ҳам Тоҷикистон ва тоҷикон ҳастанд, ки матбуотеро, ки бо шаддидтарин шева таҳқираш мекунад, нашр ва таблиғ мекунад. Ва мутмаинам, ки аз ин ба баъд ҳам нашр ва таблиғ мешаванд.

Чун дар сатҳҳои поёнтар касе "гурда"-и ба тарроҳони "миллати Равшан ва Ҷамшуд" ҳарф заданро накард, сухан танҳо ба Президент мемонад. Чун дар мо як сиёсати табиӣ ба вуҷуд омадааст, ки ҳама корро бояд Президент ҳал кунад. Ба назари ман вақте ки ҳар тоҷик ин саҳнаҳои таҳқиру нафратро мебинад ва суханҳои таҳқиромезро мешунавад, ҳатман тасаввур мекунад, ки ӯ ба ин миллати таҳқиршуда бастагӣ дорад. Ва тарроҳони "миллати Равшан ва Ҷамшуд" ҳам рӯйи ҳамин ҳисоб кардаанд, ки ҳатман мо бояд таҳқир бишавем. Барои ман ҳам хеле муҳим аст бидонам, ки Оё Президенти мӯҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон худро Президенти кишвари миллати Равшан ва Ҷамшудҳо эътироф мекунад?

Ҳатман бар инам, ки не. Пас ин миллатро чаро ба шадидтарин шеваҳо таҳқир мешавад. Чаро Сафорати Русия дар Тоҷикистон барои ВАУ ва мақомҳои давлативу мансабдоронаш чун Онишенко эътибор надорад.

Оё аз доғи миллати Равшану Ҷамшудҳо раҳонидану тоза кардани миллати тоҷик устувор кардани истиқлоли сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистон нест?


Иршод СУЛАЙМОНӢ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97