КУЧУК САГӢ БИГЗОР! Ё тифлони тоҷикро таҳқир карданд

Сиёсат 29.05.2010 14:14

Ҳар лутиву руспӣ ва Галуву Кучук чун минбару майдон ёфт, сӯйи миллати мо санги таҳқиру маломат афканд ва аз рон болову пойини пойи тоҷикро то ҳанӯз газидану хойидан дорад ва ҳам шояд аз он газиданҳо лаззате бурда, ки тарки ин аъмоли нохуш барояшон гарон уфтода. Ин ҷо гилаи мо аслан аз бадхоҳонамон нест, балки аз онҳоест, ки нашрияҳои аҷнабии матлабҳои тавҳину таҳқири миллати тоҷик доштаро майдон додаанд, ки бадбахтона эшон ҳам тоҷиканд ё хешро тоҷик меҳисобанд.

Рӯзномаи "Комсомольская правда" ("КП") аз 7-05. 2010 зери унвони "Маленьким Равшанам и Джамшутам запретили вьезд в России" хабареро бо имзои Александр Кучук дар мавриди манъи воридшавии тифлони то 6 солаи тоҷик ва хушкмеваҳои Тоҷикистон, ки ин амал бо амри духтур- эпидемологи рақами 1- и Русия ҷаноби Онишенко сурат гирифтаааст, ба чоп дода овардааст, ки гӯё дар кишвари мо 200 ҳодисаи фалаҷшавии тифлон ба қайд гирифта шуда, 12 тани онҳо бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.

То куҷо ин омори Кучук воқеъист, онро ба виҷдони ӯ (агар он бошад!) ва ба масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳавола мекунем. Агар Кучук ва "КП" чунин як унвони таҳқирбарангез ва масхараи тифлони маъсуми тоҷикро ба ин хабари лачу фачи хеш намегузоштанд, мо коре ба амри санитари 1-и рус ва бар ҳеч Кучуку нӯкарони "КП" надоштем. Таҳқири тоҷикон аз ҷониби армании яҳудитабори рус Галустян ва ёронаш кам буд, ки инак "КП" ва Кучукаш ба дашному масхараи тифлони тоҷик пардохта. Агар лаънат бигӯям бар ҳар Галуву Кучук, ки сӯйи тоҷик меҷакад, шояд кам гуфта бошам, вале ба онҳое, ки дар Душанбе- пойтахти давлати ин тифлони таҳқиршуда барои "КП"-ву Кучук майдон додаву саманди таблиғоти идеологияи бегонаро зину лаҷом омода кардаанд, чӣ гӯям?! Аҷаб миллатдӯстиву ватанхоҳие, ки дар хидмати тарғиби идеологияи аҷнабиён буда бошему онҳо ақаллан инро ба назар нагирифта, дар ҳамон нашрияе, ки майдонаш додаем, моро тавҳин кунанд. Масъулини Дастгоҳи Президент, Порлумон, вазоратҳои хориҷа, фарҳанг ва амнияти мо, хуб бигирем, қудрати бастани ТНТ, посух гуфтан ба он ҳама таҳқиру таъну масхараи мо ё ба додгоҳ кашидани Галуву ёронашро надоранд, магар зӯрашон кофӣ нест аз нашри чунин рӯзномаҳои матлаби пастзанандаи номусу шарафи тоҷикон дошта, ки дар Душанбе чоп мешаванд, ҷилавгирӣ намоянд. Нашрияе, ки дар Душанбе, дар сояи лутфу марҳамати хайрхоҳонаш ба чоп мерасаду як журналисташ тифлони нозбӯи моро ба мазоҳу масхара мегирад, магар ҳаққи ин ҷо майдон доштану паҳн шуданро дорад? Ҳам таҳқири тоҷик ва ҳам озод дар Ватани ӯ фаъолият кардан, мантиқ куҷост?! Ин суъолест барои масъулини давлат, ки аз ҳама бештар доди миллатдӯстиву ватанхоҳӣ мезананд. Чаро ин амали "КП" ва Кучукаш онҳоеро, ки дар тарғиби ин нашрияи бегона миёнро аз ҳафт ҷой бастаанд, ба ташвиш наоварда? Куҷо шуд он нангу номуси тоҷикӣ, ки доиман ва аз ҳама зиёд аз доштани он дар болову пойин лоф мезанем?! Чаро масалан, вақте мошинамонро бигирем дар шоҳроҳи Душанбе - Варзоб- Хуҷанд як корманди милиса барои тафтиш нигоҳ медорад ва мо барои чашми ӯро тарсондан шаҳодатномаи муҳаррирӣ ё мухбириамонро нишон медиҳем, вале милиса онро ба назар намегирад ва хешро таҳқиршуда меҳисобему беинсофона як саҳифаи рӯзномаамонро дар баррасии аъмоли он "гаишник"-и бечораи ҳамватанамон сиёҳ мекунем. Чаро дар сиёҳ кардани рӯйи "КП"- ву Кучукаш, ки тифлони миллатро таънаву таҳқир кардааст, хешро таҳқиршуда намедонем ва дам фурӯ бастаем?!

Пас, вақте мо мегӯем, ки ватандӯсту миллатпарастем, дурӯғ мегӯем, ба қавли раҳматии бобои Ҷамоли яхчисорӣ "рӯҳомона лахча мекунем". Вақте мегӯем, Тоҷикистон аз ману Ватани ягонаи мост, вале огаҳу ноогаҳ дар тарғиби идеологияи аҷнабием, он ҳама ватанхоҳӣ хандаовар ва риёву газоф аст. НЕ?!

Агар аз тарғиби идеологияи бегона муродамон суд бардоштан ва рушди тиҷоратамон аст, ман мефаҳмам, ки тиҷорат ҳалол аст ва он на аз дасти ҳама меояд, вале фойида бурдан аз савдое, ки шарики ҳампаймон тифли зебову лолои бегуноҳатро дар селобаи ғажду касифи тавҳину таҳқир шустушӯ мекунад, равост ва оё фурсат нарасида, ки аз чунин шарикӣ ва фойида даст бишӯем, агар тифлонамонро воқеъан дӯст медорем. Ба Худо қасам агар номуси тоҷикӣ дорем, туф бояд кард бар чунин тиҷорату бар чеҳраи касифи ҳар Кучуки тавҳингӯи тоҷик ва "КП". Аминам инро ман ҳам агар барои "КП"- ву ҳавохоҳону Кучукҳояш намегуфтам, ҳатман тоҷике дигар мушти обдоре бар сарашон мекӯфт, то дам фурӯ банданд ва дигар бас кунанд аз рон болову пойини пойи бачаҳои тоҷик ва муҳоҷирмардони моро хойидану лесиданро, лекин агар ширин будааст…

Дуъо мекунем, ки ин хойидану лесидани ҳар ҷойи мардони муҳоҷири тоҷик фойида кунад ҳар бадхоҳи ӯро ва ҳар майзадаи безурриёти нотавонеро, ки натавониста хонадориву ҷойгаҳхобиро ва барояшон падарони ҳамин "маленький Равшан и Джамшут"- ҳо фарзанд тӯҳфа кардаанду он эркаҳои аз мо бударо бо ноз мебӯянду мефахранд ва ҳам бехабар аз он, ки рӯзе хуни тоҷикии онҳо ҷӯш мезанад ва сари падарони нотавону безурёти хешро мекананд. Интизор бошанд!


Толибшоҳи САЙИДЗОДА,
узви ИЖТ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97