«Они предали свой народ и готовы предать родную мать» - бидуни ҳеч андешае инро Каромат Шарипов, ҳамоне, ки худро ҳомии тоҷикон дар Маскав медонад ва раисии ТТМ-ро он ҷо ба ӯҳда дорад, аз минбар эълом доштааст. Ин қазовати ӯ дар баробари эътирози нашрияҳои тоҷик, аз ҷумла «Миллат» барои бо усули асримиёнагӣ буридани сари Салоҳидини ҷавонмарг, як муҳоҷири мардикори тоҷик дар наздикии Маскав дар баробари давлатмардони Кремл аз сар гирифта шудааст. Қазовати мо ин аст: «…Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад.
Наҷмиддини Шоҳинбод рӯзноманигори хушзавқи тоҷик, ки пас аз нооромиҳои пойтахт зиндагиро дар Хуҷанд ихтиёр карда буд, ба хона занг мезанад. Падараш аз ӯ мепурсад, зиндагиат чӣ тур аст, ба чи кор машғул астӣ?
Шоҳинбод мегӯяд, дар бозор машғулият дорам. Ҳама чизро мефурӯшам. Падар бо дилсӯзӣ мегӯядаш: Ҳама чизро ҳам фурӯхтӣ, ватанро нафурӯш. Шоҳинбод гуфт: Падар, мо дер кардем, онро кайҳо фурӯхтаанд…
Айнан ин ҳарфҳо замоне садо доданд, ки ҷаноби Каромат Шарипов савори танки 201 дивизия ҷодаҳои Душанбеи солҳои 90-ро ро боғурур убур мекард, ба манзури «сафири сулҳ»(посол мира).
Ва замоне ҳам ки Каромат Шарипов, бидуни хиҷолат кашидан менависад, «они продали свой народ…» ҳамин қиссаи Шоҳинбод ёдам мерасад. Зеро ҳар чи ин ватан дошт, он ба савдо рафтааст, ва охирин бозмондаҳояшро «таджик», «гражданин России» ба савдо мезанад. Фурсат ба мо даст надод, «товарищ, гражданин России», онро хеле барвақт худат фурухтаӣ!
«Калум заду курум зад, пасмонда кулухум зад…» Ватанфурӯше аз минбар дарси ватандорӣ мехоҳад ба мо бидиҳад. Аммо ҳаргиз фаромӯш накун, ки ватан дар шоҳрагҳои мо бо шири модар ҳамроҳ шудааст. Вақте тобеъияти шаҳрвандиатро иваз кардаӣ дигар заррае қимат надорӣ пеши ватандор! Зеро шояд ба маънои шаҳрванд сарфаҳм нарафтаӣ. Бидон маънояш тобеъ, тобеъи давлати матбуъяш. Мо табааи Тоҷикистони азизем, барои ҳамин ин ҳақро ба худамон медиҳем, ки аз манофеъи он дифоъ кунем. Агар ба ватанфурӯшии худ шубҳа доред, шиносонмаатонро аз ҷайбатон берун кашед, як бори дигар лутфан онро бихонед, шаҳрванди Русия, яъне тобеъи Русия! Пас ватанро кӣ иваз кардааст, ман ё шумо?!
«Таджик», «гражданин России» кист?
Ин бор Каромат Шарипов зимоми ихтиёрашро аз даст дод ва «служанка»-и сиёсатбозии манфиатҳои бегонагон буданашро ба намоиш гузошт. Зеро солҳо боз ӯ дар симои матбуоти мустақил иттифоқчӣ меҷуст, то дар баробари давлати тоҷикон рӯёрӯйӣ кунад, чун худованд ҷуръати камтаре барояш эҳто карда, ки дар танҳоӣ ва мардона рӯёрӯ худаш барои ҳақиқати воқеъӣ истодагарӣ кунад. Талошҳояш барои пайдо кардани иттифоқчӣ хок хӯрд, ва даст ба кор шуд, то аз онҳое, ки дасти «дӯстӣ» ба ӯ дароз накардаанд ва ӯро дар «муборизаи роҳи ҳақ» ҳамроҳӣ накарданд, қасос биситонад. Шояд ҳам худи ӯ дар андешаи ситонидани «қасос» набуд, вале иттифоқчиёни воқеиаш ва ё мушовиронаш хати маши муборизаашро ба самти дигар тағйир доданд. Мушовирони ӯ пас аз мунозираи муҳаррири «Миллат» Толибшоҳи Сайидзода дар як мизи гирд, ки эълом дошт, интиқоди мо аз ҳукумат ба манзури мухолифи давлат буданамон нест ва агар лозим шавад бо дандон аз марзу буми давлати худ ҳимоят хоҳем кард… дигар тарбуз аз бағали тарроҳони рӯзи «мабодо…» афтод ва онҳо садои баландгӯякҳояшонро дардоданд. Мутаассифона, иҷрогарони бемағзи онҳо ҳатто номи мухотабашонро намедонанд ва шояд аслан ҳам намедонанд, чаро бояд аз онҳо интиқод бикунанд(?!) ва аз ин рӯ ному насабҳоро қатӣ кардаанд. Аз чӣ қартаи нокоромаде кор гирифтед азизон! Таджик, гражданин России! Касе, ки дар фарҳанги бумии мардуми мо, бо ҷурми «ватанфурӯшӣ» айбдор ва хоин дониста мешавад, касе, ки ватанашро, хокдони гузаштагонашро бар ивази зиндагии модӣ тарҷеҳ медиҳад, магар манзалате пеши ватандорон дорад? Агар ту як тоҷики ҷонфидо ва бо ҳақиқате, ки бо чашми сар дида бо ақли хеш шинохта амал мекарда мебудӣ, ҳатман бо ин ҳама мушкилоти пешипо уфтодаи Тоҷикистони азиз, ҳазорҳо тан ҳамсангар меёфтӣ, аммо ҳайҳот, зеро мардуми поксиришти тоҷик хоинпарвар нест. Ва ҳам ҳамонҳое, ки муттакои Каромат Шарипов ҳастанд, ватанхоҳонро бештар эҳтиром мекунанд то ватанфурӯшонро, аммо танҳо ба хотири манфиатҳояшон лабханди сардашонро дар ҳузури хоинони ватан ба намоиш мегузоранд. Ҳатто ҳамин ҷаноби Путин ҳам як ватанхоҳ аст, агарчӣ аз шеваи тундтар ва жандармие ба хотири ҳифзи манофеъи ватанаш кор мегирад ва мо танҳо ҳамин нуктаи заъфашро ишора кардем, то ислоҳаш бикунад.
Фиристода бояд, ки доно бувад…
Мо намедонем, манфиати тоҷиконро кадоме аз шумо, «Тоҷикдиас-пора»-ҳо ё Сафорати Тоҷикистон ба савдо мезанед, зеро хуш надорем бе далел даъво кунем, (агарчи кайҳо ин фурсат расидааст, ки таҳқиқе мунсифона дар фаъолияти диаспораҳои «тоҷикӣ» дар Русия анҷом шавад), вале ин ки зимоми соҳибии шаҳрвандони тоҷикро ба дасти «гражданин» Россия доданд ба маънии надонистани зарфияти кори косибист ва мо инро бо сароҳат эълом медорем, ки заъфи кори Сафоратхонаи Тоҷикистон аст. Мутаассифона, дипломатияи ноӯҳдабаро, дақиқтараш хеле бад дар сафоратхонаҳои ҳарду кишвар ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия сабаби аслии хатчадор шудани муносиботи пурсобиқаи ҳар ду кишвар шудааст, ки Шарипови кутоҳбин ин равандро бар дӯши ду се нашрияи мустақили тоҷик бор кардааст. Замони хеле наздик буд, ки мардум бо муҳаббат мусоҳибаи телевизионии Максим Пешков, собиқ сафири мӯҳтарами Русия дар Тоҷикистон ва набераи нависандаи маъруф Максим Горкийро бо Камол Айнӣ тамошо мекарданд ва аз дӯстии мардумони ду кишвар меболиданд. Аммо бо омадани Рамазон Абдулатипови мансуб ба миллати боифтихори Расул Ғамзатов, ки мисли ҷаноби Каромат Шарипов бештар на ба асли худ ифтихор дошту бо «гражданин России» буданаш меболид, муносибатҳо яхи сард шуданд. Зеро ҳамон гуна, ки Мирзо Салом, дар матлабе бо номи «Демократияи комилан зеҳнӣ» дар сомонаи Сентразия ба зӯрзании «нухбагони самарқандӣ» барои идомаи зимомат ишора мекунад, ин гражданинҳои «зӯрбазӯракӣ» низ аз санъату усулҳои бисёр бад барои намоиши вафодориашон ба «хӯҷаин»-ҳояшон талош ба харҷ медиҳанд. Ҳамонгуна ки Каромат Шарипов бисёр бад ин нақшашро ба иҷро даровард. Дар ин маврид сардамдорони Кремл ва Қасри Миллат бояд биандешанд, ки доштани дӯсту ҳамраҳ дар ҷаҳони имрӯз беҳтар аст, аз он ки кинатузӣ кунанд. Ва фиристода бояд, ки доно бувад!
Боз як сарҳанги балвогар
Каромат Шарипов, сарҳанги ошӯбгар (сарзамини захмини тоҷик ин гуна сарҳангҳои ошӯбгарро ҳануз ёд дорад!) идаъо дорад, ки тӯли 8 сол талошҳояш дар мавриди мулоқот бо масъулини нашрияҳои мустақил бенатиҷа анҷом шудааст. Дурӯғи маҳз мегӯяд, агарчӣ умри ин ҳама нашрияҳои номбурдааш, беш аз чаҳор сол нестанд, («Миллат» пешопеши онҳост, ки 3,5 сол дорад) аммо ӯ тайи ин муддат зиёд мулоқотҳо бо масъулини хеле аз нашрияҳои мустақили дигари кишвар доштааст, аммо чаро аз он мулоқотҳо ёд намекунад ё он нашрияҳо зери дойираи «диаспора»-ҳои шумо ва фармондеҳонатон мерақсанд? Чаро тавассути ин нашрияҳо ҳақиқататонро баён намекардед, то дигарон ба дарки ҳақиқати шумо бирасанд? Ё ҳатман мо ҳам биёему бо шумо гӯшакӣ кунем, ки мехоҳем ҳақиқати шуморо баён кунем, аммо аз мардӣ чизе дар ҷайб надорем?! Аммо мо ин корро намекунем. Ва аз гуфтани ҳақиқат сари тарс ва ибо аз касе ҳам надорем, агар он ба манфиати сарзамини азизамон бошад. Ба ҳеч ваҷҳ ҳам думболаи сарҳангҳои камҷуръат, ки агар халъи силоҳ шаванд, росто аз тарсуӣ эзорашонро тар хоҳанд кард, нахоҳем рафт, боз он ҳам сарҳанге дар хидмати артиши бегона.
Нагӯ нохуш, ки посух нохуш ояд…
Ҷаноби Каромат Шарипов, аслан тоҷикон мақоле доранд, ки «корвон ба роҳи худ равон асту…», аммо маълум мешавад, ки шуморо шояд парӣ ёр шудааст, ки дар симои ҳар тоҷики дар ватан буда, душман меҷӯед ва зи пойи ҳар раҳгузаре газ мезанед. Агар гуноҳи мо ин аст, ки барои марги бачаи як модари муштипару ҷигарреш, ки шояд аз «дӯстии ду миллати иттифоқи русу тоҷик» ба ибораи шумо калакан шудааст, садои худ баланд кардем, инро мо қарзи инсонии худ донистем.
Ва агар дар оғуши гарми дӯстони Кремлинатон шумо ҳам дарвоқеъ аз ҷавонони гулгункафан бе назардошти манофеи буду бошатон бо зану бачаҳоятон дар Русия садо баланд мекардед, боз як сари ҷавони мусофир аз дами теғи ҳаромзодаҳои онҳо эмин мемонд. Мо мушти эътироз баланд кардем, то Туву бачаҳоятро дар он сарзамине, ки падарони мо ватанаш мехонданду барои наҷот аз фашизм барояш сина сипар кардаанд ва то ҳануз бозмондаҳое аз ин мудофиён захмҳое дар сина доранду дар хонаҳои сард ба ҳангоми пирӣ меларзанд ва ба ёди сиёсатмадорони бузургманиши Кремл, ки дар Самарқанди мо, бо пузханд сарнавишти ворисони онҳоро ҳал мекунанд, сар назананд.
Шумо мегӯед, мо мардумро ба савдо задаву омодаем модарони худро бифурӯшем, ки ин ҳарфҳо низ бархоста аз тинати тираи шумо дарак медиҳад, ки солҳо боз ба хариду фурӯши мардум саргардонед ва рӯйи бадбахтии дигарон қаср бино мекунед. Инро шумое, мегӯед, ки ҳам Ватан-Модарро фурӯхтаед, шиносномаи тоҷикиатонро ба паспорти русӣ иваз кардед, ба рӯи фарзандони ватан туф кардед, чӣ чизи муқаддасе дигар монд, ҳақ дорем бовар кунем, ки қодир хоҳед буд рӯзе занатонро ҳам пешкаш хоҳед кард. Маъзур, намехостем ин ҳарфро дар ҳақи як нафаре, ки хуни нофаш дар сарзамини муқаддаси Тоҷикон рехтааст бигӯем, аммо афсӯс, ки аз панҷ бачаи ба дунё овардаи булбул танҳо якеаш булбул мешавад.
Ва боз ҳам ҷанобаш барои ҳамеша ёдат бошад, барои ҳар қатраи хуни рехтаи фарзандони бегуноҳи ватанамон садо баланд мекунем ва сарваронашонро накӯҳиш мекунем то бачаҳояшонро адаб ёд бидиҳанд, то бачакуширо бас кунанд, агарчӣ қатраи хуне аз чун ту як беадаби ватанбезор ҳам ба ноҳақ рехта бишавад!
Адолати МИРЗО