БАРҚ РЕҶАБАНДӢ ШУД, ГУНАҲКОР УЗБАКИСТОН

Сиёсат 30.01.2009 14:01

ё вақте "Афрӯз" аз бӯҳрони энержӣ гуфт,

"Барқи тоҷик" куҷо буд?

Аз вазорати энергетика ва саноат, ширкати "Барқи тоҷик" хабар доданд, ки шурӯъ аз 27 январи соли 2009 интиқоли нируи барқ барои вилоятҳои Суғду Хатлон дар як шабонарӯз 3,5 миллион киловатт- соат, барои шаҳру навоҳии тобеъи марказ 2 миллион кв. соат ва барои шаҳри Душанбе 15 соат дар як шабонарӯз муайян шудааст.

Дар ин бора сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозир Ёдгорӣ баъд аз зуҳри рӯзи 27 январ зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.Нозир Ёдгорӣ зимни тавзеҳи ин иқдоми масъулини соҳаи барқу энергетикаи кишвар дар мавриди коҳиши интиқоли нируи барқ чунин гуфт: "18 октябри соли 2008 дар шаҳри Алмаато ҳайатҳои баландпояи панҷ давлати Осиёи марказӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обу энержӣ гуфтушунид доштанд. Дар ҳамин нишаст ҷониби Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркманистон санади расмиеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он бояд дар мавсими тирамоҳу зимистон тавассути қаламрави Узбакистон аз Туркманистон ҳар моҳ на камтар аз 200 миллион кв. соат ва дар маҷмӯъ 1 миллиарду 200 млн. кв. соат барқ харидорӣ ва ба ҷумҳуриамон ворид мекардем. Аз 27 декабри соли 2008 Узбакистон бар хилофи санади зикршуда бо ҳадафҳои сиёсӣ интиқоли барқро аз Туркманистон тавассути хоки кишвараш иҷоза намедиҳад.

Ҳамчунин масъулини давлати Узбакистон бо такя ба нархҳои ҷаҳонӣ арзиши ҳазор метри мукааби газро барои кишвари мо 240 доллар муайян намудаанд, ки ин аз қиммати қаблӣ қариб 100 доллар беш аст.

Ба замми ин нахустин бор дар тӯли беш аз даҳ соли ахир ҷиҳати хушксолиҳои омада сатҳи обанбори Норак то ҳаштуним метр паст рафта, ки дар натиҷа истеҳсоли қариб 1 млр. кв. соат номумкин гаштааст. Аз мардуми шарифи Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вазъи ба вуҷуд омадаро дуруст дарк намоянд, зеро ин ҳама тадобир муваққатист ва масъулин дар самти ҳал намудани мушкилоти мардум тамоми чораҳоро мебинанд."

PS: Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Ҳанӯз моҳи октябри соли 2008 бо ташаббуси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон "Афрӯз" дар шаҳри Душанбе як мизи мудаввар дар мавзӯъи "Эҳтимоли бӯҳрони энержӣ ва пайомадҳои он" баргузор шуда буд, ки мутаассифона бо вуҷуди талошу исрори бешумори масъулини "Афрӯз" аз раҳбарияти "Барқи тоҷик" касе ҷуръат ва хоҳиши ширкат кардан дар он мизи мудавварро накард.

Дар мавриди саркашии масъулини онвақтаи ширкати "Барқи тоҷик" дар кори як нишасти муҳимме, ки барои ҷустуҷӯ ва ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеъа дар ҳолати пеш омадани бӯҳрони энержӣ ороста шуда буд, мантиқан имрӯз гуфтан кори савоб нест, зеро аз раиси ин ширкат сар карда то ҳамаи шаш тан муовинонаш ҳамагӣ аз вазифаҳо сабукдӯш шудаанд, вале барои ҳушдоре додан ба раҳбарият ва масъулини тозатаъини "Барқи тоҷик" ҷойиз донистем, ки ин нуктаро ёдрас намоем. Ҳамин дӯсти азизи мо Нозирҷон Ёдгорӣ, ки бояд бо раҳбарияти хеш аз пешгомону пешкорон ва иштирокдорони фаъоли он мизи гирди дар таърихи 24 октябри соли 2008 оростаи "Афрӯз" мебуданд, мутаассифона ба даъвати мо лаббайк нагуфтанд ва ҳам тӯли беш аз як соат рӯзноманигорони зиёде интизори мушарраф шудан ба дидори раиси "Барқи тоҷик" Шарифхон Самиев ва муовинонаш Алексей Силантев ва Уғулой Хоҷаева дар ҳамин толори Иттиҳоди журналистон нишастанд, вале аз Самиев чӣ бинолем, ки ҳамеша бегонаи мо буд, ҳамин Нозирҷон ҳам дар пайравии шефи худ аз иштирок дар ин маҳфили хеле муҳим, такрор мекунам, воқеъан муҳим сарфи назар карда, сафар ба Хуҷандро авлотару заруртар донистанд.

Таззодро бубинед, имрӯз Нозирҷон дар ҳамон толори Иттиҳоди журналистон, чуноне ки 100 рӯз қабл мо ӯро он ҷо бесаброна интизор будем, роҳи омадани моро мепойид. Вале мо рӯзноманигорон баръаки масъулини "Барқи тоҷик" ҷавонмардӣ кардем. Чун даъвати таъҷилӣ ва телефонограммаҳои масъулини соҳаи барқу энержӣ ба идораамон расид, мо муҳиммияти масъаларо дарк кардем.

Бале, илоҷе карда мардумро фаҳмонидан даркор, ки дар камбуди барқ ва вазъи ба амал омадаи бӯҳрони энержӣ ҷониби Узбакистон гунаҳкор асту камоб будани обанбори Норак. Дар мавриди Узбакистон чӣ бигӯем, ки ин кишвар ҳеч гоҳ бо мо ҳусни хайрхоҳӣ надошт ва ҳеч гоҳ бо мо дӯст ҳам набуд. Пас ҳеч гоҳ ба умеди ҳамсояи бад шудан даркор набуд, ки моро бо назари раҳмат менигараду бароямон дар фасли сардӣ барқ медиҳад.

Аз ҳамсояи бад Худо паноҳ диҳад. Ягона чора он аст, ки илоҷе карда, роҳе ёфта бояд дар тобистон пеши рӯдхонаҳоямонро бубандем ва агар илоҷаш бошад Узбакистон обро ба гадоӣ ҳам бипурсад додан даркор нест, зеро "Бо бадон бад бошу бо некон накӯ" гуфтаанд.

Ин дар бораи аъмоли манфури давлати Узбакистон дар мавриди аз ҳаққи ҳалол, яъне аз барқи аз Туркманистон харида маҳрум намудани тоҷикон. Акнун дар мавриди ҳамкории вазорати энергетика, ширкати "Барқи тоҷик" ва кулли кумитаву вазоратхонаҳо ва ҳатто Ҳукумати кишвар бо расонаҳои хабарӣ, ба хусус расонаҳои мустақил.

Ин ҳамкориҳо бояд тавсеа ёбанд ва ҳукумат бо расонаҳои хабарӣ дар пайвастагӣ ва робитаи зич бошад. Рӯзе, ки масъулин барои мо даркоранд, бояд ба кӯмаки мо расидагӣ кунанд ва рӯзе, ки гап сари манофеъи миллӣ ва амнияти давлату кишвар меравад, мо омода ҳастем аз Ҳукуматамон пуштибонӣ бикунем.


Т. САЙИДЗОДA
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97