«ШВИДОБИСА» мавқеъи ҷамъиятҳои гурҷиҳо ва осетинҳои Тоҷикистон

Ҷанги дар Осетияи ҷанубӣ рух дода, ки инак як ҳафта боз хомӯш нагаштааст ва вазъи сиёсӣ дар ин минтақаи Қафқоз кӯргиреҳ хурдааст, аз мавзӯъотест, ки имрӯзҳо аз хурд то бузурги Тоҷикистон сари он сӯҳбат мекунанд ва он то як андоза Бозиҳои Олимпии Пекинро ба кӯи фаромӯшӣ партофт. Ин қазия сарони тамоми мамолики ҷаҳонро барои андеша кардан водор сохт ва он дар сархати гуфтору навиштори кулли расонаҳои хабарии олам мавқеъ гирифтааст.

Хабарнигори "Миллат" ният кард, ки барои дарёфти андешаҳои намояндагони миллатҳои ду ҷониби ин даргириҳои хунин бо раиси ифтихории Ҷамъияти фарҳангии гурҷиҳо дар Тоҷикистон "Содвистомо Иберия", ҷаноби Коберидзе Шалва Багратович, ё чӣ тавре худаш иброз дошт, Шодӣ Баротович ва раиси Ҷамъияти осетинҳои Тоҷикистон- "Иристон", хонум Гусаова Зарифа Харитоновна сари қазияи Осетияи ҷанубӣ мусоҳибаеро анҷом дода пешкаши хонанда намояд. Инак, таваҷҷӯҳ намоед, намояндагони ду ҷониби муноқишот чӣ мегӯянд:

Зарифа ГУСАОВА: "Саакашвилӣ бемори рӯҳист"

Он фоҷиае, ки ба сари миллати осетин омад, аз сиёсати ҷангҷӯёнаи Саакашвилӣ ва бо касофати пуштибонии хоҷагони берунии ӯ аз давлатҳои капиталистии Ғарб мебошад. Ин як ҳуҷуми ногаҳонӣ, номардона ва аз доираи меъёрҳои ҳуқуқи башар берун буд. Ман сиёсатмадор нестам, вале хуб мефаҳмам, ки ҳеҷ одами оқилу хирадманд ҳеч гоҳ тифлону занону мӯйсафедонро дар амалиёти ҷангӣ намекушад. Ва аслан ҷанг кори мардуми оқил нест. Ман як ҳафта қабл аз оғози ин даргириҳо аз Осетияи шимолӣ омадам.

Ба мо аз Осетия хешонамон занг мезананд ва мегӯянд, ки он ҷо даҳшат аст ва таҷовузи Гурҷистонро ҳама маҳкум мекунанд. Ин ҷанг барои куштан ва ба зону афкандани миллати осетин аст. Мо изҳори шукргузорӣ мекунем ба роҳбарияти Русия ва ба сарбозону афсарони рус, ки ҳуҷуми низомии гурҷиҳоро шикастанд ва аз хоки осетинҳо онҳоро дур карданд. Мардуми осетин аз Русия миннатдор аст. Расонаҳои хабарии Осетияи Шимолӣ- Алания чанд вақт пеш аз таҷовузи гурҷиҳо дар бораи нақшаҳои ифлоси Саакашвилӣ ва амрикоиҳо хабар дода буданд. Он ҷо як маҷаллае ба нашр мерасад бо номи "Бо ҳам дар Осетия", ки дар яке аз шумораҳояш оиди нақши амрикоиҳо ва ёронаш дар минтақаи Қафқоз мақолае нашр намуда буд зери унвони "ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар равандҳои сиёсии ҷануби Қафқоз", ки он воқеъияти ҳолро бозгӯ мекард. Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурии Осетияи шимолӣ- Алания бештар аз 2 ҳазор тоҷикон кор ва зидагӣ дошта, ҷамъияти фарҳангии худро бо номи "Нур" таъсис додаанд. Он чи, ки расонаҳои хабарии Ғарб ва гурҷӣ мегӯянд, шаҳрҳои Гурҷистонро Русия бомбаборон кардааст, дурӯғ аст, баламут аст. Ин як иғвоест аз ҷониби Гурҷистон, ки мехоҳад диққати ҷаҳонро ба худ ҷалб созад ва худро мазлум нишон диҳад. Ҷанг дар Сихинвалӣ аст, Гурҷистон, Тифлис тинҷу ором аст. Сихинвалӣ шаҳри осетинҳо, ватани онҳост, ҳеч зарурати куштани мардуми осуда ва сулҳхоҳи осетин нест, ҳарчанд қавонини байналмиллалӣ Осетияи ҷанубиро қаламрави Гурҷистон ҳам донад, вале бо нирӯи низомӣ омадану мардумро куштан ҳеч қобили қабул нест. Кӣ ба Саакашвилӣ чунин ҳақро додаст, ки занону тифлони осетиниро бикушад, шаҳру деҳотро ба хоку хун бикашад. Ман фикр мекунам, ки президент Саакашвилӣ бемори рӯҳӣ аст, ӯ бояд худро табобат кунад. Агар ӯ осетинҳоро дӯст медошт ва онҳоро чун шаҳрванди давлати хеш медонист ҳаргиз ба сари онҳо бо танку тӯп ҳуҷум намекард. Аз сиёсати нодурусти Саакашвилӣ, ки худ дастнишондаи Амрикост имрӯз ду халқи солҳо паҳлӯи ҳам кору зиндагӣ дошта- остинҳо ва гурҷиҳо бо ҳам душмани ҷон гаштанд. Ҷамъияти осетинҳои Тоҷикистон ин амали ваҳшиёнаи ҳукуматдорони Гурҷистонро маҳкум менамояд ва аз ҷомеъаи ҷаҳон талаб менамояд, ки ҳар чӣ тезтар қазияи Осетияи ҷанубиро ҳал намоянд ва гунаҳкорони воқеъии фоҷиаи миллати осетинро ба додгоҳи башар бикашанд.

Шалва КОБЕРИДЗЕ: "Русия ниқоб аз рӯй барандохт"

Он орзуеро, ки Русия муддати 17 сол дар дил мепарварид, ҳафтаи равон амалӣ сохт. Тайи ин ҳафта ҳукуматдорони рус нақшаҳои сиёҳи хешро дар қиболи давлати озод ва мустақили Гурҷистон пиёда карданд.

Тайи ин ҳафта киштиҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои русӣ хоки мардхези Гурҷистони азизи маро мавриди тирборон қарор доданд. Русия оқибат ниқоби хеш аз рӯй бардошт ва тамоми дунё дид, ки давлатмардони рус кистанд ва чӣ мехоҳанд, чӣ нияту мақсад доранд. Муносибати гурҷиҳо ва осетинҳо ҳамеша тӯли таърихи дароз хеле самимӣ ва саршор аз меҳру дӯстист. Ин вазъияте, ки дар Осетияи ҷанубӣ имрӯз ҳаст он ба таври сунъӣ эҷод шудааст ва тарроҳи онро ҳама ҷаҳон медонад. Замоне, ки нахустин президенти аз ҷониби мардум интихобшудаи Гурҷистон ҷаноби Гамсахурдия аз истиқлолияти давлаташ ҳарф зад, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв аз ӯ пурсид:

Звиад, Агар Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ бо Гурҷистон будан ва истиқлолиятро нахоҳанд чӣ?

Бубинед, ин мушкилот аз куҷо сарчашма мегирад, яъне ҳамон солҳо аллакай нақшаи аз дасти Гурҷистон кашида гирифтани қаламрави қонуниаш тарҳрезӣ шуда буд. Он чӣ ки имрӯзҳо ҳукуматдорони рус аз тариқи расонаҳои хабариашон дар мавриди геносиди миллати осетин шабу рӯз ҷор мезананд, дурӯғи маҳз аст. Ба фикрам эшон ё маъниву мафҳуми геносидро намедонанд ё мехоҳанд бо ин роҳ ҷомеъаи ҷаҳониро гӯл зананд ва барои худ дар арсаи сиёсӣ хол ба даст биёваранд, амалҳои нангини содиркардаи хешро рӯпӯш созанд. Маънии геносид аз рӯи мансубияти миллӣ ҷудо карда ва саросар ба қатл расонидани як миллат аст. Дар куҷо дидед ва хондед, ки гурҷиҳо аз миёни дигар қавмҳо маҳз осетинҳоро ҷудо карда ба қатл расонида бошанд. Ин як ҷанги иттилоотиест, ки имрӯз барои сиёҳ кардани давлати Гурҷистон ва миллати гурҷӣ Русия ба роҳ андохтааст ва гуфтанист, ки бубинед чи хел ғоратгаранд ин гурҷиҳо, чӣ бераҳмона занону кӯдаконро мекушанд, деҳаҳоро оташ мезананд. Русия аз худ давлати сулҳхоҳу мардумдӯст тарошиданист, вале имрӯз мебинем, ки онҳо ҷангофару ҷангҷӯянд. Мо гурҷиҳо ҳамеша хоҳони сулҳу амонием. Мафҳуми сулҳ барои гурҷӣ хеле азизу муқаддас аст. Сулҳ ин орзуи гурҷӣ ба аҳли олам аст. Агар як гурҷӣ бо Шумо саҳар дидор бинад, бароятон мегӯяд: "Билом швидобиса" (Дар саҳар ба Шумо сулҳ мехоҳам), агар бегоҳ Шуморо бубинад, ҳатман мегӯяд: "Сағамо швидобиса" (Сулҳ бароятон ин бегоҳ мехоҳам).

Вале имрӯз ба гардани марди гурҷӣ ҷанги касиферо бастанианд ва ӯро гунаҳкори ҳамаи бадбахтиҳо дар Қафқоз медонанд. Агар ба таърих назар кунем, қаламрави имрӯзаи Осетияи ҷанубӣ Самочабло ном дошт ва он хоки Гурҷистон буд, чуноне ки аз рӯи қавонини байналмиллалӣ ҳам алъон он тобеъи Тифлис аст ва чун урдуи тухтамишҳо осетинҳои насрониро аз Алания бо зӯри силоҳ берун кард, шоҳи Гурҷистон осетинҳоро ба оғӯши хеш гирифт ва зери ҳимоя қарор дод ва заминашро ба онҳо бахшид. Шумо худ шояд аз тариқи телевизион шоҳид шудед, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мисоли давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти Созмони Миллал Русияро ва таҷовузи онро маҳкум карданд ва аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ намуданд. Вале фикр мекунам танҳо маҳкум кардан кам аст, бояд як қарори дурусту мушаххас қабул мешуд, то сари роҳи худсариҳои Русия гирифта шавад. Мехоҳам, ки дар ватани азияткашида ва ситамрасидаи Гурҷистони азизам ҳар чӣ зудтар сулҳу амонӣ барқарор гардад.


Таҳияи Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97