ИНФИҶОРҲОИ СИЛСИЛАӢ ҲИНДУСТОНРО БА КУҶО МЕБАРАД?

Ҳафтаи гузашта силсила-инфиҷорҳои муҳибе шаҳри Аҳмадободи Ҳиндро такон дод, ки бар асари он наздики 50 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бар хилофи инфиҷор ва таркишҳои собиқ мақомоти Деҳлии нав дар иттиҳоми гурӯҳҳои ифтрогарои исломӣ ва даст доштани дастгоҳи амниятии Покистон саросема нашуданд. Дар воқеъ ин силсила инфиҷорҳои маҳиб ҳам таконе барои миллати Ҳинд буданд ва ҳам мақомоти Деҳлии навро дар ҳайрат гузоштанд.

Силсилаинфиҷорҳо кори дасти кӣ буд?

Мақомоти Ҳинд ба ин бовар ҳастанд, ки гурӯҳҳои хушунатгарои исломӣ, ки ба фаъолиятҳои даҳшатгардӣ дар дохили Ҳинд даст мезананд, умдатан аз тарафи дастгоҳи амниятии Покистон мавсум ба ISI ва артиши он кишвар ҳимоят мешаванд. Покистон пайваста ҳар гуна даст доштанро рад намуда ҳимояти худро аз мусулмонони Ҳинд, як ҳимояти маънавӣ мехонад.

Гуфта мешавад, Покистон дар бозиҳои сиёсии худ, моҳирона аз картаи "дин" ва "ҷиҳоду муқовимат" истифода мебарад ва аз ин тариқ зӯри бозуи худро дар баробари рақиби деринаи худ нишон медиҳад. Пас оё ин инфиҷорҳои пайдарҳами шаҳри Аҳмадободи Ҳинд зӯрозмоии навбатии ин ду рақиби сиёсӣ буд?

Ба гумони ғолиб не. Исломобод ҳанӯз аз иттиҳоми даст доштан дар инфиҷори мудҳиш дар баробари сафоратхонаи Ҳинд дар Кобул, ки чанде пеш сурат гирифт, халос нашуда, мантиқан наметавонист боз як иттиҳоми дигареро бар болои он зам кунад. Инфиҷори Кобул, ки беш аз 70 кушта ба шумули шаҳрвандони Ҳиндро дошт, ҳатто абарқудрат ва шарики наздики Покистон-Амрикоро бетараф нагузошт. Мақомоти амрикоӣ хоҳони таҳқиқи даст доштани Покистон дар ин инфиҷор шуданд.

Аммо телевизиюни CNN-IBN - ҳиндӣ, ки тақрибан хоҳари шабакаи амрикоии СNN мебошад иттилоъ дод, ки имейлеро дарёфт намудааст, ки мутобиқи он гурӯҳи ифротгарои исломӣ бо номи "Ҳаракат-ул ҷиҳод-ул исломӣ" ин инфиҷорро ба ӯҳда гирифтааст. Феълан ин имейл ва ё почтаи электронӣ зери баррасии дастгоҳи амниятии кишвари Ҳинд қарор дорад.

Гарчанде эҳтимоли даст доштани нируҳои ифротгароро наметавон аз мадди назар дур кард, вале таваҷҷӯҳ ба торихи фаъолият ва амалиётҳои пархошгароёнаи гурӯҳҳои исломгарои ҳиндӣ ин эҳтимолро, ки силсила-инфиҷорҳо кори дасти гурӯҳҳои исломгаро буд, зери суол мебарад.

Гурӯҳҳои ифротгарои исломии Ҳинд дар амалиётҳои худ одатан ҳадафҳои мушаххасе доштанд, мисли ҳамла ба идораи пулис, ки гоҳ-гоҳ дар Кашмири зери тасарруфи Ҳинд рух медиҳад ва ё ҳамла ба қароргоҳи артиш ва ё ҳам ҳамла ба порлумон. Дар амалиётҳои дигар тибқи гузоришҳо маъбади ҳиндуҳо мавриди инфиҷору таркиш қарор мегирифт, ки қурбониёни он аксаран пайравони кеши ҳиндуӣ буданд.

Шакли нави инфиҷорҳо

Гуфта мешавад, ки ин инфиҷорҳои шаҳри Аҳмадобод мисли инфиҷорҳои собиқ набуд. Аввал ба ин далел, ки ҳадафаш фақат ҳиндуҳо набуданд ва дар шаҳре ин таркишҳо рух доданд, ки теъдоди зиёди мусулмонҳо низ дар он зиндагӣ доранд. Дигар ин ки ин инфиҷорҳо дар ҷойҳои ҷамъиятие мисли истгоҳи роҳи оҳан, бозору дигар ҷойҳои пурҷамъият ба вуқӯъ пайваст, ки албатта дар чунин ҷойҳо ҳам мусулмон мемираду ҳам ҳинду ва ҳам пайравони кешҳои дигар.

Пас метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки ҳадафи ин таркишҳо аланга задани ихтилофи мазҳабӣ ва барафрӯхтани шуълаи фитна байни ҳиндуву мусулмон, ки кишвари Ҳинд пайваста аз он ранҷ мебарад набуд. Баъид ба назар мерасад, ки ин кори дасти нируҳои ифротгаро бошад. Шояд ин кори дасти нируҳое бошад, ки фаротар аз як гурӯҳи пинҳону хуфякори динӣ, мебошанд. Нируҳои бузургтаре, ки аз пешравии басуръати барқосои Ҳинд манфиатдор нестанд?

Омилҳои иқтисодии таркишҳо

Чунин ба назар мерасад, ки ин силсила инфиҷорҳо, ки дар шаҳри Аҳмадобод рух дод, дар воқеъ идомаи таркишҳои пай-дар пайе буд, ки дар шаҳрҳои дигар ва аз лиҳози иқтисодӣ, муҳими Ҳинд ба вуқӯъ пайваст. Қабл аз таркишҳои шаҳри Аҳмадобод яъне ҳамаги рӯзе пеш, инфиҷорҳои занҷираӣ дар шаҳри Бангалури Ҳинд рух доданд, ки бар асари он як нафар кушта ва беш аз ҳафт тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Шаҳри Бангалури Ҳинд, аз лиҳози иқтисодӣ барои ин сарзамини афсонавӣ бағоят муҳим аст. Бангалур на танҳо пойтахти технологии Ҳинд, балки дар ҷаҳон "backoffice-пуштдафтар" лақаб гирифта бо нируи бузургу арзони корӣ машҳури гетӣ шуда, тавонистааст ширкатҳои ғули чандмиллиятиро (multinational companies) ба сӯйи худ ҷалб кунад. Қабл аз инфиҷори Бангалур дар шаҳри дигар ва зебои Ҳинд - Ҷайпур ҳам инфиҷорҳое рух дод. Ин ду шаҳри Ҳинд ҳам ҷойи зебое барои сайру дидан мебошанд ва ҳам макони хубе барои сармоягузорӣ.

Вақте бо тааммул ба ин силсилаи инфиҷорҳо назар мекунем, дармеёбем, ки пушти ин инфиҷорҳо ҳадафҳои дигаре фаротар аз эҷоди ноамнӣ ва доман задан ба хушунати мазҳабӣ дар Ҳинд, нуҳуфта аст. Муҳимтарин омил метавонад омили иқтисодӣ бошад. Ба гумони ғолиб таркишҳои Бангалур ва Ҷайпур ба хотири турониданд ва дур нигаҳдоштани ширкатҳои чанд миллиятӣ ва сели сарозершудаи туристону ҷаҳонгардон ба вуқӯъ пайваста бошад, ки албатта ин ба иқтисоди Ҳинд зарбаи мӯҳлике мезанад. Ин дасти рақобати носолими иқтисодӣ ҳаст, ки бо сӯи истифода аз нируҳои тундрав ва ё таркишҳои зарарбору серқурбонӣ мехоҳад, бо эҷоди мусибат дар ҷойе макони дигареро обод созанд.

Сухани вопасин

Кишвари Ҳинд, ки бо Тоҷикистони мо равобити ҳасанае дорад, бо доштани ҷамъияти беш аз миллиёрднафарӣ аз лиҳози иқтисодӣ низ пешравӣ ва ҷаҳиши бесобиқае дорад. Бедаранг метавон гуфт, ки Ҳиндустон дорои иқтисоди сатҳи ҷаҳонист. Аз лиҳози стротегӣ низ, кишвари Ҳинд дар мавқеъияти беҳтарине ҷойгир шудааст. Илова бар дашту саҳро ва кӯҳу даман, заминҳои зироативу ҳосилхез доштанаш, аз марзи тӯлоние бо уқёнуси ҳамномаш бархӯрдор аст.

Роҳи фаровони обӣ ва дастрасӣ ба арзонтарин василаи ҳамлу нақли баҳрӣ дар рушди иқтисодии Ҳинд нақши умда ва босазое дорад. Аз лиҳози сиёсӣ Ҳиндустон, яке аз абарқудратҳои хомӯши ҷаҳонист, ки бар иловаи қудрати ҳастаӣ буданаш дар истилоҳи коршиносони сиёсӣ "пулиси минтақа" унвон гирифтааст. Агар Ҳиндустон бо ин равиши бодпо дар рушду шукуфоии иқтисоди худ ҷодапаймоӣ кунад бешак дар ояндаи наздик дар паҳлуи Чин яке аз ғулҳои иқтисодии минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд. Аммо роҳи расидан ба ин ҳадафи калон ҳамвору гулпошида нест.

Акнун, баъди ин инфиҷорҳои силсилаӣ дар шаҳрҳои Ҷайпур,Бангалур ва Аҳмадобод мақомоти Деҳлии навро лозим аст, барои ҳифзи ин пешравӣ ва иқтисоди сатҳи ҷаҳонӣ - амнияти сатҳи ҷаҳониро дар шаҳрҳои умдаи худ барои сармоягузорони мухталифу гуногун фароҳам намоянд. Маҳз дар чунин ҳолат Ҳиндустон метавонад аз сармоягузории ширкатҳои бузурги технологӣ ва сели ҷаҳонгардон, ки аз мавориди сердахли иқтисодӣ ва авомили пешрафту тараққиёт мебошанд, маҳрум нашавад.


Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97