Дар шаҳри Ослои кишвари Норвегия Кумитаи Нобел маросими тақдими ҷойизаи сулҳи Нобелро бе ширкати барандаи он мухолифи давлати Чин Лю Сяобо баргузор намуд. Кумитаи Нобел курсии холии барандаи ҷойизаро ҳамчун ёдоварӣ аз ҳабси Лю дар Чин дар садри маросим ҷойгир кард.
Ин бори дуюм аст, ки курсии барандаи ҷойизаи сулҳи Нобел холӣ мемонад, зеро на баранда ва на намояндаи расмии ӯ натавонистаанд дар ин маросим ширкат намоянд.
Соли 1935 Олмони фашистӣ ба Карл фон Осиестский ва намоядагони расмии ин фаъоли сулҳ иҷозат надод, ки барои гирифтани ҷойизаи сулҳи Нобел ба Норвегия сафар кунанд. Дар соли 1975 вақте академики шӯравӣ Сахаров дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дар бадарға қарор дошт, ҳамсараш Елена Бонэр аз номи ӯ ҷойизаро гирифта, паёми Сахаровро ба ҳозирин расонид.
Давлати Чин Люро бо ҷурми кӯшиши сарнагун намудани қудрат ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳамин тариқ, нишони барандаи ҷойизаи сулҳ ва якуним миллион доллар дар Кумитаи сулҳи Нобел мунтазири Лю хоҳанд буд. Мақомоти Чин наздикони Лю ва 20 фаъоли дигареро, ки метавонистанд ба ин маросим сафар кунанд, дар дохили кишвар нигаҳ доштаанд.
Ҳамчунин мақомоти Чин бар зидди ҷойизаи Нобел маъракаи таблиғотӣ шурӯъ намуда, муваффақ шуданд, ки тахминан 20 кишвари дигар, аз ҷумла Русия, Ирон, Қазоқистон ва Покистонро ба худдорӣ аз ширкат дар маросими тақдими ҷойиза водор кунанд.
Дар лаҳзаҳои ахир Украина ва Сербия қарори хешро дар мавриди таҳрими маросим канор гузошта, таъкид карданд, ки дар ин маърака ҳузур хоҳанд дошт.
Амрико маъракаи таҳрими ҷойизаи Нобелро бо лаҳни шадид маҳкум намуд.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Филип Кровлӣ гуфтааст, ки мо аз Чин даъват мекунем, ки уҳдадориҳои байналмилалиаш дар мавриди эҳтироми ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосии мардуми ин кишварро иҷро намояд ва ҳамоно дархост мекунем, ки раҳоии фаврии Люро таъмин намояд.
Ҳамин гуна даъватҳо аз чандин кишвари дигари олам низ садо додаанд, вале мақомоти Пекин дар баробари радди ин дархост кишварҳои ғарбиро ба бор намудани арзишҳояшон рӯи мардуми Чин муттаҳам кардаанд.
Лю Сяобо нависанда ва собиқ устоди донишгоҳ аст, ки соли 1989 дар эътирозҳои майдони Тянанмен машҳур шудааст. Он замон Лю ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Соли 1996 Лю аз зиндон раҳо шуд, вале баъди даъвати ташкили низоми сиёсии бисёрҳизбӣ дар Чин боз барои се соли дигар равонаи маҳбас гардид.
Дар соли 2008 Лю бо 300 тан равшанфикри ин кишвар дар як санаде бо номи Ойинномаи 8-ум имзо гузошта, даъват кард, ки дар Чин сарқонуни нав, додгоҳи мустақил ва озодии баён таъмин гардад. Ҳамин тавр, боз дар соли 2009 Лю ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум гашт.
Мақомоти Чин зиёд саъй доранд, ки дар қаламрави кишварашон дар бораи маросими имсолаи тақдими ҷойизаи сулҳи Нобел хабару гузорише нашр нашавад.