Дар афсонаҳо ва ривоятҳо бисёр хонда ва шунидаем, ки аксарияти қаҳрамонон, ба хусус шоҳҳон орзуи ба ҷои духтар доштани писарро мекарданд. Ва дар хеле аз ин ривоятҳои асотирӣ духтарҳо он гунна қаҳрамонӣ ва ҷасорат аз худ нишон додаанд, ки мардон аз он ангушти ҳайрат газидаанд. "Афсонаи духтари ҷасур" аз маъруфтарини ин ҷумлагӣ, ки барои аксарияти хонандаҳо достони ин писар ошност, ки духтар чи гунна дар либоси мард қаҳрамонӣ мекунад ва орзуи падарашро бароварда месозад. Аммо дар Тоҷикистон асосиро ба воқеият табдил карданд. Дар Маркази тиббии ҷарроҳии барқароркунӣ барои аввалинбор табдили ҷинсият озмоиш шуд. Аввалин амалиёт дар чандсоли пеш сурат гирифт. Як бонуи тоҷик ба сурати аслии мард даромад.
Аммо на ҳама ин мӯъҷизаро қабул доштанд. Баъдан чи шуд? Барои посух ба ин суол хабаринигори "Миллат" бо роҳбари илмии ин марказ Каримҷон Пӯлодович сӯҳбате ороста, ки пешкаши хонандаи азиз мегардад.
-Дар чанд соли пеш дар Маркази тиббии ҷарроҳии барқароркунӣ ҷарроҳии табдили ҷинсият сурат гирифта буд. Оё ин ягона ҳодиса буд ё ин ки ин гуна ҷарроҳиҳо бисёр аҷом дода шудааст?
-Ин гуна ҷарроҳие, ки дар чанд соли пеш анҷом дода шуда буд, ягона ҳодиса буд. Ин ҷарроҳӣ тақрибан дар соли 2001 сурат гирифта буд. То ҳол ин гуна ҷарроҳӣ сурат нагирифтааст. Ин шахсон бемор нестанд. Онҳо ҷинси зан доранду лекин рӯҳан мард ҳастанд ё ин ки ҷинсан мард ҳастанду рӯҳан зан. Номи ин гуна ҳолатро трансексуализм мегӯянд. Трансексуализм бисёр паҳн шуда истодааст. Ин аз дигар намуде, ки ба иллатҳои ҷинсӣ вобастагӣ дорад, фарқ мекунад. Яъне гомосексуализм аст. Ғайр аз ин иллатҳои модарзодӣ ҳастанд, ки онҳо ба ин гуна дохил намешаванд. Шахсонеро, ки трансексуализм мегӯянд, онҳо мехоҳанд, ки намуди ҷинси худро дигар кунанд, лекин дар тафаккур, дар майна, алаккай, Худо ё табиат ҷинси дигарро офарида аст. Ин гуна шахсоне, ки ҷарроҳӣ карда, ҷинсашонро иваз мекунанд, маҷбур ҳастанд, ки ба дигар ҷойҳо рафта зиндагӣ кунанд.
Дар ҷамъияти мо онҳо худашонро намоён намекунанд. Агар дар дигар ҷойҳо ба ин гуна шахсон аҳамият надиҳанд, лекин дар ҷамъияти мо бениҳоят бо онҳо бераҳмона муносибат мекунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки ин гуна шахсонро аз ҷамъият дур кунанд.
-Оё қонунгузории Тоҷикистон ба ин навъи ҷарроҳӣ мухолифат намекунанд, онҳо дар ин маврид чӣ мегӯянд?
-Дар Тоҷикистон қонун дар бораи дигар кардани ҷинс вуҷуд надорад. Лекин, вақте ки мо ба вазоратҳои дахлдор муроҷиат кардем, ба мо гуфтанд, ки қонун дар бораи манъ кардани дигаркунии ҷинс ҳам нест. Агар вазоратҳои дахлдор иҷозат диҳанд, мо ин ҷарроҳии табдили ҷинсиятро гузаронида метавонем. Ҳар як давлат бояд қонун дар бораи иваз кардани ҷинсро дошта бошад. Ғайр аз ин қонун коммиссияи худро дошта бошад, ки дар доираи ин комиссия як гурӯҳ табибон бояд бошанд: равонпизишк, табибоне, ки ҷарроҳиро мегузаронанд, ва ҳуқуқшинос. Баъди қарори ин комиссия бояд шиносномаи ин шахс дигар карда шавад. Бо қарори органҳои дахлдор баъди иваз кардани шиносномаи шахс ин гуна ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.
Агар дар оянда шикоят аз тарафи хешу табор шавад, шикоят аз тарафи худи бемор шавад, албатта, проблемаҳои қонунӣ зиёд шуданаш мумкин аст.
-Сарнавишти аввалин шахси озмоишшуда ба чӣ анҷом ёфт? (яъне ҳоло чӣ зиндагие дорад: роҳат ё мушкил).
Барои иваз кардани ҷинс мо якчанд намуди ҷарроҳӣ гузаронида будем. Шумораи ин ҷарроҳиҳо аз 5-6 зиёд аст. Гирифтани бачадон, синаҳо, тайёр кардани органҳои ҷинси мардона ва ғ. Ин ҷарроҳӣ дар тӯли 1-1,5 сол гузаронида шуда буд.
-Сарнавишти шахси ҷарроҳишуда бо муваффақият анҷом дода шуд. Шахсе, ки ин гуна ҷарроҳӣ шудааст, ҳоло дар Ҷумҳурӣ истиқомат намекунад.
Натиҷаи аввалин озмоиш , албатта, хуб буд.
-Аввалин ҷарроҳие, ки Маркази шумо аҷом додааст, кадом аст?
-Гуфтан мумкин аст, ки ҷарроҳии аввалине, ки мо анҷом додем, ин пайваст кардани ангуштони кандашуда буд, ки дар моҳи сентябри соли 1985 сурат гирифта буд. Ба воситаи телевизион ва матбуот нишон додаву нашр шуд. Ҷарроҳӣ хеле хуб гузашта буд.
-Маълум аст, ки ҷомеаи мусалмон диди мусбате ба табдил кардани ҷинсият надорад. Аммо дар маҷмӯъ ба дигар навъи ҷарроҳии пластикӣ ҷомеа ва дин чӣ гуна назар дорад?
-Ҷомеа назари мусбат дорад, лекин дин бояд ба ин масъала кордор набошад. Вақте ки сухан дар бораи саломатӣ ва зебоӣ меравад, ҳатто нафароне, ки ҳиҷобпӯш ҳастанд, омада худашонро ҷарроҳӣ мекунанд. Бисёри диндорон вақте ки осеб мебинанд, ба Исроил рафта ҷарроҳӣ мекунанд.
-Оё ҷарроҳии пластикӣ дар баробари зебоӣ бахшидан зиён ҳам дорад, аз назари тиббӣ? Инро барои он мегӯем, ки Шоҳи мусиқии попи Амрико Майкл Ҷексон ба иллати ҷарроҳии пластикии пӯст ба саратони пӯст мубталло шуд ва бархе марги зудҳангоми ӯро ба ҳамин нисбат медиҳанд?
-Албатта, агар инсон хоҳад, ки ҳусни худро зебо ва саломатии худро барқарор кунад, хуб аст. Агар баъди ин ҷарроҳиҳо беҳбудӣ намешуд, беморон ба назди мо намеомаданд. Бемороне ҳастанд, ки баъди ҷарроҳии якум ба ҷарроҳии дуюму сеюм меоянд. Бинобар ин ин гуна ҷарроҳиҳо маъруф шудааст, ин гуна амалиётҳо ҳаст ва шахсоне, ки ин амалиётҳоро мегузаронанд, ҳаёти шахсии худро беҳтар мекунанд. Шумораи чунин шахсоне, ки мехоҳанд ҷарроҳии пластикӣ кунанд, рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Шахсони то сини 30 сола аз 10 нафар тақрибан 2-3 кас ҷарроҳӣ мегузаронанд. Бештар занҳои то синни 40 сола аз 10 нафар 3-4 кас ва шахсони то синни 50 сола тақрибан 6-7 кас ҷарроҳӣ мегузаронанд.
-Собиқаи Маркази тиббии ҷарроҳии барқароркунӣ чӣ қадар аст?
-Маркази худидоракунии илмии ҷарроҳии барқароркунӣ зиёда аз 11 сол фаъолият дорад. Марказ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ташкил шудааст. Шахсоне, ки мехоханд маблағе пардохт кунанд ва хизматрасонии тиббӣ ба як дараҷаи баланд бошад, зиёданд. Ба ин ҷо маҷбурӣ намеоянд. Шароите, ки дар ин маркази мо ҳаст, назар ба дигар бемористонҳо беҳтар аст.
-Бештар ба шумо шахсони мариз муроҷиат мекунанд ё онҳое, ки мехоҳанд барои зебоӣ, яъне аз ҷиҳати эстетикӣ ҷарроҳӣ шаванд?
Ба маркази мо ду гурӯҳи шахсон муроҷиат мекунанд. Шахсоне, ки бемор ҳастанду осеб дидаанд ва мехоҳанд, ки саломатии худро баъди осеб дидан барқарор кунанд. Гурӯҳи дуюм шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд аз ҷиҳати эстетикӣ, яъне зебоӣ ҷарроҳӣ шаванд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳусни зебои худро баргардонанд.
-Кадом навъи ҷарроҳӣ бештар дар Маркази шумо сурат мегирад?
-Дар маркази мо зиёда аз 200 навъи ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки яксарияти ин ҷарроҳиҳо фақат дар маркази мо сурат мегиранд. Аз ин рӯ ин марказ фаъолияти хоси худро дорад ва табибон аз дигар беморхонаҳои ноҳияву вилоятҳо, ҳатто, беморхонаҳои шаҳр ба мо ин нафаронро мефиристонанд.
-Аз ҳама ҷарроҳии мушкиле, ки Маркази шумо анҷом додааст, кадом аст?
- Даҳҳо ҷарроҳии мушкилро гуфтан мумкин аст. Чунки ҳар як ҷарроҳиҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Он ҷарроҳиҳое, ки вазнин мегузаранд, нахуст дар ҳамин ҷо гузаронида мешаванд. Шумораи онҳо мумкин зиёда аз 10 ё 20 бошад. Ҷарроҳиҳои мушкил дар маркази мо бисёр гузаронида мешавад. Аз ҳамин 200 ҷарроҳие, ки дар ин ҷо гузаронида мешавад, тахмиман 50 фисади он дар ҳамин ҷо мегузаранд. Бинобар ин ҷарроҳиҳо барои мо ҷарроҳиҳои мушкил ба ҳисоб мераванд.
-Тарзи фаолияти Маркази шумо чӣ гуна аст?
-Гуфтан мумкин аст, ки мо муассисаи Вазорати тандурустӣ мебошем. Бинобар ин Вазорати тандурустӣ ба ҳадди имкон ба мо ёрии худро мерасонад, чунки он нархҳои имрӯзаи мо бениҳоят паст мебошанд ва агар мо ин нархҳоро баланд бардорем, беморон наметавонанд, ки ёрии таъҷилӣ гиранд. Аз як тараф Вазорати тандурустӣ ба мо кӯмак мерасонад, аз тарафи дигар мо бо дигар муассисаҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои давлатӣ шартнома дорем. Аз ҳисоби ҳамин маблағҳо мо фаъолияти худро мегузаронем.
-Барои як ҷароҳии оддӣ чӣ миқдор ва барои ҷарроҳии мураккаб чӣ қадар маблағ лозим аст?
-Ҷарроҳиҳоро ба 3 гурӯҳ ҷудо мекунанд: вазнин, миёна ва сабук. Аслан, мо нархнома дорем ва аз рӯйи нархнома ҷарроҳии миёнаи мо тахминан аз 500 то 1000 сомонӣ мебошад. Ҷарроҳии вазнин на зиёда аз 2 ҳазор сомонӣ мебошад. Ин нархномаҳо дар девор овезон шудаанд. Бемор, вақте ки меояд, ба ҳамин нархномаҳо нигоҳ карда, ба ҷарроҳии пластикӣ худ розигӣ медиҳад. Ғайр аз ин нафароне ҳастанд, ки маблағе, ки вуҷуд дорад, пурра пардохт карда наметавонанд. Бинобар ин дар марказ комиссия дорем, ки барои шахсони камбизоат ё ин ки дар кори каммузд фаъолият доранд, мо метавонем то 50 фисади нархи онро кам кунем. Тақрибан 20 %-и нархи беморони мо кам карда мешаванд.
-Ин навъи ҷарроҳӣ дар хориҷа чӣ қадар арзиш дорад?
-Дар хориҷа қариб 10-20 баробар зиёд аст. Чунки барои як ҷарроҳие, ки мо мегузаронем, нест кардани халташавии шикам, гирифтани равғанҳое, ки зиёд аст, липасаксия мегӯянд. Дар Русия, дар ш. Маскав ин ҷарроҳиҳо аз 3,5 ҳазор то 5-6 ҳазор евра аст. Лекин мо ин ҷарроҳиҳоро тақрибан ба 1500 сомонӣ мегузаронем.
-Оё афроди хориҷӣ низ ба Маркази шумо муроҷиат мекунанд? Бештар шаҳрвандони кадом кишвар?
-Албатта, муроҷиат мекунанд. Нафароне ҳастанд, ки ҳам аз Эрон ва ҳам аз Афғонистон меоянд ва ба мо муроҷиат мекунанд. Бисёртар нафароне, ки дар муассисаҳои байналмилалии ш. Душанбе кор мекунанд, ба мо муроҷиат мекунанд. Умуман, маълум аст, ки на фақат сатҳи ҷарроҳӣ ба бемор лозим аст, лекин сатҳи иҷтимоиро ҳам бардоштан лозим аст. Агар мо беморонро ба меҳмонхонаҳо гусел кунем, дар онҷо бениҳоят маблағи калон меравад. Агар дар он ҷо 10 рӯз истиқомат кунад, аз ҷарроҳии мо дида даҳҳо баробар зиёд аст. Тарафи дигар ин ки на аз ҳама давлатҳо ба назди мо омада метавонанд, чунки бояд шартномаҳои байналмилалӣ дошта бошанд. Лекин ба ҳамин ҳам нигоҳ накарда, мо шаҳрвандоне, ки аз хориҷа ҳастанд дорем.
-Оё дар бораи Маркази шумо дар шабакаи ҷаҳонии Интернет маълумот ҳаст ё шумо сайти худро доред?
Албатта, мо сайти худро дорем. Ба воситаи сайт ҳам беморон ба мо муроҷиат мекунанд.
-Ташаккур, тансиҳат бошед.
Сӯҳбаторо,
Заринаи МУХТОРЗОДА