Дар Рӯзи модар чӣ ҳадяе орзу доред?

march 8Аз замони Шӯравӣ 8-уми март чун рӯзи озодии занон таҷлил мешуд, баъдан онро Рӯзи модар унвон гузоштанд, аммо ҳамоно дар ин рӯз аксари бонувон аз хурд то бузург мунтазири ҳадяе, таваҷҷуҳе аз сӯи ёру бародару падарони хеш мебошанд. Ҳатто ба назар мерасад, ки бонувон ҳам ҳамдигарро дар ин рӯз таҳният мегӯянд ва ба ҳамдигар ҳадяҳое мебахшанд.

Баҳси иду тантана дар ин рӯзро ба доираҳои сиёсӣ ва соҳибназарон вомегузорем ва меравем ба суроғи гулдухтарони нимҷазираи Донишҷӯён ё "Шаҳраки донишҷӯён", воқеъ дар маркази пойтахти Тоҷикистон, ки бубинем онҳо дар ин рӯз чӣ ҳадяеро орзу мекунанд:

 

KhayriНиёзшоева Хайрӣ, донишҷӯйи соли панҷуми бахши забонҳои Осиё ва Аврупо:

Пайғамбар (с) дар яке аз ҳадисҳояш фармудаанд: Бо дӯстон ҳадя фиристед то муҳаббатҳо зиёд шаванд, ба душманон низ фиристед, то кинҳо бартараф шаванд.

Ҳадя яке аз кашфиёти беҳтарини инсоният аст, ки ба воситаи он хотири ҳамдигарро болида мегардонанд. Оре, беҳуда нагуфтаанд: "Инсон ба куҳ миннатдор намешаваду ба мӯй миннатдор мешавад" Ман ҳамчун донишҷӯйдухтари ҷавон бо фарорасии иди занон тамоми модарони азизи Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу мекунам.

Туҳфа навобаста аз оне, ки чи гуна аст, бояд самимона қабул шавад, вале ман аз дӯстон ва ҳамнишинонам дар 8-уми март танҳо гулҳои зеборо интизор ҳастам.

MuhibaМуродова Муҳиба, донишҷӯйи соли 1-уми бахши фалсафа ва психология:

Омад баҳори хуррам бо ранги бӯи тииб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Дар ин фасли нозанин мо 8-уми март рӯзи модаронро ҷашн мегирем. Ва барои хотирмонии он барои духтарон ва занон ҳар хел туҳфаҳоро тақдим мекунанд. Чун фарорасии ин ид аст, дар ҳамаи фурушгоҳҳо, бозорҳо туҳфаҳои бузургу кучак мефурӯшанд. Ман 18 сол дорам, фақат ҳамин сол дур аз модарҷонам ҳастам. Барои ҳамин ман пеш аз ҳама модарамро ба ин рӯз табрик мегӯям ва баъдан туҳфае, ки ман интизор ҳастам ин атр мебошад. Вале туҳфа ҳар чи аст, онро бояд мо хуш бипазирем.

Матробова Мадина, донишҷуйи соли дуюми бахши забонҳои Осиё ва Аврупо:

Ба оғуши пур аз атри баҳорӣ,

Ба чашмони мунири нозанинон.

Биё ай маҳзари рӯзи муҳаббат,

Биё ай иди гул, эй иди деҳқон.

Фасли баҳор ин айёми шукуфтанҳо, айёми тавлидшавии табиат ва гулҳои баҳорист. Чӣ қадар зебову дилорост, ин баҳори нозанин! Идҳои фараҳбахше ба мисли "Рӯзи модарон", "Наврӯзи хуҷастапай", "Рӯзи ханда" ва ғайра гӯё фасли баҳорро зиннати дигаре мебахшанд.

Инак дар омад-омади рӯзи модарон, 8-уми март ҳар яке модар, ҳамсар ё хоҳарони худро табрик менамоянд. Ва ҳар яке интизори туҳфа гирифтанро дорад. Ман ҳамчун донишҷӯй дар ин иди пурфайз аз дӯстон ва ҳамкурсон ягон китобе аз ашъори адибони хориҷиро интизорам ва инчунин дигар ҳадяҳои тақдимшуда бояд хоксорона ва самимӣ бошанд.

Sanginova HamidaСангинова Ҳалима, донишҷӯйи соли панҷуми бахши механика ва математика:

8-уми март иди бонувон, рӯзи озодии занон, рӯзи хотирмонро ба ҳамаи бонувон табрик гуфта, аз даргоҳи худованд тамоми хушиҳои ду ҷаҳонро таманно дорам, фикр мекунам ҳар як бонуи тоҷик дар ин рӯз туҳфае интизор мешавад, яке гулу дигаре атриёт… Ҳар рӯзи 8-уми март як чизро интизор мешавам, дидори модарҷонамро. Ҳоло ки донишҷӯйи соли 5-ум мебошам, дар тӯли 5 сол туҳфаи дар боло зикр кардаамро интизорам. Модарҷон, дар ин рӯзи саид як маротиба рӯятонро медидам, боз орзуям ҷомаи амал мепӯшид.

SanginaСангина Буттаева, донишҷӯйи курси сеюми бахши биология:

Аз ҳамаи фаслҳои сол баҳорро дӯст медорам. Чун ин фаслро зиндашавии табиат низ мегӯянд. Дар ин фасл 8-уми март Рӯзи модаронро ҷашн мегиранд ва инак омад-омади ин иди накӯ аст, ки ҳамаи бонувони кишварамро ба ин ид табрик мегӯям ва аз забони шоир чунин гуфтаниам;

 Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

 Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Ва ин дуруст аст, ки  бештари занони кишварамон аз мардон ҷасуртару донотар ҳастанд. Ва ҷаҳонро бидуни зан тасаввур карда намешавад.

Умуман ҳадяе, ки тақдим мешавад ба сину сол вобаста аст. Ба фикри ман ҳамаи ҷавондухтарон пеш аз ҳама дар ин ид гулро интизор ҳастанд. Чун ман ҳанӯз хеле духтари ҷавон ҳастам, аввалин туҳфае, ки дар ин ид интизор ҳастам, рӯҳи болидаи модари шодравонам ва навозишҳои аз ёд нарафтании ӯ мебошад, ки хеле пеш аз он ҷудо шуда будам. Аз ҳамкурсону дӯстонам бошад, ҳар туҳфае, ки ҳаст, бо ҷону дил қабул мекунам.  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97