Ё чаро "арконҳои миллӣ" хомӯшанд?!
Дар ҳоле ки бузургтарин ширкату корхонаҳои ҷаҳонӣ аз таъсири бӯҳрони молӣ садо баланд мекунанд, аммо дар Тоҷикистони аҷоиби мо соҳибкорону олигархҳои ватанӣ гӯиё, ки вазъи иқтисодиашон хеле олӣ бошад, ёде ҳам аз бӯҳрони молӣ намекунанд. Ин дар ҳолест, ки қарзҳои нӯҳрақамаи андозсупорандагони вилояти Хатлон дар ҳисобкунакҳои нозироти андози вилоят рӯ ба афзоиш дорад.
Ба гуфтаи Баҳром Зубайдуллоев, муовини сардори раёсати нозироти андози вилояти Хатлон то 1-уми сентябри соли 2009 бақияпулиҳои андозсупорандагон дар назди нозироти андози вилоят ба 162 млн 646 ҳазору 900 сомонӣ баробар шудааст.
Дар 8 моҳи соли ҷорӣ қарзи умумии андозҳо баробари 34 млн 530,3 ҳазор сомонӣ афзудааст. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ дар 8 моҳи сипаригардида 13 ноҳияи вилоти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвону Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангиру Панҷ, Қубодиёну Шаҳритус ва ноҳияҳои Носири Хусраву Восеъ, Фархору Ҳамадонӣ нақшаи ҷамъоварии андозҳоро камтар аз 50% иҷро кардаанд.
НОҲИЯИ РУМӢ
Доир ба сабабҳои афзоиши бақияпулиҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ масъулини шӯъбаи нозироти андози ноҳияи мазкур мегӯянд, ки дар давраи ҳисоботи калонтарин андозсупорандагон комбинати орди ноҳия, ҶСШК "М. Ҳафизов", ҶСШК "Мумбарор", ҶСШК "Фирӯзҷон" ва бозори савдои яклухти ноҳия фаъолият накардаанд. Дар баробари ин соҳаи кишоварзии ноҳия, ки 64,3% қарзҳои андоз аз ҳисоби ҳамин соҳа аст, дар ҳоли табоҳе қарор дорад. Ҳамчунин 31% қисми дигари бақияпулиҳои андоз аз ҳисоби ҳалқаи дигари пайваста ба соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии оби ноҳия мебошад. Нозирони шӯъбаи нозироти андози ноҳия дар ин давра нисбати 11 андозсупоранда, ки қарзҳои ҷамъшудаашон беш аз 5 млн 220 777 сомониро ташкил медиҳад, ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кардааст. Айни замон қарзи умумии андозсупорандагон дар ин ноҳия 1067173 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 2 млн 429199 сомонии онро фоизҳои қарзҳои саривақт пардохтнашуда ташкил медиҳад.
Андозситонҳои вилоятӣ сабаби афзоиши бақияпулиҳои андозро дар он мебинанд, ки хоҷагиҳои пахтакор бинобар норасоии маблағ дар ҳоли табоҳ қарор дошта, фоизи қарзҳояшон рӯз ба рӯз боло рафта истодааст. Аз ҷониби дигар масъулини нозироти андози вилоят изҳори ташвиш менамоянд, ки интизоми андозсупорӣ дар вилоят дар сатҳи пойин қарор дорад.
ШАҲРИ ҚУРҒОНТЕППА
Новобаста аз он, ки дар оғози сол иқтисодшиносон аз эҳтимолияти иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳоро дар шаҳрҳои вилоят ибрози назар доштанд, аммо дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа вазъи ҷамъоварии андозҳо дар нисбати ноҳияҳои вилоят беҳтар аст. Ба гуфтаи Дилшод Раҳимов, муовини сардори нозироти андози шаҳри Қурғонтеппа то 1-уми сентябри соли 2009 қарзи андозсупорандагон бо назардошти фонди иҷтимоӣ ҳамагӣ 3 млн 228 447сомониро ташкил медиҳад. Дар маркази вилояти Хатлон алъон қарзи корхонаҳои калон ҳафтрақама нест. Яъне қарздортарин корхонаи саноатии шаҳр аз 1 млн сомонӣ камтар қарздор аст. Дар ин рӯйхат ҶСШК "Умед"ба миқдори 921 ҳазору 653 сомонӣ, ҶСП "Хатлон-ТАДЕС" 211 599, Комбинати муассисаи комуналии Қурғонтеппа 260 ҳазору 772 сомонӣ ва Корхонаи Давлатии Фаръии Хоҷагии комуналии манзилии шаҳр 128 923 қарздор аст.
Ба гуфтаи Дилшод Раҳимов дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз бе назардошти андози иҷтимоӣ ба ҷойи 17 млн 233 ҳазору 073 сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба миқдори 18 млн 199 599 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Аммо андози ҳифзи иҷтимоӣ аз 10 млн 606 145 сомонии нақша 9 млн 763 892 сомонӣ ё ба миқдори 92% - и нақшаи пешбинишуда андоз ҷамъоварӣ шудааст. Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани андози иҷтимоӣ дар он аст, ки дар нисбати 3 моҳи аввали сол то имрӯз шумораи коргарон ба миқдори 942 нафар кам шудаанд. Яъне ин миқдор андозсупорандагон бо сабабҳои ба рухсатии бемузд рафтан ё аз фаъолият бозмондани коргоҳашон музди меҳнат нагирифтаанд ва аз ин ҳисоб ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ низ маблағ ворид нашудааст.
МУАММОҲОИ НОКУШОДАИ НИҲОДҲОИ АНДОЗСИТОН
Дар мавриди сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии андоз баъзе аз андозсупорандаҳо суол мегузоранд, ки чаро дар Русия дар пешорӯи бӯҳрони молӣ нақшабандии даромади буҷа 10% кам карда шуду дар мо бошад дар вилоят 65% ва дар сатҳи баъзе шаҳрҳо аз 80% зиёд карда шуд. Воқеан, новобаста ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ба ҷойи нақшаи 23 млн 742,8 ҳазор сомонӣ 18 млн 416 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷаи вилоят ворид шудааст, ки ин нисбати моҳи августи соли 2008 3 млн 816 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аммо ин нишондод 77,6% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Як сабаби дигари иҷро нашудани нақшаи андозҳоро масъулини соҳа дар он мебинанд, ки дар оғози сол иҷрои корҳои сохтмонии лоиҳаҳои калонҳаҷм, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон амалӣ мешаванд, дар нақшабандии андози вилоят ба назар гирифта мешаванд. Аммо азбаски ин ширкатҳои сохтмонӣ дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳрҳо ба расмият шинохта шудаанд, андоз аз иҷрои корҳои онҳо ва ҳатто музди меҳнати бинокорони маҳаллии вилояти Хатлон, ки дар ин ширкатҳо кор мекунанд, ба буҷаи шаҳрҳои дар боло номбаршуда мегузарад, на ба буҷаи Хатлон. Мавзӯи дигаре, ки ниёз ба як тадқиқоти журналистӣ дорад, ин андозситонӣ аз соҳибкорони бензинфурӯш мебошад. Ба гуфтаи як соҳибкоре, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, агар ниҳодҳои масъул ҳаҷми воридоти маводи сӯхтро, ки ба қаламрави вилояти Хатлон ворид мешаваду бешак ба фурӯш меравад, дар нисбати ҳаҷми андозситонӣ аз даромади он муқоиса намоянд, бешубҳа рақамҳо по дар ҳаво мемонанд. Хубтараш, баррасии ин мавзӯъро ба вақти дигар вомегузорем.
Ҳарзамон, ки мавзӯи андозситонию андозсупорӣ ва кодексу қонунҳои вобаста ба ин мавзӯъро дар доираҳои коршиносони бахши иқтисодӣ ба миён мегузорем, дар ҷамъбасти баҳс як сухан ба такрор садо медиҳад: "Ҳамаи ин як масхарабозӣ аст".
Ҳамин тавр зимни як сӯҳбати сари роҳӣ бо ҳаваскори мардумие, ки аз майдони санъату ҳаҷвнигорӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ даст задааст, оид ба вазъи иқтисодӣ ва сабабҳои мушкилиҳои андозсупорию пардохтҳои ҳатмӣ суол кардам. Хостам бифаҳмам, ки собиқ масхарабозони касбӣ оид ба ин мавзӯъ чи андешае доранд. Мавсуф ҳам бо лаҳни тақлид ва шӯхиомез ҷавоб гуфт: "Чува, ки арконҳои миллӣ хо-хо-хомӯшанд"
АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ АЗИМ ДАР ЧӢ ҲОЛАНД?
Даври ин мавзӯъ сардори гурӯҳи таъмини ҷамъоварии андозҳо ва барҳамдиҳии бақияпулии андозҳои раёсати минтақавии андозсупорандагони азими Хатлон Ҳасан Ҳаитов иброз дошт, ки ба 1-уми августи соли ҷорӣ қарзи корхонаҳои азими вилоят аз андоз ба 27 млн 716 ҳазору 979 сомонӣ баробар шудааст, ки дар нисбати аввали соли ҷорӣ 6 млн 294602 сомонӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ду се моҳи охир ягона андозсупорандаи азим Ширкати сармоягузории "Исмоили Сомонӣ" аст, ки андозҳои моҳонаашро сари вақт пардохт намуда, аз ин ҳисоб нақшаҳои мо аз 142 то 155% иҷро мешаванд. Мушкили иқтисодие, ки се андозсупорандаи азим ҶСШК КМ "Тоҷик Азот", Ширкатҳои "ТАМЕР ИНБ" ва "Исмоили Сомонӣ" доранд, дар моҳҳои наздик ҳалли худро намеёбанд. Зеро ҶСШК "Тоҷик Азот" то 1-уми январи соли 2010 аз фаъолият бозмонда, ду ширкати боқӣ қарзҳои ҳангуфт дар болои хоҷагиҳои Пахтакор доранд, ки бозпас гирифтани онҳо ба хусус дар ҳамин сол имконнопазир аст.
Нисбат ба дигар андозсупорандаҳои азим ҶСШП "Азот", ки қарзҳои он ба 3 млн 411 ҳазор сомонӣ расидааст, масъулини раёсати андозсупорандагони азими вилоят ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат намудаанд, то ин ки корхонаи мазкурро муфлис эълон намоянд. Аммо додгоҳи иқтисодӣ ин иддаои андозситонҳои азимро қабул накардааст.
ГИРИФТОРИИ "ТРЗ-ҚУРҒОНТЕППА"
Тибқи иттилои Ҳасан Ҳайитов бақияпулиҳои Заводи трансформатористеқсолкунии шаҳри Қурғонтеппа 104 ҳазору 321 сомониро ташкил медиҳад. Сабабҳои сари вақт пардохт накардани қарзи андозро масъулини корхонаи мазкур чунин шарҳ доданд: Ширкати "Барқи тоҷик" аз соли 2008 инҷониб аз ҳисоби трансформаторҳои харидааш аз мо беш аз 1 млн сомонӣ қарздор аст. Ҳамин, ки "Барқи Тоҷик" қарзҳои моро пардохт намуд, мо дар мадди аввал қарзи андозро месупорем, - мегӯянд масъулини ТРЗ-Қурғонтеппа".
БАҲСҲОИ ИҚТИСОДИИ КФД "ҚУРҒОНТЕППАГАЗ"
Дар ҳоле ки ҷониби раёсати андозсупорандагони азими Хатлон барои ситонидани бақияпулиҳои КФД "Қурғонтеппагаз" ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кардааст, ҷониби дигар даъвои онро дорад, ки ҶСШК "Тоҷик Азот" маблағи 985 ҳазор қарзи онҳоро, ки ҳамроҳ бо ҷаримаҳояш ба 1 млн 445 ҳазору 070 сомонӣ мерасад, бояд ба суратҳисоби онҳо ворид намояд. Аммо ба гуфтаи Қутбиддин Хоҷаев шартномаи сетарафаи миёни "Тоҷикгаз"- ҶСШК "Тоҷик Азот" ва КФД "Қурғонтеппагаз" аз ҷониби дуи аввалӣ вайрон шудааст. Яъне дар асоси як мактуби Муҳсиддинов, собиқ раиси "Тоҷикгаз" ҶСШК "Тоҷик Азот" маблағҳои қарзиро ба таъминкунанда не, балки ба собиқ мақоми болоии соҳаи газ "Тоҷикгаз" пардохт намудааст, ки ин мухолифи бандҳои 3-2 ва банди 6 - и созишномаи сетарафаи онҳо аст.
Дар баробари ин ба гуфтаи Қутбиддин Хоҷаев айни ҳол аҳолӣ аз "Қурғонтеппагаз" дар умум 1 млн 600 ҳазор сомонӣ қарздор аст, ки ин қарзҳои 10 соли охир ҷамъшуда мебошанд. Тибқи дархости мақомоти маҳаллӣ бояд дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ Вазорати молия барои пардохти ҷубронпулии оилаҳои камбизоат 218 ҳазору 887 сомонӣ маблағ ҷудо мекард, аммо дар асл 138 ҳазору 291 сомонӣ ҷудо шудааст. Дар соли 2008 тибқи дархостҳои ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа Вазорати мазкур бояд 560 ҳазору 665 сомонӣ ҷудо мекард, аммо 462 224 сомонӣ ё ба миқдори 98 ҳазору 441 сомонӣ камтар маблағ ҷудо кардааст. Ҳамин тавр масъулини КФД "Қурғонтеппагаз" низ сабаби сари вақт пардохт накардани бақияпулиҳои андозро аз нуқсони кори ҳалқаҳои дигари "занҷираи иқтисодӣ" арзёбӣ менамоянд.
Ҳамин тавр бӯҳрони молӣ кори ҳалқаҳои "занҷираи иқтисодӣ"-и вилояти Хатлонро ноҷӯр кардааст ва аз иллати кори як ҳалқа ҳалқаҳои дигар гирифтори мушкилоти молӣ шуда истодаанд. Аммо дар умум трактори иқтисодӣ чи гуна кор мекунад, оё ҳамагон дарк мекунанд?!
Ҷамолиддини УСМОНИЁН