Мавзӯъи фурӯши барқи Тоҷикистон ба Узбакистон бо қимати пойинтар аз бозори дохилӣ ба нигарониҳое дар миёни коршиносони арсаи энержӣ ва ҷомеъа доман задааст. Аммо Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон мегӯяд қимати фурӯши барқ ба кишвари ҳамсоя дар чорчӯби мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар танзим шудааст. Ба гуфтаи масъулони ширкати "Барқи тоҷик" санади ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои энержии Тоҷикистон ва Узбакистон авоили моҳи ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд, ки тибқи он қимати ҳар килувот соъат нируи барқи содиротӣ 1,5 сенти омрикоӣ муқаррар шудааст.
Масъулони Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, фурӯши 500 миллион киловат соъат нируи барқ ба Узбакистон бо дархости ин кишвари ҳамсоя сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Вайсиддин Тиллоев, як масъули идораи сиёсати энержии Вазорати энержӣ ва саноеъ, рӯзи чаҳоршанбеи 26 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки то кунун ҷониби Тоҷикистон бар асоси доду гирифти мутақобила дар фасли тобистон 450 миллион киловвт соъат нируи барқ ба Узбакистон содир мекард. Ба гуфтаи вай, тибқи тавофуқоти дуҷониба дар фасли тобистон дар асоси усули доду гирифти мутақобила аз Тоҷикистон ба Узбакистон 300 миллион киловат соъат нируи барқ интиқол дода мешавад. Ба ин тартиб оқои Тиллоев мегӯяд: "Ҷониби Узбакистон муваззаф аст, ки аз авоили фасли пойиз, яъне аз моҳи октябр ба Тоҷикистон нируи барқ ворид кунад."
Аммо Сафаралӣ Саъдуллоев, муъовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт соли ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон табодули нируи барқ сурат намегирад ва ҷониби Узбакистон танҳо бо пардохти мабла?и нақдӣ 500 милюн килувот соъат нируи барқ харидорӣ хоҳад кард. Оқои Саъдуллоев гуфт, ки ҳамакнун содироти ин миқдор нируи барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон ҷараён дорад ва то кунун 300 милюн килувот соъат ниру ба Узбакистон фурӯхта шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Саъдуллоев, қарор аст ҷониби Қазоқистон низ миқдори 500 милюн килувот соъат нируи барқро аз Тоҷикистон харидорӣ кунад.
Ба гуфтаи ин масъули ширкати "Барқи тоҷик", интиқоли нируи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон аз тариқи системи энержии Узбакистон тавассути ширкати хусусии мавсум ба "Фирӯзаи Қаҳҳорзод", воқеъ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, сурат мегирад. Гуфта мешавад, ин ширкати хусусӣ муваффақ шудааст бо ҷонибҳои Узбакистон ва Қазоқистон барои содироти барқи Тоҷикистон ба Қазоқистон аз тариқи системи энержии Узбакистон тавофуқ кунад.
Аммо тавофуқи ниҳодҳои энержии Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи қимати фурӯши 500 килувот соъат нируи барқ нигарониҳоеро дар ҷомеъаи Тоҷикистон, бахусус коршиносони арсаи энержии ин кишвар, ба бор овардааст.
Ба гуфтаи ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси арсаи энержӣ, қимати муқарраршудаи фурӯши барқ ба Узбакистон хеле пойин буда ва барои Тоҷикистон қобили қабул нест.
Оқои Сайфиддинов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Мояи таъаҷҷуб он аст, ки ҷониби Тоҷикистон то замони мавриди баҳрабардории ниругоҳи "Сангтӯда-1" нируи барқи тавлидии ин ниругоҳро аз Русия ба қимати 3,1 сенти амрикоӣ харидорӣ мекард, дар ҳоле ки ниругоҳ дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст. Аммо ҳамакнун нируи барқро ба Узбакистон бо пойинтарин қимат мефурӯшад, ки бар зарари Тоҷикистон аст."
Ҳамчунин нигаронии оқои Сайфиддинов аз он аст, ки ҳатто қимати фурӯши нируи барқ ба Узбакистон, яъне 1,5 сент, нисбат ба қимати он барои ҷамъияти Тоҷикистон низ пойинтар аст. Оқои Сайфиддинов қимати фурӯши нируи барқ ба Узбакистонро хеле ночиз хонда ва онро барои Тоҷикистон қобили қабул намедонад
Ин дар ҳолест, ки бар асоси нархномаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз авоили моҳи ҷорӣ қимати ҳар киловат соъат нируи барқ барои ҷамъияти кишвар 7,5 дирам ё 1. 6 сент муқаррар шудааст.
Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар фасли тобистон дар ниругоҳҳои Тоҷикистон нируи барқи изофӣ тавлид мешавад, содироти он ба бархе аз кишварҳои ҳамсоя, бавижа Узбакистон, сурат мегирад.
Масъулони Вазорати энержӣ ва саноеъ ва ширкати "Барқи Тоҷик" бо қимати 1,5 сент содир шудани ҳар киллват соъат нируи барқ ба Узбакистонро ба маҳдудияти ворид шудани Тоҷикистон ба бозори кишварҳои ҳамсоя марбут донистанд.
Ин масъулон мегӯянд, аз он ки захоири об "бидуни истифода ҷорӣ шавад, беҳтар аст то бо қимати пойин ҳам ки бошад, ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта шавад." Ба ин далел, масъулон бар ин назаранд, ки ин амр аз ночорӣ сурат мегирад.
Аммо ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси арсаи энержӣ, "ночорӣ"-и масъулони давлатиро баҳонае беш намедонад. Вай бар ин назар аст, ки давлат сиёсати дурусти энержӣ надорад ва чунин вазъ мунҷар ба он шудааст, ки бӯҳрони энержӣ ба мушкили аслии куллия сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар чанд соли ахир табдил шудааст.
Оқои Сайфиддинов содирот ё фурӯши нируи барқи изофӣ дар фасли тобистон ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин Афғонистонро роҳи ҳалли қазияи мавҷуд хонд.
Ба гуфтаи оқои Сайфиддинов, дар солҳои гузашта чунин таҷруба вуҷуд дошт ва иҷрои ин амр бештар ба иродаи давлати Узбакистон бастагӣ дорад. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд Тоҷикистон дар заминаи интиқоли нируи барқ ба кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба системи энержии Узбакистон вобастагӣ дорад.
Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи вай, дар солҳои пеш ҷониби Узбакистон дар заминаи табодули нируи барқ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ва Қирғизистону Қазоқистон мавонеъ эҷод карда буд.