ДАСТОВАРДҲОИ ЯК АСР БА
"МУРҒХОНА" БАДАЛ ШУДАНД
Замоне, ки системаи муназзами совхозу колхозӣ фаъолият дошт, тамоми соҳоти кишоварзӣ аз як нуқта идора гардида, соҳаи кишоварзӣ рушду тараққӣ меёфт. Мушкилоти назаррасе дар таъмини техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба чашм намерасид. Зеро, ин соҳаи басо муҳими мутаммаркази сари вақт бо мошинолот ва техникаҳои асосӣ таъмин мегардид. Бешубҳа ин давраҳои тиллоии нумӯъ ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёфт ва маҳсулотҳои аз нуқтаи назари эколожӣ тоза истеҳсолшуда ба берун аз хориҷи кишвар содир мегардид.
Бо барҳам хӯрдани система тамоми соҳоти хоҷагии кишвар дар як муддати кӯтоҳ фалаҷ гардид. Давраи бесарусомонӣ тамоми дастовардҳои дар тӯли аср ба даст овардаро барҳам зад ва аз як системаи бузурги кишоварзӣ қариб, ки чизе боқӣ намонд. Махсусан, ашхоси мутасаддӣ, ки дар шаҳру навоҳии кишвар дар ин соҳа масъул буданд, имкон доданд, ки моликияти мардумӣ дар як давраи басо кӯтоҳ хароб гардад. Манофеи хусусӣ болотар аз манофеи умумӣ қарор гирифт. Таллаву тороҷ гардидани моликияти миллӣ ба як амри табиӣ табдил ёфт.Мардум техникаҳои ғасб намудаашонро ҳамчун мурғхона истифода мекарданд. Тӯли чанд сол техникаҳои мавҷуда дар асари истифода нагардидан хароб ва ғайриқобили истифода шуда, ба оҳанпора табдил ёфтанд.
Замони қаҳтӣ ва гуруснагӣ маҳз ҳангоме ба вуқӯъ пайваст, ки замин истифода намегардид. Тавассути белу каланд ва юғу испор шудгор кардани заминҳо ва иҷрои кишту кор ҳосили дилхоҳ намедод. Мардуми аз меҳнати дастӣ дур шуда, яку якбора наметавонист ин бори сангинро таҳаммул намоянд. Фақру нодорӣ домангирашон мешуд ва ба чорасозе ниёз доштанд, то битавонад онҳоро аз ин варта наҷот диҳад.
ҲОКИМИЯТИ ФЮЧЕРИСТҲО
ВА ҒУЛОМОНИ ҲАЛҚАБАРГӮШ
Аввалҳо созмонҳое рӯи кор омаданд ва бо баҳонаи кӯмак ба мардуми камбизоат ва деҳқонон аз хидматгузориҳои худ лофу газзоф мезаданд. Махсусан фючеристҳо, ки зимоми соҳоти аз ҳама муҳим, кишоварзиро бар душ гирифта буданд, дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд дар саросари кишвар худро ҳокими мутлақ муаррафӣ намоянд. Ин ташкилот натавонист дар амри боло бурдани умури кишоварзӣ кореро анҷом бидиҳад. Хидмати бузургаш ин буд, ки дар давраи фаъолияташ деҳқононро то ба гӯшашон қарздор намуд. Деҳқонон қобилияти аз бонк гирифтани маблағро надоштанд ва ҳама кор тавассути миёнҷигарии фючеристҳо амалӣ мегардид. Деҳқонон маҷбур буданд, ки ба онҳо муроҷиат намоянд.
"-Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбӯ". Фаъолияти фючеристҳо шурӯъ мешавад ва деҳқонон ихтиёран худро ғуломи ҳалқабаргӯши онҳо мегардонанд. Тибқи шартномаи тарафайн, фючерист тамоми масорифи коркарди заминро ба зиммаи худ мегирад ва деҳқононро бо трактор, равған, тухмӣ, ғизои замин (нуриҳои минералӣ) ва соири масориф бо қиммати дучанд таъмин менамояд. Бо анҷом ёфтани мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасту муҳосибаи натоиҷи кор, деҳқонон аз фючеристҳо қарздор шуда, моликияти худро комилан аз даст медиҳанд.
Шикоят ва арзу додашонро касе намешунавад, зеро онҳо қонунан аз фючеристҳо қарздор шуда, тамғаи қарздориро ба гардан овезон карда буданд. Садҳо хоҷагиҳои деҳқонии таъсисгардида бо шарофати "кӯмак"-ҳои фючеристҳо касод шуда, то ҳанӯз ба худ наомадаанд. Фаъолияти фючеристҳо солҳо идома ёфта, натиҷае ба бор наовард, ба ҷуз сарватманд гардидани худи онҳо.
Мутаассифона, бедодгариҳое, ки онҳо дар ҳаққи деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ раво дида буданд, аз тарафи масъулини мақомоти давлатӣ беҷазо монданд ва ин Ҷанобон аз ҳисоби найрангбозӣ ва фиреби мардум соҳиби сарватҳои ҳангуфт шуданд. "Ҷадидарбобкамолҳо" мекӯшиданд "одинаҳо"- и нав ба наверо ба доми худ дароранд ва аз ин ҳисоб асбоби айшу маишати худро таъмин намоянд. Кишоварзу кишоварзӣ ба соҳаи зараровар табдил ёфта, деҳқонон танҳо ба хотири ба даст овардани ғузапоя тамоми сол зери дасти арбобҳо кор мекарданд. Иддаи аксари деҳқонон барои дарёфти ризқу рӯзӣ рӯ ба шаҳрҳо оварда, қисмате ҷиҳати мардикорӣ озими Русия гардиданд.
ДЕҲҚОН ШАҲРӢ МЕШАВАД
Мирзо Ҳамдам, ки тамоми умр дар ноҳияи Хуросон деҳқон буд, пас аз ба шаҳр омаданаш мегӯяд: "Боқии умрамро дар шаҳр хоҳам гузаронид. Умрам дар пахтазор хазон шуд, шиками серу либоси тозаро ҳаргиз надидам ва то имрӯз ба чизе муваффақ ҳам нашудам. Фикр мекардам, ки Хуросон тамоми дунёст ва пахтакорӣ пешаи ифтихорӣ ва азалии ман ва аҳли хонаводаи мост. Гӯё нофи моро дар ҳамин замин буридаанд ва то охири умр бояд бо ҳамин замин бимонем. Намегузорам, ки фарзандонам мисли ман тамоми умр аз оби бадбӯи заҳбурҳо биошоманд ва умрашонро дар пахтазори пур аз ҳашарот хазон намоянд. Агар аз хизмат обрӯ меёфт, ҳамон маркабаки бечора меёфт".
Дар як давраи на чандон тӯлонӣ пешаи деҳқонӣ фалаҷ гардид. Деҳқоне, ки то дирӯз дар замин машғулият дошт, бо чашидани шаҳди зиндагии шаҳрӣ дубора хоҳиши ба деҳа баргаштанро накард ва пешаи аслии деҳқониашро барои ҳамеша фаромӯш намуд. Деҳқонони дирӯза имрӯз дар бозорҳо машғули тиҷорат шуданд, ки нисбат ба пешаи деҳқонӣ чанд баробар муфиду боманфиат аст. Дубора баргардондани онҳо ба деҳот корест басо мушкил.
ҲУКУМАТ АЗ ПАЙИ ТАДБИР ШУД
Баланд рафтани нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар, зиёд шудани суфуфи камбизоатон ва фақру тангдастӣ ҳукуматро маҷбур сохт, ки дар амри барқарор намудани ин пешаи басо муҳиму ҳаётӣ чораҳои таъҷилӣ ва муассир андешад. Аз ин рӯ бо додани қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо кӯшишҳоеро анҷом дод, ки деҳқононро дубора ба замин баргардонад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2007 Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" таъсис ёфт. Мақсади асосии корхона мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият ва шахсони воқеӣ бо техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, кору хизматрасонии сервисию техникӣ ва дар асоси тиҷорат ба даст овардани фоида мебошад. Яке аз вазоифи асосии корхона харидорӣ ва дастрас намудани васоити техникӣ ва мошинолотҳои марбут ба онҳо, таъсиси Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МТС) дар шаҳру навоҳии кишвар мебошад. Таъсиси марказҳои мазкур имконият фароҳам меорад, ки деҳқонон соҳиби техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ гарданд. Солҳои ҳукумати шӯравӣ МТС-ҳо, ки моликияти умумихалқӣ маҳсуб меёфтанд, бидуни мушкилот тамоми умури кишоварзиро иҷро карда, деҳқонон худро моликони аслии замину техника медонистанд..
Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 19 Маркази хизматрасонии техникӣ таъсис гардида, соли дуввум аст, ки зиёда аз 188 трактор дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ашхоси инфиродӣ қарор дорад. Деҳонони хоҷагиҳо аз таъсиси ин марказҳо хеле хушҳоланд ва мисли солҳои пешин умури кишоварзиро бидуни мушкилот анҷом медиҳанд. Корхона пайваста талаботҳои кишоварзонро омӯхта, дар асоси фармоишҳои онҳо техника ва таҷҳизоти лозимиро аз дохил ва хориҷи кишвар харидорӣ намуда, дар ихтиёри деҳқонон қарор медиҳад. Аз корхонаи "Тоҷикагролизинг" дастрас намудани техника бартариятҳои зиёде дорад Аз ҳама муҳим, деҳқон дар асоси шартномаҳои лизингӣ техникаҳоро дастрас менамояд ва бо пешпардохти бист дарсади қиммати аслӣ соҳиби васоити техникӣ мегардад ва мутабоқии маблағҳои пардохтшавандаро дар муддати се соли баъдӣ мепардозад. Ин барои деҳқонон кӯмаки хуб аст. Зеро деҳқон медонад, ки бо гирифтани ҳосил ва ба таври озод фурӯхтани маҳсулоти ҷамъовардааш, дар давоми се сол имкон пайдо менамояд, ки маблағи боқимондаро пардохт намояд.
ТАНҲО ДАНҒАРА СЕР МЕКУНАД
Таъсиси Марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шароити рӯз барои деҳқонон муфиду манфиатовар бошад ҳам, талабот ба техника ва васоити техникӣ рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Танҳо дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон дар замони шуравӣ зиёда аз 3000 ҳазор адад васоити техникӣ мавриди истифода қарор дошт. Имрӯз дар барқарор намудани ин соҳаи басо муҳим кӯшишҳое анҷом меёбад, вале он ҳам хеле ночиз аст. Тоҷикистон, ки кишвари аграрист, бояд ба ин соҳа таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир намояд. Ҳамин ҳафт фисад замини кишт, ки дар ихтиёр дорем, дар сурати мусаммар истифода гардидан метавонад нуфуси кишварро бо маводи ғизоӣ комилан таъмин намояд. Агар талаботи солонаи мардум ба гандум дар як сол ду-дуввуним миллион тонна бошад, тибқи назари коршиносон танҳо коркарди заминҳои даштҳои Данғара кофист, ки ин миқдор гандум рӯёнида шавад. Дар ин ҷо мушкилоти асосӣ боз ҳам нарасидани техника ва таҷҳизоти техникист, ки аксари даштҳои корами ҷумҳурӣ солҳо бекор хобида, мавриди истифода қарор намегиранд.
РЕСТОРАНСОЗӢ ВА "АЗ
ОБИ ЛОЙ МОҲӢ ДОШТАН"
Вақте ки мо аз соҳибистиқлолии худ ҳарф мезанем ва бо он ифтихор мекунем, набояд фаромӯш созем, ки ҳама фахру валвалаҳои мо марбут ба шиками серу киссаи пури мост. Дар акси сурат мафҳуми соҳибистиқлолӣ арзише надорад ва шахси гурусна ҳеҷ гоҳе қодир ба ҳифозати номусу муқаддасоти хеш буда наметавонад. Имрӯз сарватмандони мо ба сохтмони рестурону ошхонаҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва қасру кушкҳо машғуланд, ки ба ҷуз худи онҳо каси дигаре аз он манфиат ба даст оварда наметавонад. Амали онҳо ибораи "аз оби гилолуда моҳӣ гирифтан"-ро ба ёд меорад, ки ин амал бисёр саҳлу бемашаққат аст. Шояд сарватмандони мо моҳияти ин масъаларо дарк накарда бошанд. Ва шояд вақти зиёдатӣ надоранд, ки як соли дароз барои ба даст овардани фоида мунтазир бошанд. Зеро, фоида аз заҳмати деҳқонӣ зуд ба даст намеояд ва онро бояд мунтазир шуд.
ГАНДУМО ДАРАВ ШУД…, ИРОНӢ МЕДАРАВАД
Аламовар аст, вақте бародарони иронии мо имрӯз бо техникаву таҷҳизоти худ ба кишвари мо омада, дар умури кишоварзии мо бевосита саҳм гирифта, дар даравидан ва ҷамъоварии ҳосил ба мо кӯмак менамоянд. Корхонаи муштараки "Мустақим", ширкати "Агротех"-и Хуросон, ки муассисаш оқои Султонӣ шаҳрванди Ирон аст, имрӯзҳо дар даштҳои Ёвон ба дараву ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат парвариш намудаи деҳқонони тоҷик машғул аст. Як деҳқони ёвонӣ бо ҳазор гиллаву шикоят гуфт, ки мо аз маҷбурият ба ширкатҳои ирониён муроҷиат менамоем, ки гандуми моро дарав намоянд. Онҳо аз ҳар гектори замини дарав аз мо шашсад сомонӣ,
Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР