АЗИЗОНРО КӢ БОЯД ГИРОМӢ БИДОРАД?

Иҷтимоъ 03.03.2009 14:10

Ахиран чанд тан аз абармардони миллат ҷон ба ҷонофарин супурданд. Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи хушқалам, Наримон Бақозода, шоири бачаҳо, Боймуҳамад Ниёзов, устоди «Шашмақом» ва ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов. Агарчӣ ниқрози аҷал пиру ҷавон абармарду ноқобил намешиносад, аммо дар ин муддати кутоҳ марг гулҳои сари сабади маҳфилҳои моро гулчин кард. Нигаронӣ аз он аст, ки ниме аз мардум бохабару нимае бехабар гӯё бесару садо ин абармардҳо ба хок супурда шуданд.

Нимае аз мо ҳатто бехабар, ки чунин нафаронеро доштем, нимае ҳам дар ҳамсоягӣ зиста намедонистем, ки абармарде ҳамсояи девордармиёни мост, ки рӯзе наслҳои оянда аз умқи солҳо ному пайкорашонро хоҳанд ҷӯст ҳамонгуна, ки имрӯз мо ифтихороти ҷади гузаштаи худро меҷӯем. Вале чаро мо ин қадар қадрношинос ҳастем(?), суолест, ки бояд ҳар фарди тоҷикро ба изтироб оварад. Ё шояд миллати саргаштабахти мо ҳамеша, тӯли қарнҳо, ки мо ин ҳама бузургтаронро доштем, садҳо мушкилоти пешипоуфтодаи модӣ дошту ба сӯйи зиндагии маънавӣ ва фарзандони фарзонааш кору гузоре надошт? Вале масъулини ин миллатро чӣ шудааст, ки агар тавони азиз доштани фарзонаҳои миллатро надорад ҳам, лоақал тавони гиромидошти номи ин азизонро бояд дошта бошад?! Попи Рус фавтид, чанд рӯзи дароз шабакаҳои телевизионии русӣ барномаҳояшонро ба маросими дафни ӯ бахшидаву дар ин бора гузориш медоданд, то безории мо. Аммо ин барои миллати рус, барои сиёсати давлати Русия лозим ва қобили тақлиди мо низ ҳаст. Чаро мо кӯр-кӯрона ба барномаҳои саргармкунандаи ин шабакаҳо тақлид мекунем, вале ба дарки тарҳҳои ҷавҳарии он намерасем? Зиҳӣ давлатмарди Рус! Худое накарда агар сари ягон намояндаи фарҳангу ҳунари рус, ҳатто аз хумор ё «пахмел» дард кунад, дар сархати ахбори ТВ ва матбуот қарор мегирад. Ҳатто як бор ОРТ гузориш дод, ки ду соат интиқоли оби гарм ба хонаи А. Солженитсин қатъ шудааст. Ҳарчанд худи ӯ мегуфт, ин боиси мушкиле барояш нагаштааст. Аммо давлату расонаҳову ТВТ-и мо аслан намедонанд, ки кадом шоир зиндаву кадомаш мурдааст. Аслан касе феълан аз ҳоли Мӯъмин Қаноъат, Муҳаммадҷон Шакурӣ хабар дорад? Ё касе медонад, ки Тоҳири Абдуҷаббор, ба кадои вазъи сиҳатие гирифтор аст ва дар зулмоти шабҳои Хуҷанд дар таб месӯзад? Биёед мардона иқрор шавем, ӯ муаллифи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон аст. Имрӯз ба ҳарфҳои 20 сол қабли ӯ амал мекунем, ба ҳарфҳое, ки бисёре аз давлатдорони имрӯзи мо он замон мухолиф буданд. Ӯ мегуфт, бояд мо истиқлоли миллӣ, пули миллӣ ва артиши миллӣ дошта бошем. Ҳама мухолиф буд, аммо чун андеша дуруст буд, ба он хоста нохоста амал кардем. Андешаи ӯ дуруст, худи ӯ ба касе даркор нест? Иқрор кори мардон аст. Иқрор кунед азизон. Бадбахтии ин гуна мардон ва Тоҳири Абдуҷаббор ин аст, ки ҳади ақал бист сол қабл аз вақт таваллуд шудаанд. Зеро бист сол баъд давлат ба ҳарфи онҳо амал мекунад.

Миллатҳо давлат месозанд ва ин давлат аст, ки миллатро зинда нигаҳ медорад. Дуруст аст, ки мардуми мо имрӯз ба сахтӣ зиндагӣ дорад, барқу газ надорад, хонааш сарду торик аст, аксарият бекор ва асабониянд, касе шояд ҳам барои нон пули сиёҳе дар даст надорад, аммо маъзарат, мо ҳамчунин вазиру раису кабирро надорем, ки мисли ҳамаи мо ба сахтӣ зиндагӣ дорад. Ҳамаи онҳо ҳамсояи мо ҳастанд, лоақал хеши ҳамсояашон дар ҳамсоягии мо мезияду дар бораи зиндагии муфарраҳи онҳо афсона мегӯянд. Ва чун вазъият чунин аст, лоақал бояд ин вазирону кабирон, ки ифтихори масъули миллату давлати тоҷиконро доранд ва аз ҳамин боис муфтахаранд, аз болои ишкамҳои дамидаашон сарашонро фаротар бубаранд ва нигоҳе ба зиндагии воқеӣ бидӯзанд. Лоақал бар сари турбати ҷавонмардони ғамхори миллат, ки дар айни камолоти умр ҷон бохтаанд, зимоми мотам дар бидиҳанд ва бар ҳоли зори овардаашон гиря бикунанд. Шояд ин лаҳза занги хотираашон шӯста бишавад ва пеши виҷдонашон иқрор бикунанд, ки ин рафтагон сазовори зиндагии шойистатаре буданд ва ҳайф нест, то лаҳзае хотири ҳамеша масрури худро озурда кардан ва баргузор кардани маросими дастҷамъӣ барои видоъи мардумон бо ин ёрон. Агар ҳақ бар ҷониби мо нест, шумо бигӯед. То бишнавем!


Д. УМАР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97