Амонуллоҳи Ҳукуматулло, раиси КВД- и "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфт, ки хоҳиши муҳаррири "Миллат" дар мавриди фаҳмидани вазъи мусофироне, ки тариқи поезд ба кишварҳои ҳамсоя мераванд ва ошноӣ бо мушкилоти роҳу манзараҳои сафар ба инобат гирифта шавад ва дар вақтҳои наздик аз ҳисоби корхонаи мазкур журналистро ҳамроҳ бо мусофирони қатори самти Душанбе- Маскав ба кишвари Русия бифиристанд. Дар ин бора раиси КВД- и "Роҳи оҳани Тоҷикистон" зимни нишасти хабариаш бо ҷамъи журналистон рӯзи 14 январ хабар дод.
Муҳаррир, ки бо ироаи ин хоҳиш чунин посухро аз Амонуллоҳи Ҳукуматулло мунтазир набуд, сармои даштҳои Қазоқистон, сардии иқлими Русия ва ба ягон беморӣ печиданро пеш овард, вале Раис, ки ҷуду саховаташ маълуми хоссу омм аст, ба сартабиби дармонгоҳи корхона гуфт, ки дар сурати муроҷиати журналист ҷиҳати табобаташ мусоидат намояд.
Мутобиқ ба гузориши Амонуллоҳи Ҳукуматулло дар соли 2008 аз тариқи роҳи оҳан 14 миллиону 555 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007 қариб 27 ҳазор тонна беш аст. Дар ин давра ба миқдори беш аз 876 ҳазор тонна молҳои хоҷагии халқ ба хориҷ содир шуда, воридоти мол 4 миллиону 449 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Дар корхонаи шпалбарорӣ 16 ҳазору 150 дона шпалҳои оҳану бетонӣ истеҳсол шуд, ки ин теъдод пурра эҳтиёҷоти роҳи оҳанро таъмин менамояд. Дар давоми соли 2008,- гуфт мақоми баландпояи корхонаи мазкур,- ду ҳодисаи бархурди қатора бо автомашинаҳо, ҳашт ҳодисаи пахши одамон, ки дар натиҷа 8 тан ба ҳалокат расидаанд рух додаст. Дар давоми соли рафта ба маблағи 111 миллиону 271 ҳазор сомонӣ андозҳои гуногун пардохт шудаанд ва корхона аз аз буҷаи давлат ва музди маъош қарздор нест,- гуфт дар хатми суханрониаш, Амонуллоҳи Ҳукуматулло.