"МИЛЛАТ" ЁДДОШТҲОИ ДОДСИТОНИ КУЛРО НАШР МЕКУНАД

Иҷтимоъ 15.01.2009 14:39

МАБЛАҒҲОРО КӢ МЕДУЗДАД?

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар, рӯзи 13 январ дар як нишастӣ хабарӣ эълом дошт, дар соли 2008 11 ҳазору 657 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 2 ҳазору 320 ҷиноёти вазнин мебошад. Назар ба ҳамин давраи соли гузашта содиршавии ҷиноят 3,2 фойиз кам шудааст. Тайи соли рафта 137 миллиону 322 ҳазору 930 сомонӣ маблағ барқарор карда шуд, ки аз ин нишондод 91 миллион сомониаш маблағҳои буҷа мебошанд.

ЧАРО САЛАФИЯ МАМНӮЪ ЭЪЛОМ ШУД?

Бобохонов изҳор дошт: "Дар асоси пешниҳоди Додситонии кул Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти равияи салафияро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълом дошт. Пайравони ҳаракати салафия дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҷиноят содир накардаанд. Акнун суъол ин ҷост, ки чаро мо фаъолияти салафиҳоро манъ кардем. Ҳамаи мову шумо ҳодисоти нангини чанд сол қабл дар ҷумҳурӣ рухдодаро то ҳол фаромӯш накардаем. Он вақт як гурӯҳе, ки ваҳҳобиашон мегуфтанд, дар ноором сохтани вазъи ҷумҳурӣ даст доштанд. Ваҳҳобия, Ҳизбуттаҳрир ва Салафиҳо ба амнияти давлату ҷомеъа хатар доранд. Ба мо маълум аст, ки салафиҳоро аз хориҷ маблағгузорӣ мекунанд. Мо қабл аз он, ки салафиҳо амниятро дар кишвар халадор созанд, тасмим гирифтем, ки ба фаъолияти онҳо нуқта гузорем. Фикр мекунам, ки кори дуруст кардем ва ман ҳамчун прокурори генералӣ ба ҳар як ҳукму қарори содир кардаи хеш тайёрам ҷавоб бигӯям. Барои ман амнияти мардум ва кишварам болотар аз ҳама чиз аст."

ЗАМИНҶУНБИРО КӢ ОВОЗА КАРД?

Бобохонов ба масъалаи изтироб ва нигаронии мардум аз хавфи рух додани зилзила ва чанд рӯз пеш нисфе аз шабро дар кӯча ва дохили мошинҳояшон гузаронидани шаҳрвандони кишвар дахл намуда, изҳор дошт; "шахсан ман аз манзили хеш ба ҳеч куҷо набаромадам ва ҳамроҳи фарзандонам дар хонаам хоб будам. Ман ба ҳар гуна овозаҳои беасос ва кӯчагӣ бовар намекунам ва шумо медонед, ки то имрӯз дар ҷаҳон касе соату вақти аниқу дақиқи рух додани зилзиларо пешгӯӣ накардааст. Мегӯянд, ки ин овозаҳоро салафиҳо паҳн кардаанд, ман мегӯям, ки аз паҳн кардани ин хабари дурӯғ барои салафиҳо чӣ манфиате мерасад? Ин ҳама овозаву тахмин аст ва ёфтани гунаҳкороне, ки бойиси дар таҳлука андохтану сарсон шудани мардум саҳм гирифтаанд, душвор аст."

БА ЯГОН ҶОДУГАР ПАРВАНДА БОЗ НАШУДААСТ

Як нафар рӯзноманигор аз додситони кул суъол кард, ки тибқи қонун фолбинҳо ва ҷодугарон, ҷиҳати он ки дар фаъолияташон аъмолу аломатҳои қаллобӣ ҷой дорад, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва дар давоми соли рафта дар ин росто ягон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ё на? Бобохонов посух гуфт; "аз болои ҳеч ягон фолбину ҷодугар ба мақомоти прокуратура шаҳрвандон шикоят наовардаанд ва чунин парванда ҳам мавҷуд нест. Наход одам ба фолбину ҷодугар бовар кунад, фолбин агар тақдирро медонисту пешгӯиҳояш ҳақиқат медошт бояд медонист, ки тиллову танга дар куҷо пинҳон аст, мерафт, мекофту мегирифту бою бадавлат шуда, зиндагӣ мекард ва мардумро гаранг намекард."

ТОРОҶГАРОНИ ЗАМИН ҶАЗО МЕГИРАНД

Ба суъоли "Миллат" дар мавриди талаву тороҷ шудани замин дар навоҳии кишвар ва ба муҷозот кашида шудани масъулини шаҳру ноҳияҳо чӣ тадобир андешидани мақомоти прокуратура Бобохонов посух гуфт; "масъалаҳои марбут ба замин дар прокуратура 357 маротиба мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масъулини вилоёт ва шаҳру навоҳии кишвар 498 пешниҳод ироа шудааст, 1 ҳазору 300 гектар замин ба ҳолати аввалааш оварда шуд. Дар ин масъала ба 30 ҳазор санади тартибдодаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз баён шудааст. Аз болои чанде аз раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаи заминсозии ҷамоатҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва иддае ба ҷавобгарӣ ҳам кашида шуданд."

АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

АЗ ӮҲДАИ КОР НАБАРОМАД

Бобохонов дар қиболи пурсиши хабарнигоре дар мавриди ҳамкориҳои Додситонии кул бо Агентии мубориза бо коррупсия ва фасоди молӣ ва назари додситони кул ба фаъолияти ин ниҳод посух дод; "дар фаъолияти Агентии номбурда пешравии чашмрас нест. Баъзе аз кормандони масъули ин ниҳод аз ӯҳдаи кори ба зимма доштаашон набаромаданд, он гуфтаи онҳо, ки мо миллионҳо зарару зиёнро ошкор кардаем, тасдиқи худро наёфтааст. Баъзе аз парвандаҳои ба додгоҳ ирсол намудаи онҳо ҷиҳати он ки далелҳо тасдиқи худро наёфтанд, қатъ карда шуданд. Ҳатто ҳодисае низ ҷой дорад, ки ришва пешниҳод шудааст то ба ин роҳ ришвахор дастгир гардад, вале ин амали онҳо номуваффақ ба анҷом расида, ришвахор пулро гирифта ғайб задааст. Аз ҳама маблағи калоне, ки кормандони Агентӣ ошкор кардаанду тасдиқ шудааст, он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамкории мақомоти прокуратура бо Агентӣ хуб ба роҳ монда шудааст".

АЗ ГУНОҲАТ ГУЗАШТЕМ, ТОҶИКИСТОН ПЕШКАШ

Масъалаи асосие, ки қариб аксари рӯзноманигорон мехостанд ба он посух ёбанд, ин қазияи додгоҳии "Талко" ва тақдири минбаъдаи Абдуқодир Эрматов, раиси собиқи корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ва раиси ширкати "Ансол" Аваз Назаров маҳсуб меёфт. Бобоҷон Бобохонов ба пурсиши хабарнигори "Азия- плюс" дар ин маврид гуфт; "чун миёни "Талко" ва ҳарифони додгоҳии он Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров дар додгоҳи Лондон мувофиқа ва мусолиҳа ба даст омад, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Эрматов ва Назаров қатъ карда шуд. Акнун Эрматов ва Назаров метавонанд озодона ба Тоҷиикистон биёянд, ин ҷо корҳои хешро анҷом бидиҳанд, онҳо дигар озод ҳастанд, гумонбаршуда нестанд."

БОБОХОНОВ БА НАФАҚА МЕРАВАД?

Ба суъоли хабанигори "Ни¬гоҳ" дар мавриди он ки оё прокурори генералӣ дар андешаи ба нафақа рафтан ҳаст ва агар бознишаста шавад ба чӣ кор машғул мешавад, Бобоҷон Бобохонов гуфт; "омодааст ҳа¬мин рӯз ба нафақа барояд ва бекор нахоҳад монд. Ман далелу бурҳони зиёд дар даст дорам, таҷрибаам ҳам зиёд аст, мешинаму китоб менависам".

P.S. Агар чунин амал сурат бигирад "Миллат" омода аст, китоби хотироти додситони кул Бобоҷон Бобохоновро дар саҳафоти хеш ба нашр расонад. Аммо ин баъд аст, ҳоло чашм ба ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумат медӯзем ва натиҷаи онро интизор мешавем.


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97